ТОҶИКИСТОНИ ҲАМСОЯ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ҶАШН ГИРИФТ

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосӣ аст ва ин таърих – 27 июни соли 1997 дар сарнавишти ояндаи ҷумҳурии ҷавони тоза ба истиқлол расида хеле аҳмиятнок аст.

Аз ин боис ҷашни мазкур дар саросари Тоҷикистон ва намояндагиҳои сиёсии он дар хориҷи кишвар хеле бо шукӯҳ ид карда мешавад.
Аз ҷумла дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Тошканд низ бо ҳузури намояндагони аҳли адабу илм ва ҳунар як маҳфил ба ин муносибат барпо гардид. Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронӣ бобати ин ҷашни сарнавиштсоз иброз намуд, ки ба шарофати мусолиҳаи миллӣ байни ҳукумати расмии Тоҷикистон ва мухолифони сиёсии он замон қариб даҳ даври мулоқоту гуфтугӯҳо барпо шуд. 
Ин дидорҳо дар пойтахтҳо ва ҳатто дараҳои махуфи Афғонистон баргузор гардиданд, ки мақсад аз он якто буд – ба Тоҷикистон сулҳ овардан ва қатъи ҷанги бародаркушӣ.
То ин ки дар ин санаи таърихӣ дар Маскав шартномаи ду ҷониби даргир дар бораи мусолиҳа имзо гардад, қариб як миллион аҳолии ҷумҳурӣ аз бедодӣ ва даҳшати ҷанг ҷилои Ватан карда буданд ва мутаассифона беш аз 150 ҳазор нафар бар асари ин ҷанги бемаънӣ талаф шуда буд. Барои ҷумҳурии аграрии мисли Тоҷикистон дар ин нобасомониҳо ба ҳаҷми 2 млрд. доллар зарари иқтисодӣ дидан хеле латмаи эҳсосшаванда дар ҳаёти моддии ҷумҳурӣ буд.
Мақомоти расмии ҷумҳурӣ чанд соли ояндаи наздикро ба саноатисозии мамлакат ихтисос додааст. Ва ин барномаи давлатӣ, мисли дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҷумҳурӣ фазои боз ҳам мусоидтари ҳаёти ҷамъиятӣ ва сармоягузориро ворид менамояд. Ин масъала аз он лиҳоз низ муҳим аст, ки қувваи корӣ дар мамлакат басанда аст ва ҳоло изофаи он ба миқдори 600 ҳазор нафар дар Русия барои худ шуғл пайдо намудаанд.
Дар айни ҳол барои ҳукумати ҷумҳурӣ ин масъала, бо назардошти он ки афзоиши аҳолӣ зиёд асту дар таркиби он синни қувваи кории мардум бештар мебошад, аз вазифаҳои аввалиндараҷа аст.
Дар бобати саноатикунонӣ энергияи электирикӣ ҳамеша аз омилҳои муҳим аст ва аз ин боис ҷумҳурӣ бо далели он ки аз манбаъҳои об хеле хуб бархурдор мебошад, ин афзалиятро хуб ва муфид истифода намудан мехоҳад. Аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ду неругоҳи барқии обиро якҷоя бо ҷумҳурии мо хоҳад бунёд кард, ки аввалини он аллакай дар маҳалли Ёвони он оғоз ёфтааст.
Ин мувофиқа зимни сафари Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи ҷорӣ ба Ӯзбекистон дар байни ёздаҳ ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид, ки иқтидори он 140 мегаваттро ташкил менамояд. Бинобар далелҳои ҳамсоягӣ, муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ мардуми ду ҷониби сарҳад хеле имконоти фаровонро моликанд, ки дар ҳар соҳаи ҳаёти ҷумҳуриҳои ҳамдигар нақш ва саҳми беандоза муҳим ва мутаассир дошта бошанд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии 
«Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: