ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН – БАРОДАРОНИ ҶОВИДОН!

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи оянда бо сафари расмӣ ба Душанбе меравад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи оянда бо сафари расмӣ ба Душанбе меравад. Ин ташрифи чаҳорумини сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳамчун Президент мебошад. Бори охир Шавкат Мирзиёев соли 2019-ум барои иштирок дар ҳамоиши панҷуми Машварат оид ба ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё ба Душанбе сафар карда буд.
Дар арафаи сафари Президент Шавкат Мирзиёев директори генералии Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон – ӮзА Абдусаид Кӯчимов ва директори Оҷонсии миллии иттилоотии «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ дар бораи ҳолати кунунӣ ва пешомадҳои ҳамкории ду кишвар суҳбат карданд.
А.Кӯчимов: – Муҳтарам Саидалӣ Раҷабалӣ, биёед рӯзҳоеро, ки дар таърихи ҳамкории мамлакатҳои мо саҳифаи нав кушоданд, ба хотир оварем. Тавре ки маълум аст, 9-10 марти соли 2018-ум Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев аввалин сафари давлатиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард. Саҳв намешавад, агар гӯем, ки ин ташриф дар таърихи ду мамлакат давраи навро боз намуд.
– С.Сиддиқ: – Оре, ин воқеаи таърихӣ буд, зеро роҳбари Ӯзбекистон баъди тақрибан 20 сол бори аввал бо сафари давлатӣ ба кишвари мо ташриф оварда буд.
А.Кӯчимов: – Дар Ӯзбекистон ба сафари мазкур тайёрии махсус дида буданд. Пеш аз ташрифи Президенти кишвари мо ба Душанбе мушкилоти зиёде, ки тӯли солҳои бисёр дар байни ду мамлакат мавҷуд буданд, яке аз паси дигар дар пояи мулоқот, ҳусни тафоҳум ва эҳтиром ҳаллу фасл гардиданд. Бо саъю кӯшишҳои сарони давлатҳои мо масъалаҳои марзбандии сарҳадҳои давлатии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон куллан ҳаллу фасл шуданд. Боркашониҳои автомобилӣ, ҳаракати роҳҳои оҳани байни Тошканд ва Душанбе барқарор гардиданд. Дар минтақаи Самарқанд – Панҷакент шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди А-377 кушода шуд. Гузаргоҳҳо дар сарҳадҳои давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон кори худро оғоз карданд, ки воқеан ба ҷашни ду халқи бародар табдил ёфт.
С.Сиддиқ: – Каме пештар, моҳи марти соли 2017 дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти миллӣ таҳти тамғаи «Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст» ва анҷумани тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии ду мамлакат бомуваффақият баргузор гардид. Ин вохӯрии аввалин баъд аз дарёфти истиқлолияти ду халқ буд, ки ҳазорсолаҳо бо урфу одатҳои ягона, ақди никоҳҳои омехта  ва бо сулҳу салоҳ паҳлӯи ҳам мезистанд, меҳмони хонаҳои якдигар мешуданд.
А.Кӯчимов: – Оре, мо худ дар Интернет хондаву дар матбуот равшан кардаем, ки чи гуна душанбегиён молҳои дар Ӯзбекистон истеҳсолшударо бо ҳайрату шодмонӣ тамошо мекарданд, дар бораи муваффақиятҳои мо, аз яхдонҳо, телевизорҳо, телефонҳои мобилӣ то истеҳсоли автомбилҳои боркашону сабук, автобусҳо, техникаҳои хоҷагии қишлоқ ва мошинҳои махсус сухан мегуфтанд.
С.Сиддиқ: – Бале, ин ҳақиқат аст. Ман худ шоҳид будам. Сипас ҳангоми сафари Президенти мамлакати мо дар Тошканд намоишгоҳи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» баргузор гардид. Дар намоишгоҳ маҳсулоти зиёда аз 60 корхонаҳои бузурги саноатии кишвари мо: «Талко», «Ғаюр семент», «Моҳир семент», «Фароз», «Шири Душанбе», «Ангишт», «Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин», «Қолинҳои Қайроққум», «Амирӣ», «Мақолли», «Оби зулол» пешниҳод гардиданд. Корхонаҳои коркарди филизот, мошинсозӣ, мудофиа, хӯрокворӣ, кимёвӣ, ангишт ва саноати сабук номгӯйи зиёди маҳсулоти худро намоиш доданд.
А.Кӯчимов: – Алҳол дар бораи ҳамаи ин сухан гуфтан осон аст. Вале замоне буд, ки ду халқ, ки паҳлӯи ҳам мезистанд, аз як дарё об менӯшиданд, чоряк аср алоқа надоштанд, барои якдигар бегона буданд...
С.Сиддиқ: – Оре, ёдкарди ҳамаи ин андӯҳовар аст: мардуме, ки пештар барои якдигар комилан хешу табор буданд, замоне барои ҳамдигар бегона гардиданд. Дар ноҳияи Ленини мо, ки ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ номида мешавад, бисёр ӯзбекон мезистанд ва ҳоло низ дӯстона зисту зиндагӣ доранд. Дар деҳкадаи Навобод, ки дар шафати истгоҳи роҳи оҳани Айнӣ (қарибии Душанбе) воқеъ асту ман дар он ҷо таваллуд шуда ба воя расидаам, қашқадарёиён зиндагӣ мекунанд. Мо дар як мактаб хондем, тоҷикон дар синфҳои тоҷикӣ, ӯзбекон дар синфхонаҳои ӯзбекӣ. Ҳеч кас ҳеч гоҳ худро бегона эҳсос намекард.
А.Кӯчимов: – Дар мо низ чунин мавзеъҳо буданд. Ман дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, таваллуд шудаам. Дар ин ҷо тоҷикон зиёданд. Дар ҳар кадом хона, дар ҳар кадом тӯй оҳанг ва сурудҳои тоҷикӣ садо медиҳад. Умуман дар мо, ӯзбекон ва тоҷикон, нафақат минталитет ягона аст, ҳатто оҳангу сурудҳо, метавон гуфт як хел садо медиҳанд, зеро мо савтиёти ягона дорем... Барои мисол бигирем «Шашмақом»-ро, ки  шаш мақоми тоҷикист. Ҳангоме ки оҳангҳои он садо медиҳанд, кас наметавонад пешгӯӣ кунад, ки суруд ба забони ӯзбекӣ хоҳад буд, ё тоҷикӣ.
С.Сиддиқ: – Мо нафақат дар мусиқа, балки дар баргузор кардани тантанаҳо низ бисёр ҷиҳатҳои ҳаммонанд дорем. Моро қисмати ягонаи таърихӣ, динӣ, суннатҳои фарҳангӣ, урфу одатҳо, таомҳо, сару либосҳо муттаҳид мекунанд, ҳатто минталитети мо тақрибан ягона аст. Бигирем, барои намояндагони миллатҳои дигар бо нишонаҳои зоҳирӣ шинохтани ӯзбекон аз тоҷикон хеле душвор аст. Чӣ ӯзбекон ва чӣ тоҷикон аз сарватҳои ғановатманди мероси фарҳангии якдигар истифода мебаранд. 
Ҳамаи инро мо гӯё фаромӯш кардем, ҳамааш пас аз солҳои аввали истиқлолият аз хотирҳо зудуда шуданд. Ҳамин тариқ, ҳама дигаргун гардид. Сарҳадҳо баста гардиданд, одамон наметавонистанд ба хонаҳои хешовандонашон, ки дар ду ҷониби марз зисту зиндагӣ мекарданд, барои дидорбинӣ раванд.
А.Кӯчимов: – Соҳибкорони ӯзбекистониро лозим меомад харидорони худро ҷустуҷӯ кунанд, ҳарчанд харидор дар паҳлӯяшон буд. Фикр мекунам, дар Тоҷикистон низ барои фурӯши маҳсулоти шумо чунин мушкилот вуҷуд дошт.
