Ин тасмимро Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо каронавирус дар Тоҷикистон гирифтааст.
Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад. Гуфта мешавад назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳиномае, ки воксинро пура фаро гирифта бошед ва бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологии гирифторӣ коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора, рӯзи 7 март қарори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр гардондани чораҳои зиддиэпидемиологии пешгирии паҳншавии сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, -- хабар медиҳад АМИТ "Ховар"
Қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.
Гувоҳиномае, ки дар бораи воксин гирифтан аз тарафи муассисаҳои тандурустии Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари ИДМ ба шаҳрвандон дода мешавад, дар Тоҷикистон расман эътироф мешавад.
Дар хабарнома омадааст, ки «ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳод кардани маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд».
Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии сирояти COVID-19 дар миёни мардум бекор карда мешавад.
Дар асоси ҳамин қарори Ситод баргузор кардани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.