ТО РАНҶ НАБАРӢ, ГАНҶ НАБАРДОРӢ

Чанде пеш устодамон Ҳикмат Султонзода гуфтанд, ки агар хоҳишмандҳо бошанд, пагоҳ якҷоя ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» мебарам.

Рости гап, мо аҳён-аҳён шумораҳои ин рӯзномаро мегирем. Азбаски донишҷӯ ҳастем ва бо шартнома таҳсил мегирем, бинобар ин дар обунаи он фаъол нестем. Лекин кадом шуморааш, ки ба дастамон расид, ҳатман мутолиа мекунем. Ҳамин буд, бо маслиҳати ҳамкурсон якчанд нафар рӯзи дигар бо устодамон озими идора гаштем. Дар роҳ устодамон «ман шумоҳоро хонаи қадимии бобову момоятон мебарам» гуфта монданд... 
Мо хуб медонистем, ки «Овози тоҷик» солҳои охир ба як маркази мадании халқи тоҷик табдил ёфтааст. Дар идора моро хеле гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд. 
Мо бо ҳар як ходими рӯзнома шинос шудем. 
Ин аввалин сафари мо, донишҷӯён ба идораи рӯзнома буд, ки ба мо бори нахуст суҳбати гарми аҳли эҷод насиб карда буд. Муҳаррири бахши адабиёт ва санъат Абдулло Субҳон қиссаи ба табъ расидани шеъри аввалинашро нақл кард.  Албатта, барои эҷодкор ин хушбахттарин лаҳзаҳо мебошад. Зеро барои ба дунё овардани як байт ва ё як порча шеър вай бисёр заҳматҳо кашидааст. Дуруст, инро ҳама ҳам намефаҳмад, аммо барои шоир ин аҳамият надорад. Барои ӯ танҳо як чиз зарур аст. Ин ҳам бошад зебоии дил аст. Мо аз суханони шоир Абдулло Субҳон ба ин гувоҳ шудем. Худи ҳамон замон аз рӯйи таклифи сармуҳаррир дар байни ҳамкурсон байтбарак ташкил гардид.   
Баъд аз суҳбати тӯлонӣ мо донишҷӯён бо ҷараёни кори рӯзнома шинос шудем. Дар вақти суҳбат ба ҳамин  чиз гувоҳ шудем, ки меҳнати онҳо хеле сахту сангин ва пурмасъулият аст. Шоҳид шудем, ки ҳамаи онҳо аз ин бори гарони меҳнати пурифтихор ҳеҷ ҳаросе надоранд. Ва дарун-дарун садое аз қалбамон ҷӯш мезад: Зиҳед, устодон! 
Вақти баргаштан ба ҳар якеамон аз китобҳои шахсии шоирону нависандагону журналистон туҳфаҳо доданд. Дар ин чанд соли охир ин гуна суҳбати хотирмонро шоҳид нашуда будем. Мо, шогирдон бо ҳамовозӣ мақсад кардем, ки минбаъд ба ин маскани илму зиё ва адабу ахлоқ зуд-зуд меоем.

Сабина ДАВРОНОВА, 
Моҳинур БОБОЕВА, 
Зебо САМИЕВА,
донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии ДДОЧ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: