Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Театри калони ба номи Алишер Навоии Ӯзбекистон густариш медиҳад

4 январи соли ҷорӣ дар Тошканд миёни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ як ёддошти ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ созишномаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мустаҳкам карда, ба рушди самарабахш ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи театрҳо мусоидат мекунад.

Ҳуҷҷати имзошуда барои фаъолияти гастроли дастаҳои ҳарду тараф имкониятҳои васеъ фарохам меорад. Дар оянда театрҳо метавонанд солистон ва гурӯҳҳои иҷрокунандаро иваз кунанд, барои иҷрои спектаклҳо лоиҳаҳои якҷояи эҷодиро ба амал бароранд.

Бино бар гуфтаи як манбаъ мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор кунанд, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо ширкат варзанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти театр.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: