Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олиро баррасӣ намуданд

  • Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олиро баррасӣ намуданд
  • Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олиро баррасӣ намуданд

Маҷмӯи васеи масоили рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Мусоҳибон масъалаҳои нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар факултети забони ӯзбекии Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳою филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баръакс филиалҳою факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи баргузор кардани Шӯрои ректорон ва вохӯрии донишҷӯёни ҳарду кишварро дар як вақт ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид шумориданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: