ТОКПАРВАРОН ТАҶРИБА ИВАЗ МЕКУНАНД

Вақте ки аз боби ангуру мавизи Фориш сухан меравад, як ҳикоят ба хотир мерасад.

Замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ як ҷанговари форишӣ тир хӯрда, ярадор мешавад, духтурон дар госпитали шаҳри Маскав ӯро ҷарроҳӣ мекунанд. Ва ҳамин ки ҳоли бемор қадре беҳ мешавад, тавсия медиҳанд, ки барои қувват гирифтану хуни талафдодаро барқарор намудан ва баҳри зуд ба по хестан мавиз истеъмол намояд. 
Ба ӯ дар халтачаи хурд қадре мавиз медиҳанд. Мегӯянд, ки ин меваи хушк аз ватани ту омадааст. Дарҳақиқат, солҳои ҷанг аз ақибгоҳ таҳти шиори ҳама чиз ба ҷанг, ҳама чиз барои ғалаба аз Ӯзбекистон вагон-вагон маҳсулот, чизу чора, сарулибоси гарм мефиристоданд. Тасодуфро бинед: ҳамон мавизе, ки дар шифохона  барои беморон медоданд,  аз ангурҳои замини Фориш тайёр карда шуда будааст.
Имрӯзҳо ҳам мардуми деҳаҳои Кӯҳнабозор, Сайёд, Осмонсой, Анамуна, Илончӣ дар заминҳои наздиҳавлии худ ток мепарваранд, мавизро хушконида дар бозор мефурӯшанд.
Барои вусъат додани токпарварӣ дар ноҳия кластер таъсис ёфтааст. Ин корҳоро дар заминҳои тахту ҳамвор амалӣ мегардонанд. Ба наздикӣ бо сарварии ҳокими ноҳия Икром Маътиев дар назди заминҳои кластери «Аҳмадота файз» семинари аёнӣ доир гардид. Дар он ёрдамчиёни ҳоким, раисони маҳаллаҳо, фермерҳо ширкат варзиданд. Таъкид гардид, ки таҷрибаи токпарварии боғбонони ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона омӯзондаву ҷорӣ карда шавад. Ҷавонон ҳар чи бештар дар кори токпарварӣ бо шуғл фаро гирифта шаванд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: