ТО КИ МУҲИТИ МО ПОКИЗА БОШАД

Гоҳе дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ё худ пайроҳаҳои гузару деҳ гаштугузор намуда, ба атрофу акноф назар меафканем. Мебинем, ки роҳиён партовҳои гуногунро ба ҷойи дилхоҳ афкандаанд.

Дар баъзе ҷойҳо, бахусус атрофи хонаҳои бисёрошёна, бозорҳои шаҳр, гӯё умре ҳашар, корҳои тозакунӣ амалӣ нашудаанд. Атроф партовгоҳро мемонад. Хуб мешуд, агар одамон баҳри тозагии атроф, муҳити зист камари ҳиммат банданд. Муташаккилона ҳашар гузаронанд. Охир, ин анъана дар мо асрҳо инҷониб идома дорад.

Маълумотҳо собит менамоянд, ки дар як қатор давлатҳои мутараққии дунё маҳз  туфайли риоя намудан ба тозагии атроф ва муҳити зист мардум ба муваффақиятҳои калон ноил шудаанд. Мегӯянд, ки дар Сингапур ба шаҳрвандон  барои ба тозагӣ риоя накардан ва олудасозии муҳит  ҷазоҳои сахт муқаррар карда шудааст.

Ҷопониҳо ба атроф ҳатто коғазпора намепартоянд. Ҳар як ашё барои онҳо  ҷойи худ ва қадру қимат  дорад.

Чандин сол боз бо ташаббуси Президент корхонаи воҳиди «Тоза ҳудуд» таъсис ёфт ва техникаи махсус дар минтақаҳо барои ҳифзи муҳити зист масъуланд. Дар маҳалҳо партовҳои аз хоҷагии аҳолӣ ҳосилшударо ғундошта, ба майдонҳои махсус мекашонанд. Дар он ҷо партовҳоро аз нав коркард мекунанд.

Бо вуҷуди ин то ҳанӯз маданияти экологии мардуми мо ташаккул наёфтааст. Вагарна атрофу акнофи мо то ба ин дараҷа нотоза намебуд.

Ба наздикӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Ҷиззах Улуғбек Мустафоев корро аз дидани маҳаллаҳои шаҳри Ҷиззах, ноҳияҳои Шароф Рашидов  ва Зарбдор оғоз намуд. Табиист, ки дар давоми сафар чашмаш ба чандин партовгоҳи сунъӣ афтод. Чунончӣ, ҳангоми боздид аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 32-юми ноҳияи Шароф Рашидов шоҳиди дар наздикии биноҳои истиқоматӣ мавҷуд будани партовҳо гардид. Вобаста ба ин ва боз чанд масъалаи дигар ба ҳокими ноҳия Маҳмуд Холбӯтаев супоришҳои мушаххас дод.

Улуғбек Мустафоев бозорҳои шаҳрро аз назар гузаронида, ба мутасаддиён гуфт, ки растаҳои бозорро ба тартиб дароранд, ба тозагӣ риоя намоянд.

Ё ин ки зимни сафар ба ноҳияи Зарбдор шоҳиди он шуд, ки қабристони «Кӯкча», воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи Янгикент дар ҳоли ҳузновар қарор дорад. Ба ободонӣ ва тозагии минбаъдаи он  масъулонро вазифадор кард.

Аз дафтари матбуоти Садорати экологияи вилоят иттилоъ доданд, дар давоми «Даҳрӯзаи зарбдор», ки саросари ҷумҳурӣ аз 25 декабри соли 2024 то 5 январи соли ҷорӣ идома дошт, якчанд тадбир тарҳрезӣ ва амалӣ гардиданд.

Ба наздикӣ бо ташаббуси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Eko-house» ҳашари экологӣ гузаронида шуд. Ба ин ҳашар, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои «Заргарлик», «Кимёгар», «Халқобод»-и шаҳри Ҷиззах гузашт, техникаҳои махсуси корхонаи «Тоза ҳудуд» ҷалб карда шуданд.

Ғайр аз ин, эколог-журналистон дар якчанд муассисаи таълимӣ дарсҳои экологӣ гузарониданд. Хароҷоти ин корҳои тарғиботиро Агентии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ ба ӯҳда гирифтааст.

Хулоса, баробари ходимони идораҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳизби ҳамном ҳар яки мо низ бояд барои тозагии атрофу акнофи худ масъул бошем.

Анорбой Назаров,

вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: