«ТО ДАСТ БА ИТТИФОҚ БАР ҲАМ НАЗАНЕМ...»

Тақдир ӯро, баъди хатми мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 38-уми ноҳияи Нурато, ба Ангреншаҳр овард.

Ба факултаи методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи омӯзгорӣ бо грант дохил шуд.
— Чаҳор соли таҳсил дар донишкада, сабақ аз устодони донишманд Фарҳоди Исомиддин, Малик Кабиров, Баҳриддин Муҳиддинов, — мегӯяд қаҳрамони мо Машраб Мирзоев, — чашмамро ба олами сарфу наҳви тоҷикӣ, методикаи таълим, дунёи зебои шеър, одоби муошират ба дигарон кушод. Амиқ дарк намудам, ки омӯзиш заҳмати бетанаффус аст. Борҳо устодонам таъкид менамуданд, ки дунёи илму маърифат сарҳад надорад. Инсон бояд аз гаҳвора то қабр дониш омӯзад.
Яке аз пайвандонам, бародари модарам — шодравон Акабой Додоев китобхонаи бой дошт. Ӯ дар афзудани меҳрам ба китоб саҳм гузоштааст. Ҳар боре, ки ба хонааш мерафтам, китоберо барои хондан тавсия менамуду баъди мутолиа дархост мекард, ки мазмуну мундариҷаашро нақл кунам. Осори устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва ҳамсафони онҳо китобҳои рӯйимизиам буданд. Устодон маслиҳат медоданд, ки беҳтарин абёти шоирони классику муосирро аз бар намоем. Дар баробари китоби шеъри шоирони классик, дафтарҳои шеърии Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Абдулло Субҳон, Паймон, ҳамеша бо ман буданду ҳастанд. Аз ашъори мондагори Абдулло Субҳон хушам меояд.
Машраб дар донишкада аз донишҷӯёни фаъол буд. Дар чорабиниҳои адабӣ ва фарҳангӣ муттасил иштирок мекард. Баъди хатми донишкада кор дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри номбурда чашми дили ӯро боз намуданд. Зеро, вақти ба амал татбиқ намудани илмҳои андӯхтааш фаро расида буд. Амиқ дарк намуд, ки роҳи ба фаҳми донишомӯзон расондани илм печухамиҳо дорад. Шаш сол дар синфҳои ибтидоии мактабҳои шаҳр ба булбулакони боғи дониш сабақ омӯхт.
Дертар ӯро, бо назардошти қобилияти ташкилотчигӣ, дар мактаби рақами 3-юми шаҳри Ангрен ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият таъин намуданд. Соле чанд ба сифати сарметодисти шуъбаи таълими халқи шаҳр ифои вазифа кард. Аз соли 2013 то соли 2017, бино ба тавсияи шуъбаи таълими халқи шаҳр, дар мактаби калонтарини рақами 10-ум вазифаи мудири қисми илмиро дар ӯҳда дошт.
Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор 
баҳра бигир, 
Ки баҳри дафъи ҳаводис 
туро ба кор ояд.
Дар мактаби номбурда омӯзгорони собиқадор ва донишманд Абдуқодир Ашуров, Каромат Қӯшматова, Шамсиддин Ҳасанов ва Насриддин Набиевҳо ба ин ҷавони серғайрат ва чашмикордон аз наздик кумак расонданд. Машраб ҳар як чорабиниро бо  маслиҳати пирони кор роҳандозӣ мекард. Ин буд, ки бино ба талаби замон технологияи нави педагогӣ ба мактаб роҳ ёфт, хонандагони мактаб дар озмуну олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд...
Боре ба Машраб савол додам: «Машрабҷон, чунин мешавад, ки баъзан нотавонбинон садди роҳи инсонҳои пешқадам мешаванд. Оё дар тӯли кор дар мактабҳо ба нотавонбинон рӯ ба рӯ шудаӣ?» Ӯ муддате хомӯш монду бо шоҳбайте ҷавоб гуфт:
Ҳар кӣ моро ёд кард, 
Эзид мар ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, 
аз умр бархурдор бод.
Соли 2017 омӯзгорони мактаби мо дархост намуданд, ки Машраб вазифаи директориро ба ӯҳда гирад. Дар ёду хаёлаш набуд, вале меҳри зодгоҳ дар дилаш рӯ зад, хост ба пешрафти мактабе, ки худ рӯзгоре дар он таҳсил кардааст, саҳм гузорад. 
Ӯ ва дигар нафарони номзад ба директориро дар шуъбаи таълими халқи ноҳия ва садорати таълими халқи вилоят аз санҷиш гузаронданд. Дар байни онҳо Машраб бо дониш, таҷрибаи корӣ ва ҷаҳонбиниаш ғолиб омад. Вай дар шуъбаи таълими халқи вилоят бо қатъият гуфт, ки ба мақсади ҷорӣ кардани технологияи нави замонавӣ дар мактаб ин вазифаи пурмасъулиятро ба дӯш гирифтанист. Ин буд, ки номзадии ӯ гузашт.
Тӯли чор соли кору фаъолият низоми кор дар мактаб хеле тағйир ёфт. Донишомӯзони синфҳои IX, X ва XI дар озмун ва олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ иштирок карда, сазовори дипломҳои дараҷаи I, II ва III гардиданд, қисми зиёди омӯзгорон такмили малака карданд, теъдоди хонандаҳое, ки баъди хатми мактаб ба муассисаҳои таълими олӣ ва дигар таълимгоҳҳо дохил шуданд, ба маротиб афзуд. 
— Вақте ба кор шурӯъ кардам, — мегӯяд директори чашмикордон Машраб Мирзоев, — майдони варзишии таълимгоҳ хароб буд. Бо роҳи ҳашар онро ба тартиб даровардем. Намуди зоҳирӣ ва дохилии китобхона анборхонаро ба ёд меовард. Маблағ пайдо карда китобхонаро аз дасти таъмир баровардем. Дар китобхона китобҳои тоҷикӣ кам буданд. Омӯзгорони маърифатпарвар Олим Алибоев, Парвин Холиқов ва каминаву дигарон аз китобхонаи шахсии худ 500 дона китоби бадеиро ба мактаб ройгон туҳфа карданд. Кош, сафи чунин зиёиён ва инсонҳои хайрхоҳ зиёд мешуд.
Бояд мо — омӯзгорон усулҳои ба неруи хотираи хонандагон афзуданро пайдо кунем. Давлат чаро сол аз сол маоши омӯзгоронро зиёд мекунад? Зеро рушди давлату ҷамъият ба инсонҳои соҳибмаърифат вобаста аст. Инсонҳои соҳибмаърифатро бошад, мактабҳо тайёр мекунанд. Роҳбари мамлакат дуруст таъкид кард, ки Эҳёи сеюм аз мактаб оғоз меёбад. 
Дар оғози кор ба мактаб кадрҳо намерасиданд. Бо роҳи озмун аз Нурато, Навоӣ ва вилояти Бухоро омӯзгорони фанни забони англисӣ ва технологияро даъват намуда, бо ҷойи иқомат таъмин намудем. Имрӯз мактаб ба омӯзгорони фанҳои география, кимиё, физика, мусиқӣ ва санъати тасвирӣ ниёз дорад.
Қаҳрамони моро коғазбозӣ ва сохтакориҳои баъзе роҳбарони соҳа, ки гоҳо ба боло барои ҳисобот маълумоти беасосро пешниҳод менамоянд, ба танг меоварад. Боре дар мавриди таъмири мактаб бо ҳокими собиқи ноҳия рӯйирост ба баҳс гузашт. Гуфт: «Муҳтарам ҳоким, шумо ба таъмири хонаи ман пул ҷудо намекунед, ба ҳисоботи зердастонатон бовар накунед, худ рафта вазъи мактабро аз назар гузаронед. Ва агар на, маҷбурам, ки ба ҷойи дахлдор муроҷиат намоям». На ҳар директор дар суҳбат бо ҳоким чунин рафтор мекунад.  Вале он баҳс бо ҳоким барои ӯ гарон афтод. Ӯро бо корсозиҳо аз вазифааш сабукдӯш карданд. Вале халқ беҳуда нагуфта будааст: «Поёни шаби сияҳ сафед аст» ё «Ҳақиқат хаму қат мешавад, вале намешиканад». Дар шароити имрӯз инсоне, ки ҳалол аст ва аз таҳти дил ба хидмати халқ камар бастааст, бешак, дар «набард»-ҳо пирӯз меояд... 
Баъди пирӯзӣ ҷамоае, ки бо ӯ унс гирифта буд, нафаси сабук кашид, пояҳои бовариаш ба имрӯзу фардои дурахшони мамлакат устувор шуд.
Қаҳрамони мо дар роҳи омӯзондани асосҳои фан ба толибилмон ва ҷорӣ кардани технологияи нави замонавӣ дар мактаб ба ҷамоаи аҳлу тифоқ такя дорад. Бале, «Дӯст аҳл бошад, кор саҳл аст». Ё тавре ки Умари Хайём фармудааст:
То даст ба иттифоқ 
бар ҳам назанем,
Пойе ба нишот бар сари 
ғам назанем.
Хезему даме занем пеш 
аз дами субҳ.
К-ин субҳ басе дамад, 
ки мо дам назанем.
Пешрафт дар роҳи манфиати халқ маънои аз як гиребон сар бароварданро дорад.

Иззатулло  АЛИБОЕВ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби таълими ҳамагонии рақами 38-уми ноҳияи Нурато.

  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: