Сарвари давлатамон дар баромадҳои худ оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об ҳарф зада, таъкид мекунанд, ки он ҳоло ба муаммоҳои экологӣ табдил ёфтааст.
Мардуми мо обро муқаддас мешуморанд ва бисёр анъанаҳои ҳусни эҳтиром ба ин муъҷизаи табиатро пос медоранд.
Раҳматӣ модаркалонам Саодатбибӣ «об омад, ҷон омад!» мегуфтанд.
Дарғам чӣ маъно
дорад?
Рӯди Зарафшон, ки аз кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма гирифта, аз шафати Самарқанд мегузараду дар минтақаи Даҳбед ба ду шоха – Оқдарё ва Қародарё тақсим мешавад, ноҳияҳои вилояти Самарқандро то Бухорои Шариф шодоб мекунад.
Вале мо боз як рӯди ҳаётбахш дорем, ки он наҳри Дарғам аст.
Санаи бунёди он маълум нест, аммо дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ қайд кардаанд, ки дар асри 5-уми солшумории милодӣ дар минтақаи Сарварағ, ҳоло Равотхоҷа тавассути сарбанд як қисми оби рӯди Зарафшон маҷрои нав гирифтааст. Бо гузашти айём канали бараш шаш метр ва ҷуқуриаш як метр ба рӯди сероб табдил ёфта, онро Дарғам номгузорӣ кардаанд. Ба қавли бостоншиноси машҳур, академик Бартолд Дарғам калимаи суғдӣ буда, маънояш сероб аст.
Нохалафони он замон хостаанд сарбандро вайрон карда, як гӯшаи Самарқандро ба саҳро табдил диҳанд, аммо диловарони шердили суғдӣ душманони нотавони ҳасудхӯри хешро маҳв кардаанд. Аз ин хусус дар асари «Таърихи Табария» муфассал навиштаанд.
Дар асри XII-ум Чингизхони таҷовузкор тавонист дар Афросиёб ба муроди дил расад, вай рӯдҳои обёриро вайрон кард.
Дар фасли тобистон оби дарёи Дарғам афзуда, ба мардум ғаму андӯҳ меовард, бино бар ин номи онро тағйир дода «дари ғам» низ мегуфтанд ва бо фатвои ақидапарастон ба рӯди серобу саркаш ҷонваронро чун қурбонӣ мепартофтанд.
Пас аз ба кишвари мо омадани русҳо губернияи Туркистон дар Равотхоҷа сарбанди обтақсимкунандаи дарозиаш 178 метрро сохт, то шаҳри Самарқанд ва атрофи он беҳтару бештар обёрӣ гардад.
Ҳоло наҳри Дарғам ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Пасдарғаму Иштихон ва Каттақӯрғонро бо оби ҳаётбахш таъмин мекунад.
Соли 1940 обанбори Каттақӯрғон бунёд гардид. Фаслҳои тирамоҳ ва зимистон оби Дарғам дар он ҷо ҷамъ шуда, барои обёрӣ хидмат мекунад.
САРФАКОРӢ –
ТАҚОЗОИ ЗАМОН
Солҳои охир талабот ба оби ошомиданӣ афзуд, зеро муаммоҳои экологӣ ба миён омаданд. Бинобар ҳамин ба истифодаи босамар ва ҳифзи захираҳои об диққату эътибори хоса зоҳир карда мешавад. Яке аз роҳҳои пурсамару фоидабахши истифода аз об обёрӣ ба тарзи қатравӣ аст. Ҳоло дар вилояти Самарқанд бо ин роҳ қариб 50 ҳазор гектар замин обёрӣ карда мешавад. Дар ноҳияҳои Ҷомбой, Пахтачӣ, Самарқанд, Тайлоқ ва ғайра ин тарзи обёрӣ роҳандозӣ шудааст. Солҳои охир бо ташаббус ва ҷонибдории сарвари давлат ба тозагӣ ва беҳдошти рӯд ва ҷӯйборҳо диққату эътибори хоса дода мешавад. Бо вуҷуди он баъзан шахсони бепарво ҷӯй ва каналҳои обро ба партовгоҳ табдил медиҳанд, ки хеле таассуфовар аст.
Мавлавӣ дар «Маснавӣ» мефармояд:
То кунун кардӣ чунин,
акнун макун,
Тира кардӣ обро афзун макун.
Бармашӯрон, то шавад ин
об соф,
В-андар ӯ бин моҳу ахтар
дар тавоф.
З-он ки мардум ҳаст ҳамчун
оби ҷӯ,
Чун шавад тира, набинӣ қаъри ӯ...
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.