ТОҶДОРОНРО ЧӢ ШУД?

Мардуми тоҷик дар таърих ҳамчун халқи баору номус, соҳибфарҳангу соҳибзабон ном баровардаанд.

. Онҳо тӯли асрҳо дар ҳама давру замон, дар ҳар гуна вазъият забон ва фарҳанги хешро ҳифз намудаанд. 
Имрӯз аз он шукр мекунем, ки дар давлати соҳибистиқлол зисту зиндагӣ дорему бо забони модарии хеш таҳсил менамоем. Тоҷикон дар ҳамаи гӯшаву канори Ӯзбекистон мардуми таҳҷоиву соҳибзабонанд. Бо вуҷуди ин, афсус, ки имрӯз нисбати забону фарҳанги хеш бефарқ мебошанд.
Хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик» Ӯзбакбойи Раҳмон дар мақолааш «...«Овози тоҷик»-чӣ?» («Овози тоҷик», №7, 25 январи соли 2023) хеле дуруст мегӯяд: «Бешубҳа, мо – тоҷикон беҳиммату беғурур шудаем».
Ниҳояти ин бефарқиву беэътиноист, ки соли равон обуна ба «Овози тоҷик» буду шуд 353 адад аст. Ҳол он ки дар ин сарзамин мувофиқи маълумоти расмӣ зиёда аз 2 млн.  тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
Дар шумораи 6-ум, аз 21 январи соли 2023-юм «Овози тоҷик» мақолаи хабарнигори рӯзнома Зоҳир Ҳасанзода таҳти унвони «Қавми берӯзнома...» чоп шудааст, ки дар он андешаҳои муаллиф нисбати муаллим ва алалхусус омӯзгорони забон ва адабиёт қобили дастгирист. Агар ҳамаи онҳое, ки ба шогирдон бо забони зебову ноби тоҷикӣ сабақ медиҳанд, ба рӯзнома обуна шаванд, адади нашр аз 6000 мегузарад. Афсӯс, ки ин хел нест. Ҳама бо овардани чанд мисраъ ва ё байте аз ниёгон доир ба забони тоҷикӣ, ё миллати тоҷик худро боғуруру бономус ҳисобида, дод мезананд. Чун сухан дар бораи обуна равад, аз нангу номусашон чизе намемонад, намедонанд, ки ба таъбири аллома Абӯрайҳони Берунӣ: «халқу миллате, ки бо гузаштагони худ меболад, гузаштагонаш зиндаанду худ мурда аст».
Ба фикрам, дар ин тадбиру чорабиниҳо, яъне обуна ба маҷаллаву рӯзномаҳо роҳбарони мактабҳои тоҷикӣ низ моҳи беайб нестанд. Дар баъзе мактабҳо ҳеҷ кас парвои маънавият надорад. Ҳарчанд коркунҳои маънавӣ ё тарғиботӣ ҳастанд. Аз хусуси омӯзгорони забон ва адабиёт ҳоҷати гап ҳам нест.
Онҳо чандин сол пештар зери фишор кам ё беш обуна мешуданд. Ҳоло пинаки худро вайрон намекунанд, обуна намешаванд. Пас аз шогирдонашон чӣ гила?! Имрӯз бояд шукр гӯем, ки рӯзнома дорем. Танҳо номи он бояд боиси ифтихори ҳар яки мо бошад. Рӯзнома мунтазам маводи хонданбоб дарҷ менамояд. Ба шарте ки хонанда аз лаззати рӯзномахонӣ бохабар бошад, хоҳиш дошта бошад. Дар ин бобат меҳнати коркунони рӯзнома шоёни таҳсин аст. Бешубҳа, онҳо қаҳрамонони замонанд. Пас биёед, барои пос доштани хотираи абармардони тоҷик, ки парчами «Овози тоҷик»-ро баланд бардоштаанду ононе, ки имрӯз баланд мебардоранд, ба он дастҷамъона обуна шавем, дастгирӣ кунем. 
Боқӣ, Худо нигаҳбони шумо.

Сулаймон СОДИҚ,
муаллими мактаби 
рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: