ТОБИСТОНИ ХУРРАМИ НАВРАСОН

Ҳар як фасл хусусиятҳои худро дорад.

 Махсусан, тобистон фасли беҳтарин ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, он мавсими дӯстдоштаи наврасон, алалхусус мактаббачагон мебошад.
Ҳар сол баҳри хушу хотирмон гузаронидани таътили мактаббачагон ғамхорӣ зоҳир мегардад. Имсол низ барои он ки истироҳати мактаббачагон пурсамар паси сар гардад, ҳамаи шароити мавҷударо ба роҳ мондаанд. Дар ноҳияи Сариосиё ду оромгоҳи бачагона: яке бо номи «Сардор-Парвин» ва дигаре «Хонҷиза» амал менамояд, ки ҳар як маскани салқину хушҳаво буда, бар замми ин барои истироҳат ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 
Махсусан, имрӯзҳо дар оромгоҳи «Сардор-Парвин», ки он ҷо аз тамоми ноҳияҳои вилоят мактаббачагон баҳри истироҳат омадаанд, баҳри фароғаташон омодагиҳои хуб дидаанд. Чунончи, таъмин намудан бо хӯрокҳои серғизо, тармим гардонидани майдончаи варзишӣ ва ташкил додани ҳар гуна бозиҳои варзишӣ, барои шогирдони китобдӯст бошад, ташкил намудани маҳфилҳои китобдӯстон ба таври бояду шояд ба роҳ монда шудааст.
Ҳини суҳбат сарвари оромгоҳи «Сардор-Парвин» Ҳабибулло Зокиров оиди қабул, фароғати наврасон ба мо чунин гуфт:
– Чун ҳарсола дар оромгоҳи мо баҳри фароғати наврасон шароитҳои хуб ба роҳ монда шуд. Чунончи, пеш аз қабули истироҳаткунандагон оромгоҳ пурра аз таъмир баромад. Ниҳолу дарахтони серсояро ба тартиб оварондем. Сифати хӯрокро боз ҳам беҳтар гардонида, меъёри ратсиони онро низ аз нав дида баромадем.
Агар хулосаи гапро бигӯям, барои қабул ва фароғати мактаббачагон ягон муаммое садди роҳ намегардад.
Имрӯзҳо дар оромгоҳҳои бачагона зинаи савум оғоз ёфтааст. Умед ба он мебандем, ки падару модарон низ барои вақти холии фарзандонашро пурсамар гузаронидан саъю ҳаракат менамоянд ва онҳоро ба ин масканҳои ободу таътилӣ месупоранд. 

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: