Соҳибкори варзида Анвар Абдуқаюмов муваффақ гашт, ки коргоҳи наверо бо номи «Тойбола» бунёд кардаву истеҳсоли бозичаҳои кӯдаконаро ба роҳ андозад.
Ин коргоҳ дар ҳудуди ҷамоаҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Хонтепа» ва «Наво»-и шаҳри Қаршӣ ҷой гирифтааст. Маросими ифтитоҳи он бо ширкати ҳокими вилоят Муротҷон Азимов, раҳбарони идороти гуногун ва фаъолони ҷомеа ба таври мутантан баргузор гардид. Ба кор оғоз кардани корхонаи «Тойбола» барои кӯдакони кишварамон беҳтарин тӯҳфа ба шарафи ҷашни 33-солагии Истиқлоли Ватани маҳбубамон буд.
А. Абдуқаюмов ёдовар гашт, ки соле қабл дар ҷараёни сафари раҳбари давлат ба вилояти Қашқадарё бо Президент мулоқот кардаву аз нақшаҳои худ сухан ба миён оварда, ваъда дода буд, ки коргоҳеро бо номи «Тойбола» бунёд хоҳад кард.
Соҳибкор ният дорад, ки солҳои наздик 90 дарсади бозичаҳои кӯдаконро дар бозорҳои дохилии кишварамон, ки аз хориҷ ворид мегарданд, бо маҳсулоти босифат ва аз нигоҳи экологӣ ҷавобгӯйи меъёри истеҳсоли Қаршӣ иваз намояд.
Дар коргоҳи «Тойбола» 205 кас машғули кор буда, барои истеҳсоли бозичаҳои кӯдакон пайваста заҳмат мекашанд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.