Баъд аз он ки Президент Шавкат Мирзиёев Президенти Ӯзбекистон гардид, яхи байни муносибатҳои тарафайни мо об шуд ва халқҳои мо боз бо ҳам забон ёфтанд. Алҳол ин комёбиҳое, ки тӯли 4-5 соли охир дар байни муносибатҳои тарафайни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба даст омадаанд, бешубҳа, тавре ки коршиносони байналхалқӣ иброз медоранд, метавонанд барои давлатҳои дигар намуна шаванд.
С.Сиддиқ: – Бешубҳа!
А.Кӯчимов: – Ман бесабаб суҳбатамонро аз воқеаҳое, ки дар таърихи муносибатҳои тарафайни мо давраи навро боз карданд, оғоз нанамудам. Тавре ки маълум аст, дар Ӯзбекистон нисфи сокинони Осиёи Марказӣ зисту зиндагӣ мекунанд. Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кишварҳое мебошанд, ки нафақат бинобар мавқеи ҷуғрофӣ, балки аз назари таърих ва тақдир низ зич алоқаманданд. Бинобар ҳамин ҳам Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба сифати роҳбари давлат ба таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон эътибори махсус медиҳад. Ба ин маънӣ аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар моҳи августи соли 2018-ум идомаи мулоқоти қарини сиёсии байни кишварҳои мо гардид. Шумо дар ҳайати намояндагони ҳукуматии кишвари худ будед ва ҳамаашро мушоҳида кардед, ки Президентҳои ду мамлакат масъалаҳои рӯзмарраи таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, обу энергетика ва дигар ҷанбаҳои муҳим баррасӣ намуданд. Ҳамчун натиҷаи кори бузурги муштарак Шартномаи шарикии стратегии байни кишварҳои мо ба имзо расид, ки аз ибтидои даврони нави муносибатҳои нав шаҳодат медиҳад. Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо 28 ҳуҷҷат имзо гардид.
С.Сиддиқ: – Пас аз ин ташриф президентҳои кишварҳои мо чандин бор дар доираи ҳамоишҳои гуногуни байналхалқӣ вохӯрданд. 14-15 июни соли 2019 Президенти Ӯзбекистон ба Душанбе омад ва дар ҳамоиши панҷуми Машварат оид ба ҳамкории тарафайн ва тадбирҳои эътимод дар Осиё (МҲТТЭО)  иштирок кард. Суҳбатҳои телефонии сарони кишварҳои мо ба муносибати санаҳои мухталиф ё худ бинобар масъалаҳои рӯзмарра ҷиҳати доимӣ пайдо карданд. Табодули ҳайатҳо аз ҷумлаи аъзои ҳукумат, вазорат, идора ва минтақаҳои кишварҳои мо мунтазам гузаронида мешаванд.
А.Кӯчимов: – Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои муфиди тарафайни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба сатҳи нав бардошта шуданд ва ба манфиатҳои дарозмуҳлати халқҳои ду мамлакат, аз ҷумла мақсадҳои таъмин кардани сулҳ, эътидол, амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ҷавобгӯ мебошанд. Оё чунин нест?
С.Сиддиқ: – Оре, муносибатҳои муфиди тарафайни ду кишвар, ки ба дӯстии бисёрасринаи тоҷикону ӯзбекон такя мекунад, чаҳор соли охир воқеан ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуд. Дар байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имрӯз зиёда аз 70 муоҳида дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва маданият ба имзо расиданд. Даҳҳо корхонаҳо дар Тоҷикистон бо иштироки сармояҳои Ӯзбекистон, дар Ӯзбекистон бошад, бо иштироки сармояҳои Тоҷикистон кор мекунанд. Барои ба роҳ мондани робитаҳои бевоситаи байни  намояндагони соҳибкорони ду мамлакат дар Душанбе ва Тошканд анҷуманҳои тиҷоратӣ гузаронида мешаванд, Шӯрои соҳибкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
А.Кӯчимов: – Бале, солҳои охир робитаҳои маданиву башардӯстона низ фаъол шуданд, ки халқҳоямонро қаринтар мекунанд. Дар Тошканд Маркази миллию фарҳангии Тоҷикистон, дар Душанбе бошад, Маркази миллию фарҳангии Ӯзбекистон кушода шуданд. Дар ҳар ду мамлакат мактабҳо бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ амал мекунанд, рӯзномаҳо ба ҳар ду забон чоп мешаванд. Сафарҳои тарафайни ҳайатҳо, кормандони эҷодӣ ташкил мегарданд, рӯзҳои маданият, консертҳо, намоишгоҳҳо, конфронсҳо гузаронида мешаванд. 
С.Сиддиқ: –Ба қарибӣ, 19-22 дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор шуд... Барпо намудани консерту дидорҳои адабӣ бо иштироки ду халқ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Ҳамаи ин, албатта, хушоянд аст. Фарҳанг дастоварди олии инсонист. Яъне он дороии моддӣ, кашфиётҳои илмию техникӣ, суннатҳои маънавӣ, асарҳои адабӣ ва ҳунарӣ мебошад, бинобар ин робитаҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи воситаҳои самарабахштарини фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳост, зеро фарҳанг, илм, адабиёт, санъат – ин дастоварди тамоми инсоният буда, аз кулли сарҳадҳо ва монеаҳои миллӣ волотар аст. Дар ин маврид эътироф кардан ва муносибати боэҳтиромона доштан ба таърих ва фарҳанги якдигар хеле муҳим мебошад. Ҳамаи инро маҳз мубодилаи фарҳангии байни кишварҳо ва халқҳо таъмин карда метавонад.
А.Кӯчимов: – Ба ин маънӣ дар Душанбе кушода шудани боғи ба номи Алишери Навоӣ ва дар Самарқанд гузошта шудани муҷассамаи намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷик ва ӯзбек Абдураҳмони Ҷомиву Алишери Навоиро метавон  намунаи ҳусни эҳтиром ва санади иродаи неки президентҳои кишварҳоямон ҳисобид. Ғайр аз он, ба яке аз истгоҳҳои метрои Тошканд номи шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода гузошта шуд. Ман мехостам ин рӯйдодро таърихӣ номам, аммо онҳо на танҳо аҳамияти таърихӣ, балки аҳамияти муҳим низ доранд, зеро онҳо ба мо ҳуввиятро ба ёд меоранд, ки имрӯз бояд эҳё ва тақвият дод.
Ман дӯстӣ ва ҳамкориҳои шахсиятҳои бузургамон чун Ҷомиву Навоӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ бо Шароф Рашидов ва Ғафур Ғулом, Зулфиябону, Лоиқ Шералӣ бо Эркин Воҳидовро дар назар дорам.
С.Сиддиқ: – Эркин Воҳидов солҳои 70-уми асри гузашта дар бораи дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои мо бисёр навиштааст. Ман шеъри ӯро, ки дар сомонаи мо чоп шуда буд, ёд дорам. Дар он сатрҳои зерин ҳастанд:
Биз икки ёндош юртга,
Қадрдон жондош юртга,
Қадимдан қондош юртга,
Фарзанд бӯламиз, дӯстим.
Ин мисраъҳо ба тоҷикӣ тақрибан чунин садо медиҳанд:
Ба ду кишвари ҳамхон,
Ба ду халқи меҳрубон,
Ба ду мардуми ҳамсон,
Фарзанд мо, бародар.
А.Кӯчимов: – Ин шеър «Тожик биродаримга» («Ба бародари тоҷикам») ном дорад, вай дар китоби «Бедорлик» («Бедорӣ»), ки дар Тошканд, фикр мекунам, соли 1985 нашр шуда буд, чоп шудааст.
Мо ҳоло бо шумо робитаҳои адабии ӯзбекиву тоҷикиро ба хотир овардем, ки решаҳояшон ба қаъри асрҳо мерасанд. Шакли зуҳури ин робитаҳо гуногунанд, яке аз онҳо шеърҳои ба ду забон навишташуда ё худ зуллисонайн мебошанд. Тавре ки шумо медонед, бисёр шоирону нависандагон, аз ҷумла Хоҷа Исмат Бухороӣ, Садриддин Айнӣ, Абдурауф Фитрат, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Баҳриддин Азизӣ, Рашид Абдулло ва дигарон асарҳои худро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод кардаанд.
С.Сиддиқ: – Бале, ҳамин тавр аст. Дар натиҷаи дузабонӣ дар шеърият жанри ғайриоддии шеър «ширу шакар» арзи вуҷуд кард, ки матни он бо ду забон навишта мешавад. Барои мисол, яке аз шоирони мо навиштааст:
«Азизам, хуш келибсиз!» – 
гуфтаму оғӯш бикшодам,
Пас аз даҳсолаҳо аз дидани дидори 
ту шодам».
Маро гуфтӣ: «Қалай, яхшимисиз, 
дӯсти азизи ман?»
Ба хушнудӣ бигуфтам: 
«Ту ҳамеша дар дилу ёдам».
А.Кӯчимов: – Хеле хуб гуфта шудааст! Офарин ба шоири он! Ман аз таҳти дил мегӯям. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки нафақат ғоя ва мазмун, балки жанр ва шаклҳои адабӣ низ метавонанд рӯзмарра бошанд. Зеро «ширу шакар» рамзи ҳаёти орому муътадил аст, ки дар олами ноороми кунунии ҷаҳонишавӣ хеле муҳим мебошад.
С.Сиддиқ: – Шумо дуруст таъкид кардед. Саъю кӯшиш барои ҳамдиливу ҳамгароии инсонӣ  имрӯз дар роҳи сиёсии сарони давлатҳои мо ҷиҳати асосӣ ба шумор меравад.
А.Кӯчимов: – Мо дар бораи сафарҳои пешинаи сарварони ду давлат ҳарф задем. Ба шарофати иродаи қатъии сиёсӣ ва саъю кӯшишҳои муштараки президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон солҳои охир ҳамкориҳои васеъмиқёси байни ду кишвар дар тамоми соҳаҳо бо суръат ривоҷ меёбанд. Ба мақсади мунтазам идома додани ин ҷараёни мусбат ва ба дараҷаи сифатан нав бардоштани ин муносибатҳои муфиди тарафайни кишварҳои мо бинобар даъвати Президенти Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ ташрифи расмии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба кишвари шумо пешбинӣ гардидааст. Мушаххас сохтани самтҳои нави шарикии стратегии кишварҳои мо, ҳамчунин вусъат додани робитаҳои бисёрҷанба дар пояи лоиҳа ва барномаҳои азими муштарак пешбинӣ мегардад. Дар Тоҷикистон ба ин сафар чӣ гуна тайёрӣ мебинанд?
С.Сиддиқ: – Тайёрӣ бо суръати баланд идома дорад. Қисмати пурмуҳтавои ташрифи расмии Президенти Ӯзбекистон омода карда мешавад. Ногуфта намонад, ки ин дар мулоқоти охири Сарвазирон Қоҳир Расулзода ва Абдулла Арипов баррасӣ шуда буд. Масъалаҳои пурмазмун сохтани барномаи чорабиниҳои дараҷаи олӣ, аз ҷумла лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки бояд дар ҷараёни ташриф ба имзо расанд, баррасӣ шуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин чораҳо бобати аз 500 миллион доллари соли 2020-ум то 1 миллиард доллар зиёд кардани савдои тарафайн дар солҳои наздиктарин аз ҳисоби ихтисор намудани тартиботи тиҷоратӣ ва таъмин сохтани дастёбии мусоиди маҳсулот дар бозорҳои ду мамлакат муҳокима гардиданд.
Маълумот дар бораи тайёрӣ ба сафари пешистодаи сарвари Ӯзбекистон ҳангоми мулоқоти вазири рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири сармояҳову савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов низ садо дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи оғоз ёфтани бақайдгирии журналистоне, ки ташрифи Президенти Ӯзбекистонро равшан хоҳанд кард, хабар эълон кард.
Дар бораи барномаи қисмати фарҳангии сафар бошад, мо ҳоло гурӯҳи азими ҳунармандонро аз Ӯзбекистон интизорем. Онҳо якҷо бо ҳунарпешаҳои тоҷикистонӣ дар консерти «Шаби дӯстӣ», ки дар маҷмӯи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад, ширкат меварзанд.
А.Кӯчимов: – Бояд эътироф кард, ки халқҳои мо дар муносибатҳои байни кишварҳоямон давраҳои гуногунро аз сар гузаронидаанд. Шукри Худованд, ки имрӯз байни мамлакатҳои мо дар ягон соҳа мушкилоти ҳаллу фаслнашуда нест. Мо шоҳид шудем, ки муташанниҷии замоне ҳукмрон на ба иқтисодиёт, на ба фарҳанг, на ба аҳолӣ фоида овард. Бинобар ҳамин ҳам имрӯз кишварҳои мо ба пешрафт, пеш аз ҳама ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ эътибори махсус медиҳанд, аз ин хусус иштироки ҳайат бо сарварии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷамъомади 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки 14-15 май дар Тошканд баргузор гардид, шаҳодат медиҳад.
Агар ба инкишофи савдои тарафайни байни кишварҳои мо дар тӯли солҳои охир назар дӯзем, метавонем пешрафти мусбатро мушоҳида кунем. Бо вуҷуди пандемия соли гузашта робитаҳои тиҷоратӣ қатъ нагардиданд. Тӯли ду соли охир мубодилаи тарафайни мол бидуни ҳисобу китоби хидматрасонӣ беш аз 10 баробар афзуд. Дар ин бобат восита ва хидматҳои нақлиётӣ, маҳсулоти бофандагӣ ва пластмассавӣ, техникаҳои маишӣ мавқеи асосӣ доранд. Муоҳидаҳо дар бораи ҷамъбандии техникаҳои кишоварзӣ, истихроҷи маводи сохтмон, маҳсулоти тайёри бофандагӣ, хӯрокворӣ ва ғайра татбиқ мегарданд. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикӣ мустаҳкам мешавад. Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ расонда медиҳад, ҳаҷми воридоти энергияи электрӣ аз Тоҷикистон меафзояд. Барои ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои мо бобати вусъат додани гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва байналхалқии транзитӣ имкониятҳо мавҷуданд.
С.Сиддиқ: – Ҳамаи ин, бешубҳа, касро хурсанд мекунад. Агар дар ёд дошта бошед, сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Тошканд изҳор дошт, ки муносибат бо Ӯзбекистон барои Тоҷикистон ҳамеша ҷиҳати асосии сиёсати хориҷии мамлакати мо буд ва чунин мемонад. Ин пояи ҳамкориҳост. Яъне пеш аз ҳама ба муносибатҳо бо ҳамсоягони наздик бояд эътибор дод. Ин муносибатҳо бояд самимӣ ва эътимодбахш бошанд, ки мо онро ҳоло мушоҳида мекунем.
Тоҷикон чунин мақол доранд: «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар». Зеро дар ҳама гуна душвориҳо маҳз ҳамсоя аввалин шуда ба кӯмак мерасад. Хешу табор, ки дар дур зисту зиндагӣ мекунанд, аксаран ба кӯмаки саривақтӣ расида наметавонанд.
А.Кӯчимов: – Бояд гуфт, ки Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон, ки соли 2018-ум ба вуқӯъ пайваст, низ изҳор дошт, ки рушди муносибатҳои дӯстона бо Тоҷикистони ҳамсоя яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад, мо тайёрем муносибатҳои дуҷонибаро ба дараҷаи беш аз пеш баланд бардорем ва онҳоро бо муҳтавои нави амалӣ пурра кунем.
Таҳлилгари асосии яке аз муассисаҳои пешқадами молиявии Русия – «Совкомбанк» Михаил Василев дар мақолае, ки ба наздикӣ таҳти унвони «Ӯзбекистон – паланги нави Осиёи Марказӣ» чоп кард, менависад: «Феномени махсуси иқтисодӣ – «палангони осиёӣ» аллакай ба китобҳои дарсии иқтисодиёт ворид шудааст. Палангони мавҷи аввалини осиёӣ – Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур, Тайван ва Гонконг дорои замони пешравии худ аз солҳои 1960-ум то солҳои 1990-ум буданд, пешрафти босуръати онҳо пас аз буҳрони осиёии соли 1998-ум ба эътидол афтод. Палангони ҷараёни дуюм – Индонезия, Малайзия, Ветнам ва Таиланд бозсозиро аз охири солҳои 1990-ум оғоз карданд ва имрӯз аллакай дар силсилаи технологии дӯстони «куҳна»-и осиёӣ, ба онҳо бинобар сохтори  иқтисодиёт наздик гардида, иштирок мекунанд...
Суръати воқеии афзоиши иқтисодиёти Ӯзбекистон аллакай солҳои зиёд боз аз 5 фоиз бештар аст ва ин вазъияти бад нест. Ӯзбекистон якҷо бо Тоҷикистон ягона кишварҳои ИДМ мебошанд, ки соли гузашта бо вуҷуди пандемияи коронавирус бинобар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба суръати мусбат ноил гардиданд».
Бигӯед, ки шумо пешрафти иқтисодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар чӣ мебинед, оё омилҳое, ки ба ин пешрафт монеа шаванд, мавҷуданд? Агар бошанд, шумо бобати аз байн бардоштани ин саддҳо чӣ фикрҳову таклиф мекунед?
С.Сиддиқ: – Ман фикр мекунам, дар роҳи рушди ҳамкорӣ, агар баъзе ҳодисаҳои ҷудогона ва хурди бюрократӣ ё худ дар маҳалҳо корро надонистан ё худ кор кардан нахостанро ба инобат нагирем, ҳеҷ гуна монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд надоранд. Аз ҳама муҳимаш – президентҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои мо алҳол беш аз пеш барои баромадан ба дараҷаи сифатан нави муносибатҳои тарафайн саъй менамоянд. Ҳамчунин қаробату шабоҳати таърихӣ ва фарҳангии халқҳои мо, тавре ки дар ин бобат замоне академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» навишта буд, барои вусъат додани ҳамкории байни кишварҳои мо асосҳои муътамад фароҳам меоваранд.
Вобаста ба ақидаи таҳлилгари «Совкомбанк»-и Русия М.Василев, фикр мекунам, вай дар пояи таҳлили санадҳо ба чунин хулоса расидааст. Санадҳо бошад, собит менамоянд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли гузашта, бо вуҷуди пандемияи коронавирус, воқеан дар ИДМ ба натиҷаҳои беҳтарини иқтисодӣ муваффақ шуданд. Чунончи, тавре ки аз маърӯзаи Бонки рушди Авроосиёӣ бармеояд, Тоҷикистон кишвари ягонаи давлатҳо – аъзои ин банк гардид, ки дар ҷараёни пандемия ба рушди иқтисодӣ муяссар шуд.
М.Василев ҷараёнҳои якум ва дуюми «палангони осиёӣ»-ро мисол оварда, менависад: «Ҳоло замони ҷараёни сеюм фаро расидааст». Воқеан чаро Ӯзбекистону Тоҷикистон муҳаррики ин ҷараён набошанд?! Зеро алҳол дар ҳар ду мамлакат бинобар ҳисобу китобҳо тамоми он имкониятҳое мавҷуданд, ки дар Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур, Тайванд, Индонезия, Малайзия дар оғози «соати пешрафт»-и онҳо вуҷуд доштанд, яъне захираҳои азими табиӣ, сармояи инсонӣ, ҳукумати тавонманд, ислоҳоти муттасили иқтисодӣ ва рушди илму техника, дастгирии тиҷорати хусусӣ, ҷомеаи муътадил мавҷуданд.
Михаил Василев дуруст меандешад, агар ҳолати ғайриинтизорро дар шакли эпидемия ё худ буҳронҳои ҷаҳонӣ сарфи назар намоем, замина барои пешрафт ҳаст. Омилҳое, ки қодир бошанд «паланг»-ро мунтазам бозистонанд ё бештар аз он боздоранд, вуҷуд надоранд.
Сарвари давлати мо, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як ҷумларо зуд-зуд такрор мекунад, ки аз он хеле хушам меояд: «Дар олам ягон кори имконнопазир нест, фақат хоҳиш зарур аст».
А.Кӯчимов: – Муҳтарам Саидалӣ Раҷабалӣ, шумо ҳамчун директори Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» самаранок кор мекунед.
Ҳамкориҳои қарини кишварҳои мо бинобар ба роҳ мондани алоқаҳо дар соҳаи мубодилаи ахбор низ зуҳур мекунанд. Агар дақиқтар гӯем, дар ҷараёни сафари давлатии роҳбари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, ки 17 августи соли 2018 баргузор гардид, дар Тошканд байни ӮзА ва «Ховар» меморандуми ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи ахбор ба имзо расид.
Аз фурсат истифода бурда мехостам бо қаноатмандӣ қайд намоям, ки ин ҳамкорӣ мустақимона идома меёбад. ӮзА тақрибан ҳар рӯз бо кӯмаки оҷонсии иттилоотии «Ховар» навгониҳоро аз ҳаёти Тоҷикистон равшан менамояд. Ғайр аз ин, бояд бигӯям, ки журналистони мо бо таъкид ба «Ховар» маводи таҳлилии хабарнигорони шуморо дар бораи воқеаҳои олам ба хонандагони ӯзбекистонӣ мерасонанд. Дар сомонаи ӮзА барои ин, ҳатто рукни махсуси «Навигариҳои шарикони мо» таъсис ёфтааст.
Шумо ҳамчун журналисти шинохта ва чун роҳбари оҷонсии пешқадами иттилоотии Тоҷикистон, кадом давр ва ҳодисаи байни кишвар ва халқҳои моро аз ҳама муҳиму хотирмон меҳисобед?
С.Сиддиқ: – Фикр мекунам, истиқрори муносибатҳои некҳамсоягии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро, ки тавре шумо таъкид намудед, дар тавзеҳоти мушоҳидони байналхалқӣ ҳамчун «муносибати ғайриинтизор», «гардиш», «ҷаҳиши иқтисодӣ» бисёр зикр шуд. Ва рӯзеро, ки сарони давлатҳои мо ба якдигар бо суханони «бародари азиз» муроҷиат карданд, замонеро, ки мулоқоти самимӣ дар сатҳи олӣ ибтидо гирифт ва барои пурзӯр намудани ҳамкориҳои байниҳукумативу байниидоравӣ пойдевори мустаҳкам гардид. Тоҷикон ва ӯзбекон бародарони ҷовидонанд! Ин ҷиҳат дар таърихи муносибатҳои тарафайни давлатҳои мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Ман эътимод дорам, замоне мерасаду кишварҳои мо хеле инкишоф меёбанд, ки дар саромади он алҳол сарони ду мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев қарор доранд ва мо он муъҷизаи иқтисодиро содир менамоем, ки замоне дар Ҷопон, Сингапур, Малайзия ва кишварҳои дигар, ки имрӯз «палангони осиёӣ» номида мешаванд, содир шудаанд.
А.Кӯчимов: – Бешубҳа, метавон дар бораи миқёси дигаргуниҳои мусбат дар муносибатҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ мисолҳои зиёд овард. Вале ман низ бар онам, ки дастоварди бузургтарини кишварҳои мо ин иродаи сиёсӣ ва кӯшишҳои амалии сарони ду давлат ба шумор меравад, ки дар дилҳои миллионҳо нафар одамон ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар Тоҷикистон эҳсоси гармро бедор мекунад. Руҳи муносибатҳои мо, кайфияти одамоне, ки дар ҳар ду ҷониби сарҳад зисту зиндагӣ мекунанду пештар, ҳамчун тобеони вазъият, солҳо имконияти дидорбинӣ бо хешовандон, дӯстон ва қарибони худро надоштанд, куллан тағйир ёфт. Барои он, ки решаи ин мушкилотро дарк намоем, дар чеҳраи мардум дидани хурсандӣ кифоя аст, ки ҳангоми кушода шудани нуқтаҳои гузаргоҳӣ ва ба роҳ мондани рафтуои нақлиётии байни кишварҳои мо медурахшид.
Барои суҳбат ташаккури зиёд.
С.Сиддиқ: – Ба шумо ҳам ташаккур!

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: