ТОБУТИ МОДАР

Нақл мекунанд, ки нависанда Саид Аҳмад дар оғози фаъолияти эҷодӣ, барои он ки аввал паст ва баландиҳои рӯзгорро омӯхта, баъд воқеоти ҷолиби онро ба риштаи тасвир кашад, зуд-зуд ба сафарҳо баромада, ба рӯйдодҳои зиндагӣ аз наздик шинос мешуд.

 Чунончи, вай борҳо дар водии Фарғона, аз ҷумла, чӯлистонҳои нопайдоканори Ёзёвон шуда, ҳатто ғаму ташвишҳои азхудкунандагони заминҳои навкорамро ба ҳам дида, баъд ба эҷоди ҳикоя, қисса ва романҳо шурӯъ намудааст. Қаҳрамонҳои романи сегонаи «Уфуқ», дар ин қатор, одамҳои воқеианд...
Персонажи яке аз ҳикоёташ, ки Раҷаб ном дорад, дар заминҳои навкорам ронанда аст. Вай дар Ёзёвон дӯстони нав пайдо мекунад. Пиразанеро, ки писари ягонааш Неъмат дар фронт аст, барояш модар мехонад. Аз ҳолаш писарвор хабар гирифта меистад.
Зани солхӯрда, ки баъди ба ҷое расидани синнаш писардор шудааст, аз шавҳар (бинобар дар дарё ғарқ шудани ӯ) ҷудо шудааст. Кас, ки надорад, баъзан назди коргарзанони шӯху базлагӯ, ки асосан каналкобҳоянд, омада, ба онҳо суҳбат карда, андак сабук мешавад. Онҳо ба пиразан мегӯянд:
– Писаратон аз ҷанг ояд, киро келин мекунед?
– Духтари аз ҳама зебо ва боақли Ёзёвонро, – мегӯяд вай.
– Ман ба писаратон мерасам, – мегӯяд духтаре.
– Не, ман келин мешавам ба шумо, – дугонаи он духтар даст ба гардани пиразан ҳалқа мекунад.
– Духтарҷонҳо, хафа нашавед-ку, шумо ба оина менигаред ё не? Якетон пучуқ, дигаратон пахмоқмӯ.  Духтар қоида худро оро медиҳад, ҳар рӯз ба худаш менигарад. Бегоҳ ба хонаам оед, ҷурғот медиҳам, саратона нағзакак шӯед. Ӯсма коридаам, ба абрӯтон молед.
– Хуб, меравем, – мегӯянд духтарҳои шӯх чуғур-чуғуркунон.
Пиразан ба хонааш бармегардад. Хандаву хурсандии духтаронро низ бо худ мебарад гӯё.
Як муддат назди азхудкунандагони чӯл наомада мемонад вай. Ҳама хавотир мекашанд. Хусусан, писархондаш Раҷаб.
Раҷаб вақте ба кулбаи пиразан рафт, вай ҳоли табоҳ дошт. Хабари ба беморхонаи ҳарбӣ афтодани писараш, бурида шудани яке аз пойҳои ӯро шунида, якбора ба ҷогаҳ афтодааст. Вай менолид: «Неъматҷон, поятро буриданд? Бо пои бурида чӣ тавр меоӣ? Маро кӣ гӯр мекунад – кӣ як каф хок ҳаво медиҳад ба болои қабрам?»
Нолишҳо, баъди боз ҳам вазнинтар шудани аҳволаш, ба ҳазён табдил меёбанд. Гоҳ ба ҳуш меомад ва такрор мекард: «Тӯятро надидам. Ақаллан як бор рӯякатро бинам!»
Раҷаб, писархондаш, мехост тасаллӣ диҳад кампирро, кӯшишҳояш беҳуда мерафтанд. Занак вафот кард. Раҷаб вазифаи фарзандӣ ба ӯҳда гирифт, ба маросим сару бар гардид. Дар он рӯзгори пурошӯб, ки мардҳо асосан дар фронтанд, тобутбардор низ камёфт. Вақте тобут ба қабристон равона гашт, каналкобон, кори худро гузошта, ба издиҳоми хурд ҳамроҳ мешуданд. Хеле одам ҷамъ гашт то қабристон. Ҷавони ҳарбие лангида пеш меомад. Чун тобут наздик гашт, халтаи сафарӣ ба кунҷе ниҳод ва бо азобе худро ба тобут расонда, як пои онро бардошт. Вале даҳ-дувоздаҳ қадам пеш рафта тавонисту халос – пои чӯбин имкон надод роҳашро давом диҳад. Ноилоҷ аз саф баромад, ланг-лангон ба сӯи халтаи сафарӣ қадам ниҳод. Ҳушу хаёли вай ба модараш...
Вақте Раҷаб ҳамроҳи мардум майитро ба хок супурд ва ба кулбаи марҳума баргашт, нафаре сутуни айвонро оғӯшкунон баҳушу беҳуш «модарҷон» мегуфт. Вай Неъмат буд. Ду соат қабл, дар роҳи қабристон, хабар надошт аз тобуте, ки чанд қадам як пояи онро бардошт, тобути модараш буд.
...Ба ҳамин гуна ҳодисаҳо низ шахсан гувоҳ шуда ё бо одамоне, ки ин тавр саргузаштҳо доштаанд, аз наздик суҳбат карда, баъд ба паси мизи корӣ менишастааст адиби пурдида Саид Аҳмад.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: