Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо?
(ҲОФИЗ)
Шабҳо хобам намебарад. Гоҳе чун одами моргазида печутоб мехӯрам. Мегӯянд, ки моргазидаро хоб барад, гушнаро не, эҳтимол, гушнаву ташнаи маънавият ҳастем, ки ин ҳол моро тарк намекунад. Аз бепарвоии як идда ҳамзамонон умре изтироб мекашем...
Гоҳе худ ба худ меандешам, ки агар аз ҷодаи матбуот дур шаваму ягон пешаи дигарро соҳиб гардам, ман ҳам тақдири рӯзномаро батамом аз ёд мебароварда бошам?
Наход, дар рӯзномае, ки солҳои сол фаъолият намуда, ба қавле «нони ҳалол аз он хӯрдаам», носипосӣ зоҳир намоям?!
Бархе баъди гузашти як муддат рӯ ба рӯ омада мепурсанд: «Ҳоло ҳам дар рӯзнома кор мекунӣ?» ё худ «Рӯзнома баромада истодааст?», «Худаш дар рӯзнома чиҳо менависед?» Аз ин саволҳои бемантиқи онҳо ба риққат меоям. Дар дастам шумораи рӯзномаро дида мегӯянд: «Ба маҳалла як-ду нусха рӯзнома ба кӣ меояд, гӯям, ту мегирифтаӣ-да». Ба онҳо мегӯям: «Шумо ҳам метавонед ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шаведу мунтазам онро гирифта мутолиа намоед. Баъд дуруст мефаҳмед, ки аслан дар рӯзнома чиҳоро менависанд. Боз мепурсанд: «Кирои кор кардану сарсониҳоят фалон миқдор маош мегирифтагистӣ-дия?»
– Ҳа, Худо баракаашро диҳад музди меҳнати ҳар як бандаро, – маънидорона посух медиҳам ба онҳо.
Дар мактабҳои тоҷикӣ ҳам эътибор нисбат ба арзишҳои маънавӣ, рӯзномаву китобхонӣ чандон табъи дил нест. Ҳамеша баҳона пеш меоварданд, ки дар нақшаи обунаи шуъбаи таълими халқи ноҳия «Овози тоҷик» нест. Ё худ моро ба дигар рӯзномаҳо маҷбурӣ обуна мекунанд ва ҳоказо. Ҳоло бошад, ҳама хомӯш.
Баъзеи дигар одамон ҳамин ки рӯбарӯ оянд, «ман имсол ба рӯзнома обуна шудам», мегӯянд. Ин суханони онҳо касро хушҳол мегардонад. Аммо амиқтар андешем, ба рӯзномаи худ обуна шудан қарзи ҳар як фарди тоҷик аст. Гаронии нархи обуна, мураккабии забон ва боз омилҳои зиёдро мисол меоваранд. Холисона бигӯем, бар ивази айши чор нафар дар ягон тарабхона барои як ё ним сол ба рӯзнома обуна шудан мумкин аст.
Рӯзнома аз рӯйдодҳои дунё воқиф месозад. Аз қарору фармонҳои сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ маҳз тавассути рӯзнома хабардор мешавем. Саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат», «Рӯзи истироҳат», «Омӯзгор», «Ҷаҳони зан» матолиберо дарҷ мекунанд, ки онро мутолиа намуда, барои пули ба обуна пардохтаамон ҳеҷ гоҳ афсӯс намехӯрем.
Дар ҳар гуна вазъият мо бояд рӯзномаамонро дастгирӣ намоем. Дар саросари ҷумҳурӣ ба нашр расидани як рӯзномаи тоҷикӣ боиси ифтихори мост. Дар интиҳо умед мебандем, ки ҳар як фарди дилогоҳ нисбат ба рӯзномаи худ – «Овози тоҷик» беэътиноӣ зоҳир нанамуда, худ ва атрофиёнашро ба он обуна мекунонад. Беҳуда нагуфтаанд:
«То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст».
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах.