Дар вилояти Фарғона ба истифодаи манбаъҳои нави энергия ва васеъ ҷорӣ намудани кашфиётҳои инноватсионии самти мазкур эътибори махсус дода мешавад.
Дар вилояти Фарғона ба истифодаи манбаъҳои нави энергия ва васеъ ҷорӣ намудани кашфиётҳои инноватсионии самти мазкур эътибори махсус дода мешавад.
Дар маҷрои рӯди Фарғонаи ҷанубии маҳаллаи Толмозори ноҳияи Қува сохтмони нерӯгоҳи барқи обии иқтидораш 300 кВт/соат анҷом ёфт. Иқтидори нави истеҳсолӣ имкон медиҳад аҳолӣ ва соҳаҳои истеҳсолот бо манбаи босифату арзони энергия таъмин шаванд.
Боз як навгонӣ: дар ҳудуди Мингчинори рӯди Фарғонаи шимолӣ нерӯгоҳи насосӣ бунёд меёбад, ки бидуни электр кор мекунад. Агар саҳеҳтар гӯем, ин осиёб аз ҳисоби мавҷи об ба ҳаракат меояд. Вай метавонад обро бо кӯмаки поршенҳои махсус то ба баландии 70 метр бардорад. Лоиҳае, ки дар ҳамкорӣ бо хоҷагии фермерии «Баҳор»-и ноҳияи Қува татбиқ мегардад, барои обёрии зироат, баланд бардоштани маҳсулнокии хок дар ҳудудҳои душвортаъмини васл ба манбаи қувваи электр имконият фароҳам меоварад. Ғайр аз ин бобати сохтмони ниругоҳи барқи обии кӯчак дар маҷрои дарёи Исфайрам, ки аз шаҳри Қувасой мегузарад, таклифҳо пешниҳод шуданд. Он ба истеҳсоли энергияи электрии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон дар маҷрои обҳои ҳаҷмашон кам мусоидат менамояд.
– Дар вилояти мо барои қонеъ гардонидани истеъмолгарон ба қувваи барқ аз тариқи коркарди манбаъҳои нави энергия имкониятҳои зиёд мавҷуданд, – мегӯяд профессори Донишкадаи политехникии Фарғона, доктори илмҳои техникӣ Сироҷиддин Эргашев. – Вале мо аз онҳо ба тарзи бояду шояд истифода намебарем. Танҳо дар шабакаҳои обёрии «Сирдарё – Сӯх» метавон зиёда аз 230 нерӯгоҳи кӯчаки барқи обӣ барои гирифтани энергияи нав бунёд кард. Ғайр аз ин баъди барқарор шудани фаъолияти нерӯгоҳҳои гидроэлектрии «Кудаш», «Водил», «Болтакӯл», «Қува», ки то солҳои панҷоҳуми асри гузашта амал мекарданд, метавон аз манбаъҳои нави энергетикӣ нерӯи барқ гирифт. Алҳол бобати такмил додани фаъолияти нерӯгоҳи гидроэлектрии «Кудаш»-и ноҳияи Ӯзбекистон иншооти нави иқтидораш 200 кВт/соат ба истифода дода шуд.
Воқеан, аз ҳисоби тадқиқоти амалии олимони мо миқёси кашфиётҳои илмие, ки ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд, вусъат пайдо мекунад. Бобати тайёр кардани истгоҳҳои офтобии электрӣ барои хоҷагиҳои фермерии моҳипарварӣ ва гармхонаҳо кор бурда мешавад.
Бинобар баланд бардоштани самаранокӣ ва дастгирӣ намудани лоиҳаҳои нав оид ба гирифтани энергияи нав нақши Маркази инноватсионии ҷавонони назди Вазорати рушди инноватсионӣ бузург мебошад. Мувофиқи ташаббуси он кори ба ҳаёт татбиқ сохтани 10 лоиҳаи пешомаднок оғоз ёфт.
Бояд таъкид намуд, ки алҳол танҳо ду фоизи тамоми нерӯи электрие, ки барои қонеъ сохтани талаботи аҳолии вилояти Фарғона хидмат мекунанд, ба ҳиссаи энергияи нав дахл дорад.
М. СУЛАЙМОНОВ, хабарнигори ӮзА.