Мақсад ва мазмуни асосии ҳаёти оилавӣ тарбияи фарзанд ба шумор меравад.
Тарбия бошад, ҷараёнест, ки фарзандро ба ҳаёти мустақил омода месозад. Аммо имрӯзҳо баъзе падару модарон на ба тарбияи ахлоқиву маънавӣ, балки бисёртар ба бекаму кост хӯрондану пӯшондани фарзанд эътибор доданро дар навбати аввал мегузоранд. Баъди ба дунё омадани фарзанд баробари навозиш ва парвариш бояд ба тарбияи дуруст, дониши баланд гирифтан ва инсони комил шудани ӯ эътибори ҷиддӣ дод.
Имрӯз баъзе падару модарон барои таъмини рӯзгор аз саҳар то шом меҳнат мекунанд ва ба сабаби он ки ба тарбияи кӯдакашон вақт надоранд, ӯро ба дасти кӯдакбон (доя) месупоранд ва фикр мекунанд, ки ҳамааш хуб мешавад.
Саволе ба миён меояд: Оё нигоҳбонии кӯдаки хурдсолро ба кӯдакбон супоридан дуруст аст? Оё ӯ чун модар хурдсолро парвариш карда метавонад? Волидон ба кӯдакбон чӣ гуна талабҳо мегузоранд?
Ба қарибӣ ба бинои серошёнаи мо оилаи ҷавоне кӯчида омад. Ҷавонзан аз ҳамсояҳо пурсидааст, ки барои ӯ кӯдакбон лозим аст, духтарчаи 1,5 солаашро ба ӯ супорида, бояд кор кунад.
Рӯзе бо ӯ, ки Шарофат ном доштааст, то истгоҳи автобус ҳамроҳ рафтем.
– Чаро кӯдаки хурдсолатро ба доя месупорӣ, оё ба ӯ боварӣ дорӣ?– пурсидам аз Шарофат.
– Маҷбур ҳастам. Барои харидани хона аз наздикон қарздор шудем. Ман бояд ба шавҳарам кӯмак расонам. Ба боғчаи бачагона муроҷиат кардам, гуфтанд, ки кӯдакат ҳоло хурд аст. Барои ҳамин ҳам ба ман доя лозим аст. Ду-се рӯз ӯро санҷида мебинам, мувофиқи талаб бошад, ба ҳамон нигоҳ карда музди корашро медиҳам,– гуфт Шарофат.
Аз як тараф ҷавонзан ҳақ, ӯ маҷбур аст, ки барои эҳтиёҷи зиндагӣ кор кунад, Аммо ӯ дарк намекунад, ки то сахтакак шудани норасидааш бояд худаш нигоҳубин кунад.
Кӯдакбон чӣ гуна бояд бошад?
Бо ин суол ба мутахассис-руҳшиносон муроҷиат кардем.
– Мутахассисон ба тарбияи кӯдакбон супоридани тифли ширхораро тавсия намедиҳанд. Ба фикри онҳо кӯдак то 3-солагӣ бояд бо модар ва наздиконаш бошад. Агар зарурат пайдо шавад, аввало кӯдакбони дорои таҷрибаи ҳаёт, 35-40 сола ва маълумоти тиббӣ доштаро интихоб кунад, чунки ҷисми кӯдак дар арафаи ривоҷёбист. Инчунин кӯдакбон бояд таҷрибаи педагогӣ, психологӣ дошта бошад, омода кардани хӯрокҳои гуногунро донад. Дар ин давр кӯдак хоҳишу талабҳояшро ифода карда наметавонад. Меҳрубонӣ, ширинсуханӣ ва муносибати дӯстонаро кӯдак аввало аз тарбиятгар меомӯзад.
Тифл гавҳарест беолоиш, нозук ва аз ҳамаи нақшу суратҳо холӣ. Ӯро ба кадом сӯ раҳнамун созем, ба ҳамон сӯ майл мекунад. Аз хурдӣ ба кӯдак омӯхтани хислатҳо хуб, аз қабили некӯкорӣ, меҳрубонӣ, дӯстӣ ва оилапарварӣ вазифаи ҳар як падару модар, тарбиятгар ва наздикони ӯ мебошад. Рӯзгоре момоёни мо пеш аз тифлашонро макондан ният кардаанд: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, кӯдакам инсони хуб, донишманду бузург шавад». Ниятҳои неки онҳо бо шир ба ҷисми кӯдак гузаштааст ва онҳо нотарс, ҷасур, боақлу доно ба воя расидаанд,– мегӯяд мутахассис-руҳшиноси коллеҷи касбу ҳунари нақлиёти Тошканд Шаҳноза Примова.
– Ба дасти кӯдакбон супорида, аз пайи кори худ рафтани модарони ҷавон сабабгори ҳодисаҳои нохуш шудааст. Кӯдакбонҳое ҳастанд, ки тарбияи фарзанди касро ҳамчун даромади оила дониста, ба ӯ хунукназарона рафтор мекунанд,– фикри худро баён намуд мутахассис-педагоги коллеҷи номбурда Нодира Шомуродова. – Тасаввур кунед, ҷавонзане дар аробача кӯдаки 1,5-2 соларо гирифта сайр мекард. Ногоҳ дугонаи деринаашро дид, онҳо то дер суҳбат карданд. Ҳаво каме сард, оби даҳону бинии кӯдак равон, тагаш тар шуд, шикамаш гурусна монд. Аммо кӯдакбон парвое надорад...
Ё мисоли дигар, кӯдакбон духтараки 4-5 соларо, ки нигоҳбониашро ба зимма гирифта буд, барои овардани нон мефиристад. Духтарак аз роҳи калони мошингард мегузашт, ногоҳ ӯро мошине зад...
Ба рӯй надодани чунин ҳодисаҳо кӣ кафолат медиҳад? Дар ҳар сурат модари ҷавон ҳамеша бояд ҳушёр бошад. Тарзи хӯрокхурӣ, гигиена, шину хез, ба даҳон андохтани ашёҳо, тару хушки латтаи кӯдак ба кӯдакбон вобаста аст. Кӯдакбони донову зирак рӯҳияти кӯдакро дарк карда метавонад. Ҳангоми машғулот ӯ аз китобҳои шавқовар, расмҳои ранга ва бозичаҳои гуногун истифода мебарад. Барои кӯдакони аз 3 то 6 сола кӯдакбони дорои маълумоти педагогӣ лозим аст, ӯ ҳангоми машғулотҳо бо кӯдак бояд кӯдаквор рафтор кунад, ба бача чун модар меҳрубон, ғамхор бошад, вақти хобондани ӯ навозишкорона алла гӯяд.
Дар гузашта ҳам оё дояҳо буданд?
Дар китоби қадимии «Авесто» оварда шудааст, ки аҷдоди мо ба ҷисмонан солим ва донову боақл тарбия ёфтани фарзандашон эътибори ҷиддӣ додаанд. «Авесто» тӯли асрҳо ба ҷавонон хулқу одоби хуб, амалҳои нек, ватанпарвариву инсондӯстиро омӯхтааст. Дар гузашта низ ҳукмдорон барои тарбияи зурриёти худ ба як қатор масъалаҳои муҳим эътибор додаанд. Ба писарбачаҳо дар навбати аввал илму ҳунар, давлатдорӣ, сиёсат ва машқҳои ҳарбиро ба тарзи маҷбурӣ омӯзондаанд. Барои аз худ кардани амалҳои ба мардон хос – ҷасурӣ, далерӣ ва бузургӣ аз хурдӣ фарзандашонро ба тарбияи паҳлавони номдор ва дорои илму дониши баланди замонааш супурдаанд. Ба тарбияи писарбачаҳову духтарбачаҳо дояҳои алоҳида машғул шудаанд.
Дар достонҳои «Рустам ва Суҳроб», «Сиёвуш», «Бежан ва Гурозон»..., ки аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хонда будем, мебинем, ки маслиҳатгар ва ҳамрозу ҳаммаслаки маликаҳо на модаронашон, балки дояҳои онҳо будаанд. Маълум мешавад, ки дар тарбияи духтарбача дояҳо мавқеи алоҳида доштаанд. Омӯзондани хислатҳои ба худ хоси духтарон, одобу ахлоқ, нафосат, шарму ҳаё, илм, маърифат, касбу ҳунар, оиладорӣ, тарбияи фарзанд вазифаи дояҳои таҷрибанок ба шумор рафтааст.
Донишманде фармудааст: «Дузд, роҳзан, гиёҳманд ва хиёнаткорони имрӯза нафаронеанд, ки ба тарбияи дирӯзаашон эътибор надодаанд».
Ё худ подшоҳи мамлакате дуздӣ ва ғоратгарии писари ягонаашро дида, на модари ӯро, балки дояашро ҷазо медиҳад.
Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки аввало ҳар як фарзанд аз меҳру навозиш ва тарбияи волидони худ бебаҳра намонад.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».