ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ

АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН

Тоҷибой ИКРОМОВ,
ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик»

ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ
АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН 
 ба ӯзбекӣ низ чоп шуд
Чунин ном дорад китоби Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони ӯзбекӣ («Тожиклар тарих кӯзгусида. Орийлардан Сомонийларгача») тарҷума шуда, аз тариқи нашриёти «Тафаккур» дар Тошканд интишор ёфт.
Китоби мазкур аз чор қисм иборат буда, дар он таърихи қадим ва муосири халқи тоҷик чун як риштаи ногусастании пайвандгари даврҳо аз лиҳози сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабӣ бо истифода қариб аз сесад манбаи илмиву таърихӣ ва асноди мӯътамад ба қалам дода шудааст. Он, ки бештар аз панҷсад саҳифаро дарбар гирифтааст, таърихи тамаддунҳои даврони Зардушту Суғд, Бохтару Ҳахоманиширо фаро мегирад.
– Асар дар баробари инъикоси таърихи бошаъну шукӯҳи халқи тоҷик оинаи таърихи мардумони муқими минтақа низ мебошад, ки тӯли асрҳои зиёд дар як ҳавзаи фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ ба сар бурдаанд, – гуфт дар маросими рӯнамоии китоб дар Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатияи Тошканд сафири томулихтиёри Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ. – Азбаски асар дар охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта таълиф гаштааст, муаллиф дар оинаи афкори давраи навини таърихи халқи тоҷик – замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози назар менамояд. Ва табиист, ки таҳаввулоти таърихи пурмашаққати мардумамон дар солҳои пас аз касби истиқлолият низ ба қалам гирифта шудааст.
Муаллиф Эмомалӣ Раҳмон, ки худ ба ҳайси роҳбари ҷумҳурӣ дар он солҳои доғу даргир дар меҳвари ҷараёни сулҳоварӣ ва пойдорсозии давлати ҷавони Тоҷикистон қарор дошт, наметавонист он замони ҳассос ва сарнавиштсози миллатро чун шоҳид ва воҳиди онҳо аз доираи ибрози назар берун гузорад. То ин ки дар ҷумҳурӣ ба даргирии дохилӣ ва парокандагӣ хотима гузошта шавад, то охири солҳои 90-ум чандин марҳилаи мулоқот бо мухолифини сиёсӣ дар шаҳру мамлакатҳои гуногун анҷом дода шудаанд. Ва оқибат пас аз гуфтугӯҳои солҳои зиёд ҷонибҳо ба тааҳҳуд расиданд, ки сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор созанд, ки дар натиҷа ин воқеаи таърихӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ номгузорӣ гардид.
Дар китоб маҳз ҳамин даврони нави таърихи халқ чун сабақи таърих ва таҷрибаи талхи парокандагиву бесуботии сиёсиву иҷтимоӣ ва хештаншиносӣ қаламдод мегардад.
Ҳоло  пас аз забонҳои русиву қазоқӣ, англисиву арабӣ ба забони ӯзбекӣ ҳам нашр гардидани чунин асар, ба таъбири доктори улуми сиёсатшиносӣ, профессор Нарзулло Ҷӯраев, ҷашни ҳарду халқ аст.
– Мардуми тоҷик аз халқҳои тамаддунсози ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар таърихи башарият нақши муҳими маданӣ дорад. Ва аз ин нақши тамаддунсоз тамоми халқҳои минтақа низ баҳраманд шудаанд, – гуфт ӯ дар маросими рӯнамоии китоби мавриди назар. – Эмомалӣ Раҳмонро мо  чун эҷодкори сулҳу субот дар минтақа низ мешиносем, ки дар тӯли солҳои  роҳбарии худ то чӣ андоза барои пойдории на танҳо Тоҷикистон, балки барои суботи минтақа ҳам саҳмгузор аст. Фикр мекунам, ки ӯ чун муаллифи ин асари гаронбаҳо низ аз ин дарича нигоҳ карда, барои шинохти фалсафӣ ва таъриху маданияти минтақа аҳамияти хоса додааст. Аз ин боис он дар ҷараёни муосири таърихӣ аҳамияти муҳим касб менамояд идома медиҳад сиёсатшинос.
Пӯшида нест, ки ҳаёти халқи тоҷик дар масири таърих на ҳамеша ҳамвору осуда ва равон будааст. Чун далели тахайюлӣ муаллиф дар қисми якуми асар ин шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ Мӯъмин Қаноатро истифода мекунад, ки дар қолабу андозаи бадеӣ шарҳи ҳол менамояд: ...Қонуни аввалро навишт дар исмати зояндахок, Шаҳри наве бунёд кард, боғи наве обод кард...
– Ҳанӯз сеним ҳазор сол пеш дар минтақа баҳам омадани тамаддунҳои маҳаллӣ воқеият аст.  Ҳамон дар асоси хати суғдӣ ба вуҷуд омадани фарҳанги хаттии уйғур ба ин далел аст. Ва табиист, ки имрӯз ин маданиятҳоро аз ҳам гусаста намешавад, – мегӯяд доктори улуми таърих, профессор Мирсодиқ Исҳоқов. – Ҳамин тариқ омезиши фарҳанг ва арзишҳои ориёӣ ё эронӣ бо туркӣ таърихи тӯлонӣ дорад ва аз ин сабаб чанд рӯзи охир, ки ин китоб бо ман аст, онро аз даст гузошта наметавонам. Ман дар шаҳри Тошканд таваллуд ёфтаам. Ёдам ҳаст, ки дар бачагии ман падарону амакҳоямон байни ҳам ба тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Аз ин боис таъсири мутақобилаи фарҳангҳоро ман дар ҳаёти шахсии худ дидаам ва медонам...
Таълифи чунин як асари муҳим, ки дар муносибати мутақобилаи ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон воқеаи пураҳамияти сиёсиву фарҳангиву илмӣ ба шумор меравад, дар даврони бархурди тозаи Ӯзбекистони навин бо ҷомеаи ҷаҳон ва хусусан ҳамсоягон падидаи нек аст ва ин тамоил бо далели иродаи қатъии роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бебозгашт ва муттасил хоҳад буд.
Дар зимн сафир Содиқ Имомӣ низ, ки маъмурияташ дар Ӯзбекистон ба поён мерасаду ба ин муносибат ва саҳмаш дар боло бурдани муносибати ҳасанаи ду ҷумҳурӣ дар тамоми ҷанбаҳо ва нақши шахсиаш дар он ӯро Шавкат Мирзиёев бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдир намуд, илова кард, ки хусусан дар арафаи ташрифи баландпояи мақомоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тарҷума ва нашри чунин як китоб дар Тошканд иқдоми рамзӣ мебошад, ки далел аз эътимод ба ҳамдигар ва  мавҷудияти хоҳишу иродаи қатъии ҷонибҳо барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: