ТОҶИКОН ВА ТОҶИКЗАБОНОН

Намедонам дигарон аз тоҷик будани худ то куҷо ифтихор доранд, вале инҷониб гоҳо, бо назардошти тамоми маҳрумияту маҳдудиятҳо ва камбиниву нодидагириҳо, шукр мекунам, ки аз модари тоҷик ба дунё омадаам.

Намедонам дигарон аз тоҷик будани худ то куҷо ифтихор доранд, вале инҷониб гоҳо, бо назардошти тамоми маҳрумияту маҳдудиятҳо ва камбиниву нодидагириҳо, шукр мекунам, ки аз модари тоҷик ба дунё омадаам. На, шукру ифтихори ин ҷониб аз миллатгароӣ маншаъ намегирад. Зеро ҳеч дар ёди он набудаам, ки миллати тамаддунсози худро аз дигар қавмҳо болотар гузорам ё ба ақвоми дигар бо чашми таҳқир нигариста бошам. Фикр мекунам, ангезандаи ин эҳсоси муқаддас миллатпарварист. Барилова, дар ин ақидаам: оне, ки ба қавми худ арҷ мегузорад, барояш кулли ақвоми дунё азиз аст. Дӯст доштани фарзанди дигарон аз дӯст доштани фарзанди худ оғоз меёбад. Касе, ки ғамхори модари худ аст, ғами кулли модарони дунёро мехӯрад...
Модарам нони нав аз танӯр кандаашро дар об тар карда, нимашро ба ман ва ними дигарашро ба писари ҳамсоя, ки якҷо бозӣ мекардем, медод. Падарам, дар баробари дӯст доштани мо, дасти навозиш ба сари фарзандони хешони дуру наздикаш низ мениҳод. Боре ӯ рухсат дода буд, ки писари ҳамсоя низ ба велосипеди нави ман савор шавад. Модарам вақте ҷавони қазоқи деҳа бар асари садамаи автомобилӣ қазо карда буд, баробари модари ӯ худро аз гиря боздошта наметавонист...
Дигаронро намедонам, вале як андак таҳқир нисбати модар, забони модарӣ ва қавм барои инҷониб гарон меафтад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки аксарияти номуси миллӣ ва ҳисси худшиносӣ доштагон таҳқирро намепазиранд. Як мисол. Номи яке аз қавмҳои Осиёи Марказӣ, бино ба талаффуз ва навишти худашон “ӯзбек” аст. Вале кулли форсигӯёну арабони дунё ин вожаро, бидуни ягон таҳқир, дар шакли “ӯзбак” менависанд ва талаффуз мекунанд. Вожа дар фарҳангҳояшон низ дар ҳамин шакл омадааст. Вале ин шакли талаффуз ва навишт ба бародарони ӯзбек хушоянд нест. 
Мисли ҳамин, фикр мекунам, нисбати тоҷикон дар талаффузу навишт корбурди вожаи “тоҷикзабон” хушоянд нест. Русҳо ва дигар ақвоми русзабон гоҳо ибораи “рускоязычное население” (аҳолии русзабон)-ро мавриди корбурд қарор медиҳанд, ки ҳадафи ин ибора на русҳо, балки аҳолиест, ки бо забони русӣ ҳарф мезананд ё таълифоте анҷом медиҳанд. Мисолан, Чингиз Айтматови қирғиз ва Темур Зулфиқорови тоҷик на нависандагони рус, балки нависандагони русзабон ҳастанд. Ба ҷуз ин, дар Русия қавму халқиятҳое ба сар мебаранд, ки барои табодули афкор забони русиро интихоб намудаанд. Онҳоро агар русзабон гӯед, намеранҷанд. 
Дар Ӯзбекистон яҳудиёни бухороӣ, лӯлиён ва қисмате аз арабҳо тоҷикзабон мебошанд. Шоирони классики турктабор Амир Хусрави Деҳлавӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил (ин руйхатро метавон идома дод) низ тоҷик-форсзабон ҳастанд. Вале тоҷик тоҷик аст, на тоҷикзабон. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. Биноан, фикр мекунам, вақте аз номи тоҷикон сухан гуфта мешавад, нисбати онҳо корбурди  вожаи “тоҷикзабон” ба ҷуз таҳқир чизи дигаре нест...
Чанде қабл як тоҷики “донишманд”дар гирдиҳамоие аз вазъи адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон баромад карда, бе ҳеч истиҳола, нисбати аҳли адаби тоҷики ҷумҳурӣ, аз ҷумла инҷониб, вожаи “тоҷикзабон”-ро ба кор бурд. Аз ин гуфта чунин бармеояд, ки шоиру нависандагони тоҷики Ӯзбекистон дар асл намояндагони дигар қавманду ба тоҷикӣ эҷод мекунанд.
Корбурди вожаи “тоҷикзабон” нисбати тоҷикон то ҷое ба осиёби миллатгароёне, ки дар нимаи аввали садаи ХХ мегуфтанд, ки дар Осиёи Марказӣ қавме бо номи тоҷик вуҷуд надорад, онҳое, ки мегӯянд: мо тоҷикем, дар асл турк ё араб буда, ба таъсири мактабу мадрасаҳо забонашонро гум кардаанд, об мерезад. Ана ҳамин ба осиёби дигарон обрезиҳо буд, ки тоҷикон, дар нимаи якуми асри сипаригардида талафоти калони маънавӣ диданд...
Худшинос бошем. Худшинос аз бандагони дӯстдоштаи Худост. 

А. СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: