Абдулло СУБҲОН
Дунёи мо зебо шуда, бемислу беҳамто шуда,
Бемислу беҳамто шуда, дунёи мо зебо шуда.
Кӯҳу дара хомӯш буд, мешу бара хомӯш буд,
Мешу бара гӯё шуда, кӯҳу дара гӯё шуда.
Боғу чаман пӯшида сабз, дашту даман пӯшида сабз,
Аз ин намо гулҳои завқ дар гулшани дил во шуда.
Дарё талотум мезанад, дилҳои мо гум мезанад,
Дарё ба дил табдил ва ё дилҳои мо дарё шуда?
Дар осмон як ресмон, як ресмони парфишон,
Бо турнаҳо дар синаҳо шавқи паридан ҷо шуда.
Дар боғҳо хониш кунад, бо доғҳо хониш кунад,
Мурғи чаман оё чу мо як ошиқи шайдо шуда?
Борон бишӯяд ёларо, рухсораҳои лоларо,
Рухсораҳои лола чун рухсори ёри мо шуда.
Дирӯз Наврӯзи Аҷам тоҷи сари тоҷик буд,
Имрӯз Наврӯзи ҳама – тоҷи сари дунё шуда.
ҚАТРАҲО
Дар синаи дашти сӯхта наҳри манӣ.
Дар мамлакати хароби дил шаҳри манӣ.
Ман баҳри туям то рамақе дар ҷон ҳаст,
Ту баҳри манӣ, баҳри манӣ, баҳри манӣ.
***
Ту тунд бигӯӣ, чун асал ширин аст,
Ҳар як суханат қанду наботи Чин аст.
Марҳам ба мариз доруи талх аст агар
Доруи дили сӯхтаи мо ин аст.
***
Дар қалби манӣ, қалби пурэҳсоси манӣ,
Дар гулшани орзу гули ёси манӣ.
Аз ҳар кӣ дар ин ҷаҳон бимонад мерос,
Аз як зани меҳрбон ту мероси манӣ.
***
Забонат дар даҳонат мағзи писта,
Баёзи гарданат қаймоқи баста.
Ману ту дар лаби дарёи ишқем,
Чу ду нахли ба ҳам печидаруста.
***
Ба сар бо ёди ту бурдан хуш ояд,
Ғаматро рӯзу шаб хӯрдан хуш ояд.
Бимирад дар ҳама ҷо бандааш, лек
Маро дар пойи ту мурдан хуш ояд.
***
Аё, ай аз бароям беҳтарин Дӯст
Маро ҷуз ту набошад як қарин Дӯст.
Ту шояд беҳтар аз ман дӯст ёбӣ,
Вале ман аз куҷо ёбам чунин Дӯст?!
***
Аё дар хонаи дил шиштаи ман,
Ба чоки сина марҳамриштаи ман.
Туӣ дар дафтари фикру хаёлам,
Беҳин шеъри ҳанӯз нанвиштаи ман.
Муҳаммад ШОДӢ
ТАБИАТ – САБЗДАФТАР, САБЗДЕВОН
Баҳорон
Баҳорон аст, гулҳо боз рӯянд,
Дарахтон боз дар нашъунумӯянд.
Ба гӯш ояд суруди кӯҳсорон,
Чаманзорон, нигар, хушрангубӯянд.
Кушоӣ чашм, бинӣ рӯи зебо,
Баҳору дӯстдорӣ рӯбарӯянд!
Бибӯсад резаборон майсаҳоро,
Гулу себарга бо ҳам роз гӯянд.
Намояд завқ хуррамводии дил,
Сияҳгулҳо лаби ҷӯ рӯй шӯянд.
Дили мову ту рӯ бар офтобак,
Гумоне гарми ишқу орзуянд.
Шукуфон дар дили мо тозагулҳо,
Баҳору зиндагӣ то тозарӯянд...
Тӯйи саҳро
Ниҳоли зиндагонӣ гулбасар шуд,
Ҷамоли зиндагонӣ ҷилвагар шуд.
Баҳорон асту дар дилҳои зинда
Умеди зиндагонӣ зиндатар шуд.
Баҳорон, аз ту ин нашъунумӯҳо,
Таҳи борони ту сабз орзуҳо.
Баҳорон, бо забони боди борон,
Чи ширин аст бо ту гуфтугӯҳо.
Зи боронҳо, ки шӯяд рӯй саҳро,
Дилоро, дилрабо, дилҷӯй саҳро.
Ба саҳро рӯ арӯси сол овард,
Ки дорад тӯй, дорад тӯй саҳро!
Биё
Биё, биё баҳорҳо, баҳорҳо, баҳорҳо,
Биё, биё баҳорҳо ба чашми интизорҳо.
Баҳори пурнигор, бо назокату малоҳат о,
Бубахш ҳусни тоза бар нигорҳо, нигорҳо.
Биё, биё, ки хуштарин таронаҳои ҷону дил,
Кунанд армуғони ту ҳазорҳо, ҳазорҳо.
Биё, биё, маликаҳои мулки ман низори ту,
Баҳори шаҳриёрҳо, баҳори шаҳсуворҳо.
Ба ҳар куҷост сарзамин, ба ҳар куҷост як диёр,
Баҳор, ин диёри ман, вале зи гулдиёрҳо!
Биё, баҳори гул ба сар, биё, баҳори гул ба бар,
Биё, кушояд ин диёри ман ба ту канорҳо.
Ту ногаҳ, эй баҳори ноз, о, валекин огаҳ аст,
Зи розҳои ту баҳори нози гулъузорҳо.
Тару сабз
Зи боронҳо замину осмон тар,
Саропо нозанинрӯ ин ҷаҳон тар.
Табиат – сабздафтар, сабздевон,
Ғазалҳои баҳори гулфишон тар.
Чи рангин шеъри гардун баъди борон –
Ба абрӯ вусмаи рангинкамон тар.
Зи бӯйи навбаҳорон донаҳо сабз,
Баҳору зиндагонӣ сабзҷонтар!
Умеди зиндагӣ гар буд ҷовид,
Баҳорон кард онро ҷовидонтар.
Баҳори сабзу тар бинмуд гӯё
Ҳазорон бор дунёро ҷавонтар.