ТОБИСТОН БОФАРОҒАТ МЕГУЗАРАД

Истироҳатгоҳи солимгардонии бачагонаи «Конструктор» дар гӯшаи хушманзараи ноҳияи Бӯстонлиқ ҷойгир аст.

Имрӯзҳо дар ин ҷо бачаҳо аз ҳудудҳои гуногуни кишвар таътили тобистонаи худро бофароғат мегузаронанд.
– Ба ташкили истироҳатгоҳ 50 сол пур мешавад. Соли 1968 ин маскан бо ташаббуси роҳбари Бюрои сохтмони давлатии конструктории ирригатсионӣ Вадим Муратов ташкил шудааст. Ҳоло ин масканро заводи «Тошкент қубур» ба тасарруфи худ гирифтааст, – таъкид намуд роҳбари истироҳатгоҳи мазкур Убайдулло Хайтметов. – Дар бастҳои пешина қариб дуюним ҳазор фарзандони ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ истироҳат намуданд. Имрӯзҳо дар басти панҷум 590 нафар бачаҳоро қабул кардем. Дар бастҳои 2, 3, 4 то 620 нафарӣ мактаббачагони вилоятҳои гуногун, дар басти якуму чорум аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 240 нафарӣ фарзандони меҳнаткашон истироҳат намуданд.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки имсол кори ободгардонии ҳудуд сари вақт гузаронида шуда, биноҳо пурра аз таъмир баромадаанд. Нуқтаи тиббиро бо асбобҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз намуданд. Баҳри таъмини бехатарӣ ускунаи назорати видеоӣ насб шудааст.
– Истироҳатгоҳ дар мавзеи хушҳаво, манзараи мафтункунанда воқеъ гардидааст. Барои ҳаматарафа ба камол расидани насли наврас тамоми шароит фароҳам мебошад, – мегӯяд тарбиятгар Насиба Раҳмонбердиева. – Хонаи маънавият, майдони варзиш, маҳфилҳои гуногун дар ихтиёри бачаҳо мебошад. Истироҳаткунандагон аз адабиёти бадеиву таълимии китобхонаи ин мавзеъ фаровон истифода мебаранд.
Озмунҳои варзишӣ, саёҳат ба кӯҳ, вохӯрӣ бо санъаткорони ҷавон, ки ин ҷо баргузор мегарданд, ба истироҳаткунандагон завқ мебахшанд.
– Соли сеюм аст, ки ман таътили тобистонаи худро дар ин истироҳатгоҳ мегузаронам, – мегӯяд Арсена Сусепина. – Ин ҷо дӯстони бисёр аз миллатҳои гуногун пайдо кардам. Махсусан, бо Гулрух Эрматова, Марина Сикунова ва Зуля Грибиева дӯст шудам. Гулҳои роҳрав, назди утоқи хоб ва пешгоҳи ошхона назаррабоянд. Ба он Барноапаи гулбон нигоҳубин мекунад. Вақти холӣ, ки ёфтем, бо дугонаҳоям назди он кас рафта номи гулҳо, парвариши онҳоро мепурсем. Баъзан дар обёрӣ кардан ба гулбон ёрӣ мерасонем. Ин кор ба мо завқ мебахшад.
Рӯзҳои моҳи охири тобистон низ мегузаранд. Фарзандони дар истироҳатгоҳҳо обутобёфта боз ба оғӯши волидайн ва баъди чанд муддат ба мактаби худ бо як олам таассурот бармегарданд.

Г. КАБИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: