ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ҚАДАМҲОИ УСТУВОРУ ОЯНДАДОР ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲО

ҚАДАМҲОИ УСТУВОРУ ОЯНДАДОР ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲО
“Як халқе, ки бо ду забон гуфтугӯ мекунад”. Ба кӣ нигаронда шудани ин тавсифро зуд дарк кардан мумкин аст! Онҳоро ба ду шохи як дарахт, ба ду шохоби як дарё ҳам монанд мекунанд. Ин гуна ташбеҳу қиёсҳое, ки якдилии байниҳамдигарии халқҳои ӯзбеку тоҷикро ифода мекунанд, зиёд аст. Зеро дин, замин ва обамон як аст. Шодиву ташвиши муштарак дорем. Моро таърихи умумӣ, арзишҳои ҷудонопазири маънавии ба ҳам зич пайванд месозанд. Ҳатто омадурафти доимӣ дорем, байни ҳам қудову сахт пайванд ҳастем. Риштаҳои хешутабории мо ба гузаштаи дур рафта мерасад.
Имрӯз ҳам Ӯзбекистон, ҳам Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз роҳи беҳтарсозии муносибатҳо бо давлатҳои ҳамсоя пеш мераванд. Саъю ҳаракатҳо дар ин бобат робитаҳои дӯстонаро ба зинаи нав мебардоранд. Ҳатто ҳамин тамоилҳо барои васеъ гардидани ҳамкорӣ дар таъмини ҳамгироӣ, амният ва субот бо мамлакатҳои Шарқу Ғарб хидмат мекунанд.
Рушди муносибатҳои дӯстона бо Тоҷикистон яке аз самтҳои устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мебошад. Ба туфайли ин, робитаҳо байни ду давлат аз нав барқарор шуд. Имрӯз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи нақлиёт ҳам ҳамкориҳо роҳандозӣ шуда, парвозҳои мустақим барқарор гардид. Ҳаҷми мубодилаи мол сол ба сол афзун мегардад. Робитаҳои байни ҳудудҳои наздимарзӣ таҳким ёфта, муносибатҳо дар соҳаи маданиву инсонпарварӣ фаъол мешаванд.

ДАРИ ДИЛҲО КУШОДА, АММО МАРЗҲО БАСТА БУДАНД...
Оё шумо дидорбинии дӯстону бародарон, пайвандонеро, ки муддати дароз ҳамдигарро надида, пазмон шудаанд, дидаед? Манзараи хеле таъсиргузор аст, оё чунин нест? Халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳам ба ҳамин гуна дидорбинӣ муштоқ буданд.  Бо вуҷуди он ки дарҳои дилро кушода мегузоштанд, аммо сарҳадҳо баста буданд. Наздикону пайвандон, қудову рафиқон яке дар он тарафи симхор, дигаре дар ин тараф рӯзҳои дурахшонро бо умедворӣ ва сабру матонат интизор буданд.
Сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон сардиҳои дарбайнбударо барҳам дод. Муносибатҳои дӯстона, ки ба боварии байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, ба муносибатҳои азалии байни на танҳо ду мамлакат, балки ду халқ ҳаёти нав бахшид. Аз ҷумла, дар ҳама ҷабҳаҳо алоқаҳо барқарор шуданд. Барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ комиссияи байниҳукуматӣ созмон ёфт, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ифтитоҳ гардиданд, ҳаракати нақлиёт роҳандозӣ шуд.
Боз як ҷиҳати дорои аҳамият: дар муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон  ба рушди робитаҳои байниҳудудӣ низ эътибори калон дода мешавад. Дар байни вилоятҳо ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ, гузарондани бизнес - форум ва намоишҳо сазовори таҳсин аст. Аз ҷумла, байни вилояти Сурхондарё ва вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва вилояти Самарқанд дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва маданиву инсонпарварӣ созишномаҳо ба имзо расиданд.

ДУ НОБИҒАИ БУЗУРГ...

Дӯстии мутақобилаи халқҳои ӯзбек ва тоҷик, ки бо риштаҳои хешутаборӣ мустаҳкам гардидаанд, дар асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ низ ба таври зебо инъикос ёфтааст. Ҳатто дӯстиву ҳамкории байни ду суханвари бузург дар қарин шудани халқҳои мо саҳми муҳим гузоштаанд. Маълум аст, ки ба туфайли раҳнамоӣ ва маслиҳатҳои Абдураҳмони Ҷомӣ Алишери Навоӣ ба яке аз нобиғаҳои адабиёти мумтози ӯзбек ва тоҷик табдил ёфт. Номаи ба шогирди вазираш Навоӣ фиристодаи устод Ҷомӣ моро ба ҳайрат мегузорад. Ҷомӣ аз ӯ хоҳиш кардааст, ки  нигоҳубини фарзандони Хоҷа Аҳрори Валиро бар дӯши худ гирад. Хоҳиши устодаш барои Навоӣ хеле муҳим буд ва ӯ бешубҳа инро иҷро кард.
Дар “Шоми дӯстӣ”, ки 9 марти соли 2018 ба шарафи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташкил гардид, Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муносибатҳои дӯстии байни ду халқ сухан гуфта, аз қавли Садриддин Айнӣ чунин изҳор доштанд: “Ҷомӣ ва Навоӣ дар ҳалли масъалаҳои асосии замони худ ҳаммаслак буда, барои бо ёрии ҳамдигар ҳал кардани онҳо мубориза бурдаанд, қувваҳои пешсафи ҷомеаро барои иштирок дар ин мубориза раҳнамоӣ кардаанд. Чунин ҳамбастагӣ ба эҷодиёти адабиву илмӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ба фаъолияти сиёсии Навоӣ таъсири бузург расондааст”.
Ба сифати рамзи муносибати дӯстии қадимӣ, таърих, фарҳанг, арзишҳо ва рушди ояндаи ду халқ дар Самарқанд ба шарафи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ муҷассама гузошта шуд. Дар шаҳри куҳанбунёд ва ҳамеша шукуфон қомат афрохтани муҷассамаи ин ду мутафаккири бузург, ки ба тамаддуни дунё саҳми беқиёс гузоштаанд, беҳуда нест. Зеро фарзандони бузурги халқҳои тоҷику ӯзбек дар замони худ қуллаҳои баланди илму фанро айнан дар ин шаҳри таърихӣ фатҳ кардаанд. Ба сифати рамзи бародарии мо дар шаҳри Душанбе муҷассамаи Алишери Навоӣ гузошта шуд.

ОМИЛИ ЭТНИКӢ НЕ, БАЛКИ ОМИЛИ ЗЕҲНӢ АСОСӢ АСТ

Дар сарзамини Ӯзбекистон намояндагони беш аз 130 миллат ва халқият истиқомат мекунанд. Дар байни ин ҳамватанон миллионҳо шаҳрвандони ба миллати тоҷик мансуб низ ҳастанд. Онҳо Ӯзбекистонро ватани азиз ва хонаи дӯстдоштаи худ меҳисобанд ва дар ин кишвар оилаи ягона гардида, аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Зеро имрӯз дар кишвари мо ҳангоми ба инсон баҳо додан ба омили этникӣ не, балки ба омили зеҳнӣ эътибори асосӣ дода мешавад. Қатъи назар аз он ки кӣ ва намояндаи кадом миллат ҳастем, дар ҷамъияте, ки иқтидор, дониш, салоҳият қадр карда мешавад, зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ, мисли намояндагони халқҳои дигар дар байни шаҳрвандони ба миллати тоҷик мансуби мо низ онҳое, ки дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар вазифаҳои масъул кор мекунанд, хусусан намояндагони парламент, ректорони донишгоҳҳо, намояндагони ҳокимияти иҷроия, мақомоти ҳуқуқ ва тартибот зиёданд. Камина ҳам яке аз онҳост. Дар Палатаи қонунгузорӣ ду муҳлат, дар Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дуюм фаъолият нишон додан, бо боварии роҳбарият ба сифати роҳбари даргоҳи калони таълимӣ кор кардани камина исботи фикрҳои болост.

ДӮСТ ДАР КУЛФАТ ШИНОХТА МЕШАВАД

Беҳуда намегӯянд: “Ҳамсояат осоишта – ту осоиштаӣ”. Ӯзбекистон ҳамеша ҷонибдори ҳаёти осоишта ва шукуфоии бародарону хоҳарони мо дар мамлакатҳои ҳамсоя мебошад. Дар навбати худ, халқи тоҷик, ки риштаҳои бародариро бо ҳам пайванд мекунанд низ ҳамин таманнои некро дорад.
Ҳатто байни халқҳоямон мақоле ҳаст, ки мегӯянд: “Дӯст дар кулфат шинохта мешавад”. Ба наздикӣ Тоҷикистон дар робита ба офати техногении обанбори Сардобаи Ӯзбекистон 51 вагон маводи сохтмонро ба сифати ёрдам интиқол намуд. Дар навбати худ, дар давраи пандемияи коронавирус Ӯзбекистон ҳам ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кард, контейнерҳои сайёри тиббиро ба сифати кумаки беғараз равон ва сафари шифокорони дараҷаи олиро ба Тоҷикистон ташкил намуд. Ман муҳтавои ин кумакҳои мутақобиларо дар ҳикмати зерини дорои маънои бузурги фалсафии намояндаи забардасти адабиёти Шарқ Саъдии Шерозӣ мушоҳида кардам:
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО БА ҚАДАМҲОИ НАВБАТИИ ДАЛЕРОНА ВОБАСТА АСТ!

Дӯстӣ сарҳад надорад. Ҳамкорӣ бошад, бо бардавом будан  ояндадор аст. Имрӯз муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон пайваста дар ҳоли рушд аст. Минбаъд ба зинаи нав бардоштани он ба қадамҳои навбатии далерона вобаста аст. Аз ҷумла, мувофиқ ба салоҳияти дохилии ҳар ду мамлакат ба 1 миллиард доллар расондани муомилоти савдои тарафайн пешбинӣ шудааст, ки ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Дар байни сохторҳои давлатӣ ва ҳудудҳои наздисарҳадӣ тезондани лоиҳаҳои вусъати кооператсия, ҷамъоварии техникаи кишоварзӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, маҳсулоти электротехникӣ ва молҳои дигар аз ҷумлаи ҳадафҳои оянда ба шумор мераванд.
Бинобар ин барои дар ҳудуди ҳар ду мамлакат ташкил кардани корхонаҳои муштарак, дастгирии инфрасохторҳои савдои беруна ва амалиётҳои воридотию содиротӣ, бизнес-форумҳои дуҷониба ва намоишҳои маҳсулоти саноати миллӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд. Дар навбати худ, интизор меравад, ки муносибатҳо дар самти таҳкими  ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаи энергетика, интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон, неруи барқ ба Ӯзбекистон, рушди нақлиёт ва долонҳои  байналмилалии транзитӣ дар минтақаҳо боз ҳам мустаҳкамтар гарданд. Ғайр аз ин, минбаъд фаъол намудани робитаҳои байни академияҳои илмҳо,  муассисаҳои таълимии олӣ, созмонҳои эҷодӣ ва ҷамоатӣ, ташкил намудани вохӯриҳои намояндагони доираҳои илмиву фарҳангӣ аҳамияти калон дорад.

Абдуқодир ТОШҚУЛОВ, 
узви Сенати
Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

(Аз шумораи 140-уми 28 июли соли 2020-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» 
гирифта шуд).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: