ТИРАМОҲИ ЗАРРИН

ё худ фасли «тиллои сафед»

ё худ фасли «тиллои сафед»
Фасли тирамоҳ фаро расид. Дар ин вақт  пахта мешукуфанд. Деҳқону фермерҳо тамоми чорабиниҳои агротехникиро сари вақт ба иҷро расонда, аз майдонҳо ҳосилро меғундоранд.
Мо аз роҳбари ҷавони хоҷагии фермерии «Султонбой»-и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё Султонбой Султонов оиди давраи ниҳоии парвариши пахта пурсон шудем.
– Парвариши пахта аз ҳар як деҳқону фермер эътибору меҳнати зиёдро талаб мекунад. Аз ҷумла, ҳоло дар як ниҳол 10-15 дона ғӯза мавҷуд аст. Албатта, барои пурра расидану кушода шудани ғӯзаҳои пахта бояд ба пахтазор мунтазам об монд, вале заминро аз ҳад зиёд заҳ кардан даркор нест. Зеро намии бисёр ба ҳосили пахта зарар мерасонад. Дар ҳосилбандии пахта нақши чеканка мавқеи алоҳида дорад. Баъди чеканка растанӣ аз сабзиш бозистода, бештар ҳосил мебандад. Бобати эҳтиёт кардани ғӯза аз зараркунандаҳо аз обуҳавои мусоид, воситаҳои гуногуни биологӣ бояд сари вақт истифода бурд. Дар натиҷа пеши роҳи паҳн шудани кирми ғӯза гирифта мешавад. Мо 21 сол боз фермер ҳастем, бо ҳамин усул пахтаро парвариш мекунем. Ҳоло аз 148 гектар замин 63 гектар пахтазор, майдони боқимонда ғалла мебошад, – мегӯяд Султонбой Султонов.
– Чорабинии муҳими дигар ин дефолятсияи ниҳолҳо мебошад. Чун 65-70 фоизи ғӯза мешукуфад, бо мардуми деҳа ба ҳашари ғун кардани «тиллои сафед» камар мебандем. Нақшаи давлатии мо 190 тонна буда, кӯшиш мекунем, супоришро барзиёд иҷро кунем. 
Дарвоқеъ, дар ноҳияи Сайҳунобод солҳои дароз аст, ки асосан навъи пахтаи «Султон» кишт карда мешавад, ки ҳосили дилхоҳ медиҳад. Соли ҷорӣ низ дар зиёда аз 8 ҳазор гектар замини хоҷагиҳои фермерӣ навъи мазкур кишт карда шудааст. Дар майдонҳои боқимонда навъҳои «Андиҷон-36», «Боёвут» ва «Наврӯз»-и пахта кишт карда мешавад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: