Президенти Тоҷикистон дар Паёми худ оиди беҳсозии иқлими сармоявӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҷалбсозии бевоситаи сармояи хориҷӣ ба сифати яке аз самтҳои устувори сиёсати иқтисодии миллӣ сухан ба миён оварда буд.
Президенти Тоҷикистон дар Паёми худ оиди беҳсозии иқлими сармоявӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҷалбсозии бевоситаи сармояи хориҷӣ ба сифати яке аз самтҳои устувори сиёсати иқтисодии миллӣ сухан ба миён оварда буд.
Бинобар ҳамин роҳбарони Кумитаи давлатии сармоя ва идораи мулки давлатӣ, вазорат ва идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо дар ҷумҳурии ҳамсоя вазифадор карда шуданд фаъолияти худро дар самти ҷалбсозии сармояи бевосита ҷоннок гардонанд, баҳри беҳсозии муҳити сармоявӣ ва рушди соҳибкорӣ, хусусан ҷорӣ сохтани тарзи электронии расмигардонии ҳуҷҷатҳои иҷозавӣ ҳаракат кунанд.
Барои он ки дигаргунсозиҳои қатъӣ дар ҳама соҳаҳо, хусусан дар риштаи иқтисодӣ ба амал бароварда шаванд, истифодаи технологияҳои асрӣ хеле зарур. Робитаҳо бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Сандуқи асъори байналхалқӣ ва агентиҳои байналхалқии рейтингӣ дар ин самт аҳамияти муҳим касб менамоянд. Президенти Тоҷикистон вобаста ба ҳамин роҳбарияти ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти масъулро вазифадор намуд оиди ташкили Агентӣ оиди сармоя ва технологияи рақамӣ дар назди Президенти Тоҷикистон чораҳо андешанд. Бале, чи тавре роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуд, тараққиёти иқтисодӣ ва пешравии кишварро бе рушди иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ сохтани «ҳукумати электронӣ» тасаввур кардан мумкин нест. Омӯхтани таҷрибаи кишварҳои рӯ ба рушд, ки сарфи назар аз озмоишҳои вақтҳои охир суръати мусбии инкишофи иқтисодиро таъмин карда тавонистаанд, айни замон, аз аҳамият холӣ нест.
Бо ҳамин мақсад директори иҷрогари КДУ «Тоҷикинвест» Ҷ.Музаффарӣ, роҳбари идораи Кумитаи сармоя ва идоракунии мулки давлатии Тоҷикистон И.Яздонзода бо ташрифи расмӣ ба Ӯзбекистон омаданд. Меҳмонон дар ҷараёни сафар дар Маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд шуданд, дар масъалаи хидматрасонӣ ба соҳибкорон тавассути технологияи замонавӣ таҷрибаи Ӯзбекистонро омӯхтанд.
Директори АХД У.Муҳаммадиев меҳмонҳоро ба шароитҳое, ки дар ин ҷо оиди хидматрасонӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон офарида шудаанд ва ба сохтори миллии хидматрасонии давлатӣ аз наздик шинос кард.
Гулшан БАҲОДУРОВА.