Дар мавсими тобистони соли 2023 барои ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳҳои истифодаи умуми нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ карда шуд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 1 июн то 31 августи соли 2023 аз соати 10:00 то 19:00 ба ҳаракати мошинҳои борбардор дар роҳи автомобилгарди «Душанбе — Чаноқ" маҳдудият ҷорӣ карда шуд (барои ҳар як меҳвари воситаи нақлиёт на беш аз 6 тонна пешбинӣ шудааст).
Қобили зикр аст, ки маҳдудиятҳо ба воситаҳои нақлиёте, ки мусофирон, кумакҳои башардӯстона, ғизои зудвайроншаванда, борҳои хатарнок, ҳаҷман калон, ангишт мекашонанд ва иҷозатномаи махсус доранд, татбиқ намегарданд.