Саҳни бинои собиқ чойхонаи “Ором”-и шаҳри Риштон идгоҳро мемонд.
Саҳни бинои собиқ чойхонаи “Ором”-и шаҳри Риштон идгоҳро мемонд. Ин бино дар маркази шаҳр воқеъ гашта, акнун ба “Кохи дӯстии тоҷикону ӯзбекон” табдил ёфтааст. Дастаи навозандагони хонаи маданияти ноҳияи Риштон дар саҳни бино қатор нишаста, намунаҳо аз оҳангҳои мумтози “Шашмақом”-ро ба эътибори одамони ҷамъомада ҳавола менамуд.
Садои форами мусиқӣ ба чаҳор тараф паҳн гашта, таваҷҷӯҳи равуокунандагони атрофро низ ба худ ҷалб менамуд. Навбат ба дафу доира расид ва сонӣ садои марғуладори карнаю сурнай ба он ҷӯр шуд. Ҳувайдо буд, ки ин ҷо як маросими мутантан баргузор хоҳад шуд. Як тарафи саҳни бино духтарон дар бар либосҳои миллӣ рост истода, намои ин манзараро боз шукӯҳи бештар мебахшиданд.
Саҳни бино аз шахсиятҳои обрӯманди ноҳияи Риштон, ҳамчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо пур мегашт. Онҳо курсиҳоеро, ки дар ду тарафи даромадгоҳи Кохи дӯстӣ қатор гузошта буданд, бо навбат ишғол мекарданд.
Баъди лаҳзае иштирокчиёни ин маҳфили фарҳангӣ ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ва сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Содиқ Имомиро истиқбол гирифтанд.
Маросими кушодашавии “Кохи дӯстии ӯзбекону тоҷикон”-и шаҳри Риштон оғоз гардид.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров меҳмонони ин маҳфилро хайрамақдам гуфт. Вай афзуд, ки ӯзбекону тоҷиконро аз қадим риштаҳои дӯстиву бародарӣ ва хешу таборӣ ба ҳам мепайванданд. Ӯзбекону тоҷиконро таърих, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамсоядории нек барин анъанаҳои хуби чандинасра муттаҳид месозад.
– Ба ин анҷуман бо иштиёқи том омадам, зеро дар кишвари мо мардуми гуногунмиллат дар фазои ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва амну субот ба сар мебаранд. Қонуни асосӣ барои ҳамаи қавму миллатҳои кишварамон ҳуқуқ, имтиёз ва масъулияту ӯҳдадориҳои баробар додааст. Дар ин замина тоҷикон низ барои рушду тараққии мамлакат ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд, – гуфт дар оғози суханронӣ Хайрулло Бозоров.
Вай афзуд, ки вақти ҳокими вилояти Намангон будан он ҷо низ бо тоҷикони зиёд дидору мулоқотҳо анҷом медод. Дар яке аз ноҳияҳои тоҷикнишин чанд муддат ҳоким шуда кор кардааст. Вай бо итминон гуфта метавонад, ки ӯзбекону тоҷикон аз давраҳои қадим то имрӯз ба дӯстиву рафоқати байни якдигар содиқ мондаанд ва маросимҳои шодиву хурсандӣ ва ғаму андӯҳашон бидуни иштироки ҳамдигар намегузарад.
– Ба ибораи дигар, ӯзбекону тоҷикон ҳамчун гӯшту нохунанд ва дар масири таърих паҳлӯ ба паҳлӯ қадам зада меоянд, мушкили якдигарро осон мекунанд. Бобову падарони мо ана ҳамин гуна дӯстиву рафоқатро асос гузоштаанд ва имрӯз ҳар як сокини ин марзу бум давомдиҳандагони ҳамон анъанаҳои неки ниёкон мебошанд, – изҳор кард Хайрулло Бозоров.
Содиқ Имомӣ дар оғози суханронӣ ҳамаи иштирокчиёни ин маросимро бо иди муштараку пуршукӯҳ табрику шодбош гуфт. Сафир афзуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳайси шарикони стратегӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт ҳамкориҳои худро беш аз пеш вусъат мебахшанд ва ин ҳамкориҳо ба манфиати тарафайн хидмат мекунанд.
– Иштироки ман дар чунин як анҷумани хубу гуворо боиси сарфарозиҳост. Бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Фарғона ва маъмурияти ноҳияи Риштон ин кохи дӯстӣ барпо гардидааст. Дарвоқеъ, он нишонаи олии дӯстиву рафоқати миёни тоҷикону ӯзбекон мебошад, – иброз намуд сафири Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки сарварони ду давлати ҳамҷавор – Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барқарории дӯстиву рафоқати ду халқ ташаббусу қатъият зоҳир намуданд ва имрӯз ин ташаббуси онҳо самараҳои беҳтару бештар ба бор меоваранд.
– Ман бовар дорам, ки дар ин кохи дӯстӣ барои тақвияту таҳкими дӯстиву бародарии ду мардум талош ба харҷ дода медиҳанд, чорабиниҳои муштарак барпо мегарданд. Ин анъана дар наслҳои навраси ҳарду миллат таъсири мусбат боқӣ хоҳад гузошт, – тазаккур дод Содиқ Имомӣ.
Баъд чанде аз шахсиятҳои маъруфи шаҳри Риштон ба минбар баромада, ибрози умедворӣ карданд, ки бунёди кохи дӯстӣ дар рушди забону фарҳанг ва адаб, таъсиси маҳфилҳои гуногун ва амсоли он низ хеле мусоидат хоҳад кард.
Хайрулло Бозоров ва Содиқ Имомӣ пас аз анҷоми маросими лентабурӣ ва кушоиши расмии “Кохи дӯстии ӯзбекону тоҷикон” вориди толори барҳавои кох шуданд. Ҳарду аз аввалинҳо шуда дар дафтари хотираҳои он соядаст гузоштанд. Баъд аз утоқҳои он боздид намуданд, ки гуфта мешавад, барои ташкили маҳфилҳои гуногуни фарҳангиву ҳунарӣ ихтисос ёфтаанд.
Дар яке аз утоқҳои он дастхатҳои нодир гузошта буданд.
– Ин дастхати нодир ба Бурҳонуддини Рошидонӣ мутааллиқ мебошад. Асари безаволи ӯ – “Ал-Ҳидоя”-ро ба ҳайси намуна аз осори ин орифи олами ислом гузоштем, то ки меҳмонон бидонанд, ки муаллифи он зодаву парвардаи ҳамин шаҳри куҳани мо мебошад, – гуфт мудири ин кохи дӯстӣ Турсунхӯҷа Абдураҳмонов.
Маълум шуд, ки дар зери оина намунаи дастхатҳои ашъори шоиру мутафаккири риштонӣ Мирзоабдулло Боқӣ низ ҳамчун ашё ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар ин ҷо ашъори ӯ ба хати кирилӣ низ мавҷуд аст. Як утоқи васеъ китобхонаро ташкил кардааст. Он аз ду қисмат иборат аст: гӯшаи китобҳои тоҷикӣ ва китобҳои ӯзбекӣ.
– Имрӯз теъдоди китобҳои тоҷикии мо аз ҳисоби тӯҳфаи сафорати Тоҷикистон ба сад адади дигар зиёд шуд. Ҳоло боз чанд нафар равшанфикрони тоҷики муқими Риштон ваъда доданд, ки бо бастаи китобҳои тоҷикӣ ба кохи дӯстӣ ташриф хоҳанд овард, – мегӯяд Турсунхӯҷа Абдураҳмонов. – Ин хонаи махсуси “Забон ва адабиёти тоҷик” мебошад. Дар ин хона омӯзгорони варзида барои ҷавонон аз забон ва адабиёти тоҷик сабақи иловагӣ медиҳанд. Шогирдони онҳо шеъру ғазалҳо ва рубоиёти бузургони адабиёти форсиро азёд мекунанд ва дар чорабиниҳо қироат менамоянд.
Турсунхӯҷа Абдураҳмонов боз тавзеҳ дод, ки бинои кохи дӯстӣ ба ивази 150 миллион сӯм бозсозӣ гардид. Хонаҳои тарғиби ҳунари кулолгарӣ, дӯзандагӣ, мусиқӣ ва хаттотӣ низ дар ихтиёри муштариён қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин дар ин ҷо таҳти роҳбарии овозхони шинохтаи риштонӣ Валиҷон Қодиров дастаи хоси ҳунарӣ ташкил мегардад, ки дар оянда тадбирҳо ва маҳфилҳоро шукӯҳ хоҳад бахшид.
Бо бархе аз иштирокчиёни ин маросим ҳамсуҳбат шудем.
– Ин бино солҳои салтанати шӯравии собиқ сохта шудааст. Шодравон Додохон Додоқозиев, ки ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Риштон қарор дошт, як гурӯҳ устоҳои чирадасти исфарагиро ба шаҳри мо даъват карда, ин чойхонаро бунёд намуд. Ин нақшу нигор маҳсули дасти ҳамон устоҳои исфарагӣ мебошад. Бо сипарӣ шудани солҳои дароз баъзе қисматҳои бинои мазкур дубора бозсозӣ гардид ва ба кушки мӯҳташам табдил ёфт. Бубинед, ки ин бино маҳз ҳоло ба ҳайси кохи дӯстӣ барои ду халқи бародар хизмат хоҳад кард, – мегӯяд иштирокчии ин маросим омӯзгори собиқадор Юлдошбой Додобоев.
– Ҳар гуна бинову хона ва кушкро дӯстон зинат мебахшанд. Кушке, ки ин ҷо арзи вуҷуд намуд ва маросими ифтитоҳи он бо тантанаи хос баргузор мегардад, баёнгари он мебошад, ки шаҳри Риштон ба маркази маънавияту фарҳанги ду халқи бародар табдил хоҳад ёфт. Таърих собит намудааст, ки мо шохаҳои як дарахт ва боҳам дӯсту бародарем, – гуфт раиси ифтихории Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона Сайфиддин Иноятов.
Тавре ки вай тазаккур дод, дар айни ҳол танҳо дар мактаби деҳаи Хуррамободи ноҳияашон чанд синфи тоҷикӣ боқӣ мондааст. Синфу мактабҳои дигари тоҷикии ноҳия бо сабабҳои гуногун барҳам хӯрданд. Бино ба гуфтаи Сайфиддин Иноятов ҳоло дар шаҳри Риштон бо маблағҳои ихтисосдодаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як муассисаи таълими томактабӣ бунёд мегардад.
– Ба сабаби пахши пандемияи коронавирус муҳандису сохтмончиёни он, ки аз Тоҷикистон омада кор мекарданд, то барқарори ин вазъият корро мутаваққиф сохтанд. Имрӯз аз ин сохтмон ҳокими вилоят ва сафири Тоҷикистон Содиқ Имомӣ боздид намуданд. Шояд сохтмони он дубора аз сар гирифта шавад ва ин бино мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, – ташреҳ намуд Сайфиддин Иноятов.
Шаҳри куҳанбунёди Риштон макони олимон ва адибону ҳунармандони маъруф мебошад. Аввалин Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов зодаву парвардаи ҳамин шаҳр буд. Гузашта аз ин, Риштонро кулолони зиёдаш машҳури дунё кардаанд. Дар ин шаҳр корхонаҳои зиёди хусусӣ фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кулолгарӣ машғуланд.
Гуфта мешавад, ки маҳсули дасти кулолони номдори Риштон як гӯшаи Кохи дӯстиро ҳусну тароват хоҳад бахшид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.