ТО СОЛИ 2050 ҚАРИБ 5 МИЛЛИАРД АҲОЛӢ БО НОРАСОИИ ОБ РӮ БА РӮ ХОҲАД ШУД

Дар айни замон 3,6 миллиард нафар аҳолии кураи Замин бо норасоии об рӯ ба рӯ шудаанд, ки то соли 2050 шумораи онҳо ба 5 миллиард нафар мерасад.

Дар ин хусус Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ иттилоъ додааст.

Соли 2023 соли дуюми талафоти зиёдтарини пиряхҳо дар ҷаҳон буд. Инчунин соли 2023 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ ба ҳисоб рафт.

Норасоии оби тоза дар олам ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Ин масъала таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.

Дар Африқо сатҳи об дар дарёҳои Нигер, Волта, Нил ва Конго ба таври назаррас кам шудааст. Дар баъзе минтақаҳои Россия ва Осиёи Марказӣ низ ин чиз мушоҳида шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар гузориш гуфта мешавад, ки тамоюлҳои манфӣ аз тамоюлҳои мусбат қавитар хоҳанд гашт, яъне таъмини оби зеризаминӣ тадриҷан коҳиш меёбад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: