ТОИФАИ ШАХСОНЕ, КИ БА САВДОИ ОДАМ ГИРИФТОР МЕШАВАНД, МУАЙЯН КАРДА ШУД

Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» тадқиқот гузаронд, ки дар он шаҳрвандоне, ки гирифтори савдои одам шуда, баъд аз ғуломии меҳнатӣ дар кишварҳои дигар ба Ватан баргаштаанд, ширкат ҷустанд.

Савдои одам — яке аз хелҳои хавфноки ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ  барои тамоми ҷомеаи ҷаҳон  мушкилоти ҷиддӣ гардид. Дар мамлакати мо бобати пешгирӣ намудани ҷиноятҳое, ки ба савдои одам вобастаанд, таъмин сохтани амнияти аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон чораҳо андешида мешаванд. Дар доираи татбиқсозии Стратегияи амалиёт доир ба самтҳои бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 бобати такмил додани қонунгузории миллии соҳаи аксуламал ба савдои одам корҳои зиёде амалӣ мегарданд, Комиссияи миллӣ оид ба аксуламал ба савдои одам ва меҳнати иҷборӣ амал мекунад.
30 июли соли равон дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо савдои одам аз ҷониби роҳбари давлати мо Фармон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд такмил додани низоми аксуламал ба савдои одам ва меҳнати иҷборӣ» имзо шуд, ки бобати аз ҷониби Ӯзбекистон иҷро гардидани уҳдадориҳои байналхалқӣ дар соҳаи аз ҳаёти ҷамъият решакан кардани чунин ҳодисаҳои зиддиқонунӣ, аз ҷумла савдои одам ва меҳнати иҷборӣ, қадами муҳим гардид. 
Пурсиши кунунӣ дар байни ҷабрдидагони савдои одам аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» бо кӯмаки Маркази ҷумҳуриявии иҷтимоиву иттилоотии «Насли соҳибистиқбол» гузаронида шуд, ки барои суҳбати бевосита бо шаҳрвандоне, ки аз ин намуди ҷинояткорӣ ҷабр кашидаанд ва барои иштирок дар таҳқиқот ризоият додаанд, имконият фароҳам овард. Мақсади тадқиқоти мазкур ошкор кардани сабаб ва оқибатҳои ба ғуломӣ гирифтор шудани шаҳрвандон, омӯхтани симои иҷтимоии ҷабрдидагони савдои одам буд.
Дар ҷараёни пажӯҳиш мардон ва занон – ҷабрдидагони савдои одам, ки ҳоли ҳозир дар минтақаҳои гуногуни кишвар зисту зиндагӣ доранд, пурсида шуданд. 
Тавре ки натиҷаҳои пурсиш собит сохтанд, ба ғуломии меҳнатӣ  ё худ шаҳватпарастӣ аксаран мардони аз 30 то 50-сола ва занони аз 25 то 40-сола бештар гирифтор мегарданд.
45,9 фоизи иштирокдорони пурсиш дар қайди никоҳ мебошанд. Он санад боиси эътибор аст, ки аксар мардоне, ки ҷабрдидаи савдои одам гардидаанд, дар қайди никоҳанд (66,7 фоиз), ин дар мавриде, ки занони ба чунин вазъият гирифторшуда, аксаран (53,6 фоиз) дар қайди никоҳ нестанд. Ин ашхос дар ҷараёни барои кор ба кишвари дигар рафтан гирифтори савдои одам шудаанд. 
Тавре ки пурсиш нишон дод, қисми зиёди ҷабрдидагони савдои одам маълумоти хуб надоранд, (41 фоиз)-и пурсидашудагон маълумоти миёна, 13,1 фоиз маълумоти нопурра доранд, вале баробари ин 29,5 фоизи пурсидашудагон – шаҳрвандони дорои маълумоти миёнаи техникӣ, 13,1 фоиз соҳиби маълумоти миёнаи махсус, 3,3 фоиз дорои маълумоти олӣ ҳастанд. Ғайр аз ин 45,9 фоизи пурсидашудагон изҳор доштанд, ки соҳиби касб мебошанд. 
Пурсиш ошкор сохт, ки шаҳрвандони душвории моддиро аз сар гузаронида гирифтори савдои одам мешаванд: 37,7 фоизи пурсидашудагон худро ба табақаи оилаи камтаъмин мансуб медонанд, 54,1 фоизи пурсидашудагон изҳор доштанд, ки дар оилаҳои онҳо мунтазам мушкилоти моддӣ рух медиҳанд. Баробари ин 8,1 фоизи иштирокдорони пурсиш зикр карданд, ки таъминоти оилаи онҳо хуб аст. 
Дар ҷараёни пурсиш онҳое, ки аз савдои одам ҷабр кашидаанд, таърихи ба ғуломӣ гирифтор шудан ва ба ҳолати ғуломӣ афтодани худро ҳикоя карданд. Зиёда аз нисф (52,5 фоиз)-и шаҳрвандоне, ки ба ғуломӣ гирифтор шудаанд, ба дасти ҷинояткорон, шахсони туфайлӣ ва ношинос афтодаанд. Пурсидашудагони боқимондаро онҳое, ки барояшон шиносанд (41 фоиз), аз ҷумла хешовандонашон (3,2 фоиз) фиреб додаанд. 
Мардоне, ки ба меҳнати иҷборӣ гирифтор шудаанд, аксаран дар сохтмон корҳои вазнин ва ба саломатӣ зарароварро  иҷро кардаанд. Занон ба шаҳватпарастӣ дучор шуда,  корҳои хонагиро адо намудаанд, тақрибан даҳ қисми пурсидашудагон, мардон ва занон баробар дар соҳаи хоҷагии қишлоқ меҳнат кардаанд. Тақрибан нисфи ҷабрдидагони савдои одам усулҳои гуногуни зӯроварии рӯҳиро аз сар гузаронидаанд. Ҳар кадом даҳумин ҷабрдида ба зӯровари ҷисмонӣ гирифтор гардидааст. Пурсидашудагон ҳамчунин изҳор доштанд, ки ба онҳо барои хоб рафтан иҷозат набуд, нисбати занон зӯроварӣ мекарданд, мардонро дар карсерҳо нигоҳ медоштанд. Тавре ки пурсиш собит сохт, бисёр ҷабрдидагони савдои одам маҷбур буданд шарти ба ном «кордиҳандагон»-ро қабул кунанд, зеро шиноснома ва пулҳояшон дар дасти онҳо буд. 
Пурсиш ошкор намуд, ки 47,5 фоизи шаҳрвандоне, ки дар ғуломӣ нигоҳ дошта мешуданд, барои гурехтан саъй менамуданд, дар ноомади кор аксарияти онҳо такроран фирор карданӣ мешуданд. 
Иштирокдорони пурсиш, ки барои аз ғуломӣ озод шудан саъй намекарданд, сабабҳои заифии худро маънидод намуданд. Онҳо аксаран (31,2 фоиз) аз оқибати ноомади кори худ метарсиданд.
Тавре ки пурсиш нишон дод, шаҳрвандоне, ки ба ғуломӣ афтодаанд, аз он умед доштанд, ки касе аз қарибон ё худ мақомоти ҳуқуқу тартибот ба кӯмакашон мерасад ва онҳоро аз ғуломӣ озод мекунад. Пурсидашудагоне, ки ба кӯмак аз берун умед надоштанд, зикр намуданд, ки дар бораи сафари худ ба ҳеҷ кас хабар надодаанд, бинобар ин аз касе вобаста ба вазъияти ба миён омада чораи халосӣ намеҷустанд. 27,8 фоизи занони пурсидашуда зикр карданд, ки бо хешу ақрабои худ  қаҳрӣ шудаанд, 11,1 фоизи онҳо бошанд, куллан занони танҳоанд. Волидайни 15,6 фоизи пурсидашудагон бинобар синну сол ва ҳолати саломатии худ ба кӯмакрасонӣ имконият надоранд.
Аксарияти кулли пурсидашудагон гуфтанд, ки дар вазъи ба миёномадаи ҳаёти худ онҳо метавонистанд аз афтидан ба дасти савдогарони одам халосӣ ёбанд, аз ин рӯ дар ин бобат танҳо худро айбдор медонанд. Бинобар ақидаи ҷабрдидагон онҳо аз сабаби зудбоварӣ, дараҷаи пасти маданияти ҳуқуқӣ, сабукфикриашон гирифтори савдои одам гардидаанд. 
Бинобар ақидаи иштирокдорони пурсиш, сабабҳои асосии ба доми савдогарони одам гирифтор шудани шаҳрвандон инҳо ҳарчи зудтар ҳаллу фасл кардани мушкилоти моддии худ, сатҳи поёни маданияти ҳуқуқӣ ва хабардории суст аз ҷиноятҳои вобаста ба савдои одам, мушкилоти дарёфти шуғл, хоҳиши хондан ва аз худ кардани касбе надоштан, бо ҳар баҳона барои ба кишвари дигар рафтан саъй намудан ба шумор мераванд. Баъди озод шудан аз ғуломӣ ва бозгашт ба Ватан мақсадҳои ҳаётии пурсидашудагон тағйир ёфтанд: инҳо  чунин мешуморанд — бояд саломатии зарардидаи худро барқарор кард, ба ҳаёти муътадил бозгашт, ба ҷомеа мутобиқ шуд, соҳиби эҳтироми атрофиён гардид. 
Тавре ки натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, яке аз омилҳои ба доми савдогарони одам гирифтор шудан – танҳоӣ, набудани пуштбон дар вазъиятҳои душвори ҳаётӣ мебошад. Мушкилоти танҳоӣ аксаран барои занон, ба хусус бонувони ҷавон, хос аст. Занони танҳое, ки ҷойи корӣ доимӣ надоранд ва мушкилоти моддӣ мекашанду аз кӯмакрасон маҳруманд, зуд ба доми савдогарони одам меафтанд. Бояд таъкид сохт, ки танҳоиро нафақат занони бешавҳар, балки онҳое, ки шавҳар ва фарзандашон ҳасту аз онҳо дастгирии маънавӣ намебинанд, ба беэътиборӣ, аксаран дар оила ба муносибати дағал ва зӯроварӣ рӯ ба рӯ мешаванд, эҳсос менамоянд. 
Чунонки натиҷаҳои пурсиш гувоҳӣ доданд, шаҳрвандоне, ки аз савдои одам ҷабр дида, солҳоро дар ҳоли ғуломӣ гузарониданд, пас аз озодӣ аз ин бандагӣ ва бозгашт ба хона мушкилоти саломатӣ, аз ҷумла душвориҳои рӯҳиро барои дарёфти кор, бепулиро аз сар мегузаронанд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони дигар ба таҳқир дучор мешаванд.
Натиҷаҳои пурсиш саривақтӣ ва рӯзмаррагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои иловагии минбаъд такмил додани низоми аксуламал ба савдои одам ва меҳнати иҷборӣ»-ро тасдиқ намуданд ва куллан муҳим будани дар мамлакат татбиқ сохтани корҳои васеъмиқёсро оид ба аксуламал ба савдои одам ва аз байн бардоштани ин ҳодисаи шармандаворро аз ҳаёти  ҷамъияти мо, ки бобати пешгирӣ намудани ҷинояткориҳои вобаста ба савдои одам ва таъмин сохтани амнияти аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони мо қабул мешаванд, нишон доданд.

М. АНИСИМОВА, хабарнигори ӮзА, бинобар матолиби «Ижтимоий фикр».          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: