ТО ҶАВОНИЮ ТАНДУРУСТӢ ҲАСТ

Ниҳоят таътили мактаббачагон оғоз ёфт.

Чӣ бояд кард, ки истироҳат ҳам бофароғат бошаду ҳам фоидабахш?
Мо барои ба ин пурсиш ҷавоб ёфтан бо сардори Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд Рустам ЮЛДОШЕВ суҳбат оростем.
– Ҳоло дар қаламрави Самарқанд 1228-то муассисаи таълимӣ арзи вуҷуд карда, аз онҳо 9-тояш мактаб-интернати махсус, 2-то хонаи меҳрубонӣ ва 17-то маркази бачагонаи «Авлоди баркамол» мебошанд, – гуфт Рустам Бобоёрович, – дар 1209 мактаби Самарқанд 611 ҳазору 399 нафар хонанда сабақ мегиранд. Ба онҳо беш аз 46 ҳазор нафар устодон аз фанҳои гуногун дарс медиҳанд.
– Рустам Бобоёрович, имсол таътили толибилмон чӣ гуна ташкил ёфтааст?
– Дар ҳудуди вилоят 78-то истироҳатгоҳи тобистона, аз он ҷумла 23-тои онҳо доимӣ ва 55-тояшон  рӯзона фаъолият мебаранд. Дар онҳо таътили самарабахши 21 ҳазору 130 нафар мактаббачагон пешбинӣ шудааст.
– Аҷиб, магар ин нишондод кам нест?
– Мушоҳидаи шумо дуруст. Ҳоло имкониятамон ҳамин қадар. Маҳфилҳои гуногун ва сексияҳои варзишӣ низ ҳастанд. Ғайр аз он тарғибу ташвиқоти китобхониро хуб ба роҳ мондем. Толибаи синфи 10-уми мактаби рақами 17-уми ноҳияи Нарпай Моҳинисо Шомуродова дар озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон» беҳтарин дониста шуд ва бо туҳфаи Президент – автомошини «Спарк» тақдир гардид, ки боиси ифтихори мост. Дар гузару истироҳатгоҳ озмунҳои китобхонҳо ташкил кардем. 
– Лекин барои таъмири бинои мактабҳо дар баъзе ҷойҳо аз волидайн гирифтани маблағ ба гӯш мерасад...
– Аз рӯйи адолат гирем, таъмир ва бозсозии тамоми иншоотҳои садорати таълими халқ аз ҷониби давлат пардохта мешавад. Агар баъзе падару модарон ба тарзи ихтиёрӣ дасти саховат кушоянд, нур болои нур аст. Лекин кадом сарвари таълимгоҳ худсарона бо баҳонаҳои таъмир, ободонӣ ва ғайра тамаъгарона аз хонандагон ва волидайни онҳо маблағ пурсад, бешубҳа дар назди қонун ҷавоб медиҳад.
– Имсол чанд нафар хурдтаракон ба остонаи мактаб қадам мегузоранд ва таъминот бо китобҳои дарсӣ чӣ хел мешавад?
– То имрӯз 79 ҳазору 719 нафар булбулакони боғи дониш ба саводомӯзӣ тайёрӣ мебинанд. Ба ҳамаи онҳо ҷузвдон ва китобҳои дарсӣ аз ҷониби Президент ройгон пешкаш хоҳад шуд. Инчунин дар соли хониши 2018-2019 барои синфҳои 1-11-уми мактабҳои миёна 297 номгӯ 407 миллиону 3634 нусха китобҳои дарсӣ дар асоси шартнома тақсим карда мешавад.
– Дар вилоят чанд мактаби тоҷикӣ вуҷуд дорад ва қабул ба забони тоҷикӣ чӣ гуна ҷараён мегирад?
– Дар Самарқанд қариб 40 мактаби таҳсилашон ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ҳаст. Аммо чӣ ҷойи руст кардан аст, ки сол то сол қабул ба мактабҳои тоҷикӣ коҳиш меёбад. Шумо дар нишасти матбуотие, ки чанде пеш дар мактаби рақами 37-уми шаҳр баргузор шуд, дар ин масъала садорати таълими халқи вилоятро гунаҳкор ҳисобидед, ки аз рӯйи адолат нест. Ҳар як падару модар барои ба кадом забон таҳсил гирифтани фарзандаш соҳибихтиёр аст. Такрор мекунам, агар ягон директори мактаб ба ин масъалаи миллӣ аз паси панҷа нигарад ва бефарқ бошад, мо ба ҷазо додан ва ҳатто аз вазифа сабукдӯш кардан тайёр ҳастем.
– Рустам Бобоёрович, нақшаҳои оянда аз чӣ иборат аст?
– Ба соли хониши нав тайёрӣ дида мешавад, комиссияи махсус корҳои таъмиру тармими муассисаҳои таълимиро назорат мекунад. Инчунин, ходимони мо бо ташкилотҳои гуногуни масъул як-як ба истироҳатгоҳи бачагона рафта, кӯмаки беғаразона мерасонанд, ки таътил хушу пурсамар ва фоидабахшу хотирнишин гузарад. Зеро бузургон гуфтаанд:
То ҷавонию тандурустӣ ҳаст,
Ояд асбоби ҳар мурод ба даст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: