ТОҶИКДУХТАР ДАР ФИЛМҲОИ ӮЗБЕКӢ

Илмира Раҳимҷонова бо образи лӯлидухтар Марям (аз сериали «Чархи фалак») маъруфият пайдо кард.

 Ӯ инчунин дар «Забарҷад», «Девори иблис», «Чаёнгул», «Соҳили пазмонӣ», «Санҷишҳои муҳаббат», «Ойдиной», «Фаришта», «Ду ҳазор суруди Фарида» барин филмҳои миллӣ нақшҳои ҷолиб офаридааст. Дар тақдимоти «Эътироф–2016» вай «Беҳтарин киноактрисаи сол» шинохта шуд. Баъдтар низ якчанд мукофотро барои хидматҳои шоён дар соҳаи кино ва офаридани образҳои ҷолиб ба даст овард.
Илмира (номи аслиаш Мунира) зодаи деҳаи Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқ мебошад. Падараш Рисқалӣ ронанда буд, модараш Рисқӣ –соҳибхоназан. Рисқалию Рисқӣ (бо амри қисмат ҳамномҳо оила барпо карда буданд) ҳафт фарзанд (панҷ духтар ва ду писар) ёфтанд. 
Бачагии Илмира вазнин гузашт. Вақте дувоздаҳсола буд, модараш вафот кард. Илмираро лозим омад гов дӯшад, дар қитъаи наздиҳавлӣ каланд занад, ҷуз ин пухтупазу рӯбучин ва ҳоказо. Аз дасти додару хоҳаронаш дошта ба мактаб мебурд, аз мактаб бармегашту ба кори саҳро мебаромад. Аз ҳама душвор – нигоҳубини ҳоҳарчааш, ки ҳануз ширмак буду якуним сол дошт. Кӯдаки модаргумкарда баъзе шабҳо дурудароз ғаш мекард, баробари ӯ Илмира то субҳдам гиря карда мебаромад. Азоб буд, аммо...
Илмира мегӯяд, баъдтар фаҳмам он азобҳо назди санҷишҳои ҳаёт, ки пеш меистоданд, ҳеч будаанд.
Бале, шиканҷаҳо дид Илмира. Вале иродаи қавӣ, ки дошт, ба ҳама душвориҳо тоб овард...
Ба додару хоҳарчаҳояш модар шуд, калон кард онҳоро, хононд, соҳиби хонаю ҷой (оила) гардонд.
Чун бурҷимуллоиҳо мактабро бо забони модариаш хонд? Не, мегӯяд Илмира, маҳаллаамон Обираҳматро об зер кард, маҷбуран ба Табақсой кӯч бастем, дар мактаби рақами 12, ки номи Ҳамид Олимҷонро дошт, таҳсил гирифтам, аълохон будам, дар идҳои «Ғунчаҳои санъат» яке аз иштирокдорони фаъол будам.
Вақте модари баногоҳ беморшудаашро ба касалхона бурданд, Илмира бо илтиҷо ба духтурон менигарист. Гумон дошт ҳаёти модаракаш ба дасти онҳост. Пизишкони деҳ кори аз дасташон меомадаро карданд, вале беморро нигоҳ дошта натавонистанд. Шояд қобилияташон нарасид, фикр мекард духтараки дар дилаш доғ. Вай аҳд кард мактабро тамом кунад, албатта, ба духтурӣ мехонад. Духтури зӯр мешавад... Баъди гирифтани номаи камол ба техникуми тиббии ба номи Охунбобоев, сонитар ба Академияи тиббӣ ҳуҷҷат супурд. Бахташ натофт. Ба санъат низ, ки шавқ дошт, як муддат дар ансамбли халқӣ-этнографии «Гулёр»-и ноҳияи Бӯстонлиқ кор кард. Баъдтар дар шуъбаи ғоибонаи Институти маданияти Тошканд ба номи Абдулло Қодирӣ таҳсил гирифт. Соли 1994 дар Театри ба номи Муқимӣ ба фаъолият сар кард. Соли 2002 шабакаи «Ёшлар»-и телевизиони ҷумҳурӣ ӯро ба кор даъват намуд. Барандаи намоиши «Номаҳои аскар» гардид. Синамо эътибори ӯ ба худ кашид ва фаъолияти минбаъдаашро ба ҳамин соҳа равон сохт. Бо тақозои қисмат як муддат дар Туркия ва Гурҷистон ҳаёт ба сар бурд ва аз кино дур шуд. Ба диёр баргашту фаъолияти пештараашро давом дод. Алъон яке аз актрисаҳои шинохта аст. Бе картинаҳое, ки Илмира нақш бозидааст, ҳолати кинои муосири ӯзбекро тасаввур кардан душвор.   

Ш. ГУЛРУХСОР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: