«ТОҶИКОН» – ДАР ОСОРХОНАИ УСТОД АЙНӢ

ХАБАР

Рӯзҳои дар Самарқанд идома ёфтани маҷлиси Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони  ҳамкории Шанхай Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ, сардори раёсати робитаҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ва дигарон ба хона-музейи устод Садриддин Айнӣ ташриф оварда, ба хазинаи осорхона тӯҳфаи бебаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – асари безаволи арбоби давлатӣ, сиёсатмадори варзида Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро тантанавӣ супурданд.
Китоби мазкур бори нахуст ба забони русӣ соли 1972 дар нашриёти бонуфузи «Наука» ва сипас, баъди даҳ сол дар нашриёти «Ирфон» ба тоҷикӣ тарҷумаву чоп шуда буд. Дар асари мазкур марҳилаҳои асосии ташаккул ва инкишофи тамаддуни тоҷикон, аз ҷумла адабиёту санъат, илму фарҳанги гузаштагони мо шарҳу таҳлил ёфтааст.
Соли 1910 этнограф ва антропологи рус А. Шишов низ бо номи «Тоҷикон» китобе навишта буд, ки дар шаҳри Тошканд ба табъ расидааст.
Устод Айнӣ дар очерки «Маънои калимаи тоҷик» баъзе маълумотҳоро доир ба масъалаҳои  таърихи тоҷикон гуфта буд, ки сафир Раҳмонзода дар баромади худ дар ин бора қайд кард.
— Боиси хурсандӣ, ки бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев риштаҳои дӯстӣ бо Тоҷикистон густариш меёбад, – иброз дошт директори осорхонаи устод Айнӣ Амриддин Пӯлодӣ, – чанде пеш аз Тоҷикистони бародарӣ бисёр асарҳои ҷолиби диққат ба хона-музейи устод Айнӣ тӯҳфа шуд, ки сипосгузор ҳастем. Ҳоло олимону донишҷӯёни мактабҳои олии Самарқанд аз асарҳои пурарзиш истифода мебаранд.
Умедворам, ки асари беҳтарину нотакрори «Тоҷикон» ҳамчун  экспонати беназир истифода мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: