ТОҶИК – ӮЗБЕК

Камол НАСРУЛЛО Шоири мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ

Ду саҳфаи як китоб тоҷик – ӯзбек!
Парвардаи як савоб тоҷик – ӯзбек!

Он кист ду ҷисме, ки ба як ҷон пайваст?
Гӯям ба ту ман ҷавоб: тоҷик – ӯзбек!

Озори замонаҳо паси сар карданд,
Озурдаи сад азоб тоҷик – ӯзбек!

Печида ба ҳам чун гули ишқи печон,
Дар зери як офтоб тоҷик – ӯзбек!

Ҳаммодару ҳампадар, бародар, хоҳар,
Сад пурсишу як ҷавоб тоҷик – ӯзбек!

Ду мева ба як дарахт оё дидӣ?
Гар не, бираву биёб: тоҷик – ӯзбек!

Ҳастанд сиришта ҳарду аз як гилу об,
Гирӣ чу зи рӯ ниқоб, тоҷик – ӯзбек!

Як тан нашавад ду пора! Дод! Ар бишавад!
Он ҷисм шавад хароб! Тоҷик – ӯзбек!

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: