ТО МЕДАЛИ ТИЛЛО ЯК ҚАДАМ...

Ду нафар самбочии самарқандӣ аз чемпионати ҷаҳон бо медалҳои нуқра баргаштанд.

Чемпионати 42-юми самбо дар байни мардҳо ва занҳо, инчунин самбои ҷангӣ дар байни мардҳо дар шаҳри Бухарести Руминия барпо гашт.
– Ду медали нуқра ва як биринҷӣ – чунин аст натиҷаи иштироки ҷамоаи самбочиёни Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон, – гуфт мураббии калони дастаи самбочизанҳои вилоят Ҷавҳар Ҷабборов. – Бояд қайд намуд, ки ҳиссаи самбочиёни Самарқанд дар муваффақияти ӯзбекистониҳо калон аст. Намояндагони вилояти мо – Нодира Гулова (дар вазни то 48 килограмм) дар қувваозмоии самбочиён ва Ҳакимҷон Исмоилов (то 100 кг.) дар самбои ҷангӣ ҳамаи рақибонашонро мағлуб намуда, дар зинаи финал мағлуб шуданд ва соҳиби медали нуқра гардиданд.
Бекзод Нурматов (то 90 килограмм) дар самбои ҷангӣ ба ҳисоби ҷамоаи Ӯзбекистон медали биринҷиро зам кард.
Бояд гуфт ин чемпионат, ки дар бахшида ба ҷашни 80-солагии самбо баргузор шуд, ғайр аз медалҳо барои ҷойи якум 3000, дуюм – 2000 ва саввум 1500 доллари ИМА мукофотпулӣ супурда шуд.


МУСОБИҚАИ ХОТИРАВӢ
Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши «Ёшлик»-и Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд бахшида ба хотираи Мураббии хизматнишондодаи Ӯзбекистон аз рӯйи намуди акробатика Н. И. Лакиза турнири байналхалқӣ шуда гузашт. Дар он қариб 150 нафар варзишгарони мамлакатҳои Русия, Қазоқистон, Эрон ва Ӯзбекистон қувва озмуданд.
Дар мусобиқа варзишгарони Самарқанд низ фаъол баромад карданд. Дар қувваозмоии дунафараи писарона Ҷ.Умаров ва К.Баҳодуров ва дар баҳси дукасаи духтарона П.Ҷумъаева ва Ш.Ҷумъаева ҷойҳои дуюмро гирифтанд. 
Дар машқи чаҳорнафараи писарона Т.Облоқулов,У.Қувондиқов, С.Ҳомидов ва И.Урунбоев ҷойи дуюм, дар баҳси секасаи духтарона Х.Темирова, Д.Турсунова ва А.Муртазоева ҷойи сеюмро ишғол намуданд. 
Варзишгаронамонро ба мусобиқа мураббӣ Х.Ҷӯраев омода кардааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: