ТО ШАВАД ДУНЁ ПУР АЗ ОВОЗИ СУЛҲ

Ватанам – Ӯзбекистон барои ман чу модар азизу муътабар аст.

Зеро, маро чу фарзанди арҷманд ба камол расонд. Ман ҳамчун як намояндаи миллати тоҷик мефахрам, ки дар ҳамин кишвари офтобрӯ зиндагӣ мекунам. 
Солҳои истиқлол дар кишварамон ба ҳама соҳа, инчунин ба ҳамҷиҳатии  миллатҳо эътибори дучанд зоҳир карда шуд. Китобҳои дарсӣ бо забони модариамон аз чоп баромад ва ба мактабҳои миёна дастрас шуд. 
Ҳоло ман дар мактаби миёна бо забони тоҷикӣ таълим гирифта истодаам. Соли хониши ҷорӣ мактабро хатм менамоям. Орзу дорам ба мактаби олӣ дохил шуда, дар рушду ривоҷи кишвари азизам ҳиссаи худро гузорам. 
Дар ҳама давру замон масъалаи аз ҳама муҳим ин масъалаи  амният, тинҷиву осудагӣ мебошад. Имрӯз, ки мо дар асри XXI зиндагӣ дорем, бояд ба тағйиротҳои куллӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. 
Амният – ин ҳолати бехатари зиндагонии мо мебошад, ки ба сулҳу осоиштагӣ пойдевор аст. 
«Осмони кабуд ин рамзи осоиштагӣ, хотири ҷамъ гуфта буданд, бобоям – усто Холбой. Вақте, ки ба осмон назар меандозам, осмони соф, ҳаракати абрҳои барфмонанд, парвози паррандаҳоро мебинам. Ин аст тинҷиву хотириҷамъӣ.
Адибон дар бораи сулҳу амният асарҳои зиёде навиштаанд. Китобҳои бадеиро бисёр мехонам. Хаёлан бо қаҳрамонони асар суҳбат мекунам. Вақти мутолиа дар бораи рафти Ҷанги дуюми ҷаҳон, ятимон, эвокуатсияи бачагони гуногунмиллат ба Ӯзбекистон, ҳолати зисту зиндагониашон ва сад афсӯс, ки ҳолати бачагони дар зери майдонҳои муҳорибаҳои Сталинград, Украина, Полша мондаро тасаввур мекунам ва аз чашмонам ашк мерезад. Нотинҷие, ки ҳоло дар кураи замин давом дорад, ғамноку хатарнок аст. 
Ҳаминро дарк кардам, ки инсон дар куҷое, ки зиндагӣ кунад,  мехоҳад тинҷу осуда ҳаёт ба сар барад. 
Шоир чӣ зебо гуфтааст:
Месароям сулҳро дар 
сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз 
овози сулҳ.
Сулҳ чун хуршеди тобон 
ҳар саҳар,
Мешавад аз кишвари 
ман ҷилвагар.

Меҳрангез МАМАДҶОНОВА,
донишомӯзи синфи XI мактаби рақами
63-юми ноҳияи Попи  вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: