ТОБИСТОНИ ХУРРАМИ БАЧАҲО

Дар ин рӯзҳои гармои тобистон ҳазорҳо мактаббачаҳои кишварамон дар истироҳатгоҳҳо таътили тобистонаи худро бо фароғат мегузаронанд.

Истироҳатгоҳи «Оқ тош»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд воқеъ буда, алҳол дар ин маскан бачаҳо аз пойтахт, Қароқалпоқистон ва вилояти Тошканд истироҳат доранд. 
– Кӯҳҳо, чашмаву ҷӯйҳои сероби ин гӯшаи зебоманзар назаррабоянд. Махсусан, вохӯриҳо бо адибону корчаллонҳо, ки онҳоро дар телевизор медидем ва дар бораашон дар рӯзномаҳо менависанд, хеле завқовар буд, – мегӯянд бачаҳо. – Қироати китоб ва тамошои филмҳо мароқангезанд. 
– Аз ҷониби маъмурияти истироҳатгоҳ барои китобхонӣ ва гузарондани сӯҳбат ҷойи махсуси шинам ташкил дода шудааст, – иброз дошт сармутахассиси Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи А.Навоӣ Мӯҳтарам Муратова. – Ҳангоми суҳбат доир ба мутафаккири бузург Алишери Навоӣ ва Китобхонаи миллие, ки номи ӯро додаанд, истироҳаткунандагон мароқ зоҳир намуда, ба ҳамаи саволҳои додашуда, аксар дуруст ҷавоб доданд. 
Ходимони маскани зиё филми ҳуҷҷатии оиди китобхонаро чун туҳфа ба истироҳатгоҳ супурданд. 
Маҳфилҳои гуногун барои пурмазмун гузаштани истироҳати бачаҳо мусоидат менамоянд. Хусусан, чорабинии ба Рӯзи ҷавонони Ӯзбекистон ташкилгардида хотирмон буд. Он рӯз ҳунармандону санъаткорон аз шаҳрҳои Тошканд, Чирчиқ ва Ғазалкент дар меҳмонии истироҳатгоҳ буда, бо ҳунару санъати худ кайфияти бачаҳоро шод гардонданд. 

Ф. ФАХРУДДИНОВА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: