ТОКЗОРҲОИ НАВ БАРПО ГАРДИДА, САНОАТИ ВИНОПАЗӢ ТАКМИЛ ДОДА МЕШАВАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 август бахшида ба масъалаҳои вусъат бахшидани плантатсияҳои токзор ва рушди винопазӣ, афзудани истеҳсол ва содироти маҳсулоти соҳаи винопазӣ ҷамъомад барпо намуд.

Дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мамлакатамон ислоҳоти доманфарох татбиқ мегардад. Барои инкишофи соҳаҳои иқтисодиёт пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ такмил дода шуда, сохтори он таҷдиди назар мегардад. Дар назди роҳбарон вазифаҳо доир ба ташкили фаъолият бино бар тақозои замон, ҷалби сармоя, ба вуҷуд овардани иқтидорҳои нав, афзудани ҳаҷм ва вусъат додани географияи содирот гузошта мешаванд.
Бино бар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба куллан такмил додани соҳаи винопазӣ ва фурӯши маҳсулоти машрубот» аз 20 феврали соли ҷорӣ ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзшаробсаноат» низ аз нав ташкил гардида, сохтори ташкилии нави он тасдиқ гардида, роҳбарияташ дигар карда шуда буд. Доир ба вусъат додани плантатсияҳои токпарварӣ ва рушди винопазӣ чандин вазифа муайян шуда буд.
Таҳлили вазъияти соҳа нишон медиҳад, ки дар он тақрибан пешравӣ ба назар намерасад. Ҳамин тариқ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 62 воҳиди истеҳсолии соҳа маҳсулоти вино ва алкоголиро ба қимати 951 миллиард сӯм истеҳсол намудаанд, ки ин як фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии мамлакатро ташкил менамояд. Дар ин муддат маҳсулоти саноатӣ дар мамлакатамон ба 11 фоиз афзуд, аммо рушди соҳаи мазкур ҳамагӣ 0,9 фоизро ташкил намуд.
Дараҷаи таъмин намудани кори иқтидорҳо доир ба истеҳсоли водка, вино, спирт, шампан паст гардид. Нишондоди нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳамин давраи соли 2017 ба андозаи назаррас паст аст. Пешгӯӣ доир ба истеҳсоли водка ва вино иҷро нагаштааст. Барои ҳаллу фасли масъалаи мазкур роҳбарони соҳа фаъолияти корхонаҳоеро, ки ба паст гардидани таъмини кори иқтидорҳо роҳ гузоштаанд, бояд алоҳида омӯзанд ва чорабиниҳои дахлдор қабул намоянд. Собиқ ҳолатҳое ба назар мерасид, ки корхонаҳо қисми асосии иқтидорҳои худро барои истеҳсолоти «сиёҳ» истифода менамуданд. Минбаъд ба зоҳир намудани чунин падида, ки чун «хати дуюм» маъруф аст, набояд роҳ гузошт.
Дар истеҳсолот ба таносуби намудҳои маҳсулот эътибор дода намешавад. Дар даҳ соли охир истеҳсоли вино аз ток ба 2,5-3 баробар дар муқоиса бо маҳсулоти ликёру водка коҳиш ёфтааст. Инро чунин фаҳмидан зарур аст, ки корхонаҳои тавлидкунандаи ибтидоии вино, ки молики иқтидорҳои азнавкоркарди 200 ҳазор тонна ангур ва таҳияи 14 миллион декалитр маводи вино буда, аз сабаби нарасидани ашёи хом танҳо аз 15 фоизи иқтидорҳои худ истифода мебаранд. Ҳамагӣ 25 фоизи корхонаҳое, ки маводи вино истеҳсол мекунанд, такомул ёфта, боқимонда ҳанӯз аз таҷҳизоте истифода менамояд, ки солҳои 90-уми асри гузашта насб гаштаанд. Дар натиҷаи ин 25 корхонае, ки қодир аст қариб 4 миллион декалитр маҳсулоти вино истеҳсол намояд, ҳамагӣ 57 фоиз бо кор таъмин аст.
Зуд коҳиш ёфтани майдонҳои токзори намудҳои вино ва паст гардидани ҳосилнокии онҳо аз сабабҳои асосии ин ба шумор меравад. Дар мамлакатамон 73 ҳазор гектар токзор вуҷуд дорад, ки дар 10 ҳазор гектари он токҳои намудҳои вино парвариш меёбанд, ки аз он ҷумла 4,3 ҳазор гектар токзор ба корхонаҳои ҶС «Ӯзшаробсаноат» тааллуқ дорад. Ин миқдор талаботи истеҳсолиро қонеъ намесозад. Бино бар ин моҳи феврали соли ҷорӣ дар назди корхонаҳои «Ӯзшаробсаноат» вазифаи то ба соли 2021 ба 10 ҳазор гектар расондани майдони токзори навъҳои вино гузошта шуда буд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки то ҳоли ҳозир ниҳолҳои токзорҳои навъҳои вино фақат дар 390 гектар шинонда шудааст. То тирамоҳ дар 2,5 ҳазор гектар майдон шинондани ангур ба нақша гирифта шудааст, ки 6,8 ҳазор гектари он аз ҷониби ҳокимиятҳо ҷудо гардидааст.
Сабаби камҳосилӣ ва нарасидани ашёи хом аз сабаби бефаъолиятӣ ва бетафовутии агрофирмаҳои таркиби ҶС «Ӯзшаробсаноат» ба вуқӯъ пайвастааст. Дар 1,1 ҳазор гектар замине, ки ба 21 агрофирма марбут аст, ангур парвариш гардида, боқимонда 1,3 ҳазор гектар умуман азхуд нашудааст. Ин агрофирмаҳо соли 2017-ро ба миқдори 3 миллиард сӯм зарар анҷом доданд.
Бо назардошти ин ба шахсони масъул таҳияи барномаи панҷсола доир ба рушди босуръати токзор ва таҳияи ангур, такмили иқтидорҳои мавҷуда ва ба вуҷуд овардани иқтидорҳои нав доир ба истеҳсоли маҳсулоти алкогол супориш дода шуд.
Таъкид гардид, ки зимни таҳияи барнома чорабиниҳо барои корхонаҳои винопазӣ ҷудо намудани на 10 ҳазор, балки 20 ҳазор гектар барои ташкили токзорҳои навъҳои вино ва гармхонаҳои замонавӣ пешбинӣ бояд гардад. Инчунин ба руйхати шартҳои литсензиядиҳӣ ба корхонаҳои винову водка ҷорӣ намудани талаб дар бораи ташкили токзорҳои навъҳои вино ва ташкили истеҳсоли маҳсулоти омодаи вино, бо назари танқид баррасӣ намудани фаъолияти агрофирмаҳои сохтори «Ӯзшаробсаноат», таҳияи чорабиниҳо доир ба пешниҳод намудани заминҳои азхуднагардида ва ё босамар истифоданашаванда ба соҳибкорони хусусӣ барои парвариши токзори навъҳои вино аз рӯи усули кластер бояд дохил карда шавад.
Вақт зарур мегардад, то ки токзорҳои нав ҳосил бидиҳанд. Онҳо бояд оқилона инро истифода намоянд ва истеҳсоли вино, сирко ва шароби себро аз ҳосили мухталиф роҳандозӣ кунанд. Ин имкон медиҳад, ки меваи таҳиянагардида талаф нагардад. ҶС «Ӯзшаробсаноат» бояд таҷрибаи хориҷ ва имконоти дохилиро омӯхта, дар барномаи нави таҳиягарданда чорабиниҳоро доир ба аллакай дар соли ҷорӣ ташкил намудан ва минбаъд васеъ намудани истеҳсоли вино ва дигар маҳсулотро аз мева пешбинӣ намояд.
Ишора гардид, ки ба барномаи нав инчунин чорабиниҳои мушаххас доир ба зуд афзудани содироти маҳсулоти соҳа дохил карда шавад. Маҳсулоти ликёру водкаи ватанӣ дар хориҷ хариди зиёд надорад, қисми асосии содиротро маводи вино ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содирот 9,6 миллион доллар ё худ 85 фоизи пешгӯишударо ташкил намуд.
Тавре ки маълум аст, дар Ӯзбекистон чунин навъҳои ангур, ки винои дараҷаи талаби ҷаҳонӣ мисли «Пино-нуар», «Шардонэ», «Совинон-блан» истеҳсол гардад, парвариш карда намешаванд. Ворид намудани ниҳолҳои онҳо аз ҷониби Инспексияи давлатӣ оид ба карантини растанӣ аз сабаби хатари паҳн гардидани филлоксер – ҳашароти зараркунандаи ангур манъ гаштааст. Аз ин рӯ зарур аст, ки на ниҳол, балки қаламчаи навъҳои мазкур оварда шуда, онҳо дар ниҳолхонаҳо дар шароити карантини қатъӣ зиёд карда шаванд. Бино бар ин ба Инспексияи давлатии карантини растанӣ омӯзиши таҷрибаи давлатҳои аз лиҳози винопазӣ рушднамуда супориш дода шуд ва пешниҳодотро доир ба ворид намудани навъҳои сертификатдори ангур омода намояд.
Дар ҷамъомад дараҷаи ғайриқаноатбахши кор дар ҷиҳати ҷалб намудани сармояи бевосита ба соҳа таъкид гардид. Сарфи назар аз он ки дар аксарияти корхонаҳои таркиби «Ӯзшаробсаноат» таҷҳизоти кӯҳна истифода мегардад, истеҳсоли вино ва маҳсулоти алкоголӣ яке аз ҷанбаҳои барои сармоягузорӣ ҷолиб ба шумор меравад, ки ба ҳиссаи он ҳамагӣ 0,5 фоизи сармояи ҳоло азхудшаванда рост меояд. Соли ҷорӣ 31 лоиҳа ба қимати умумии 59 миллион доллар татбиқ мегардад, ки нисбат ба соли гузашта 2 баробар зиёд аст. Аммо эҳтимоли он паст аст, ки аққалан нимаи он то охири сол анҷом дода шавад.
Ҳамзамон дар натиҷаи камфаъолиятӣ ва бетафовутӣ 21 лоиҳа ба қимати 101 миллион доллар, ки ба фаъолияти соҳа иртибот надорад, бидуни ҷалб намудани сармояи хориҷӣ татбиқ мегардад. 15-тои онҳо ҳатто то охири сол ба анҷом нахоҳанд расид.
Шахсони масъул бо назардошти ҳамаи ин дар муддати ду моҳ рӯйхати лоиҳаҳоро доир ба рушди винопазӣ ва такомули истеҳсоли маҳсулоти ликёру водка бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми умумии на камтар аз 300 миллион доллар тартиб дода, чорабиниҳоро дар заминаи татбиқи онҳо дар доираи барномаи сармоягузорӣ барои солҳои 2019-2022 муайян намоянд.
Боз як масъалаи муҳим – бартарафсозии ҳолатҳои истеҳсол ва фурӯши пинҳонии маҳсулоти алкоголӣ мебошад. Барои ин технологияи иттилоотӣ ба таври васеъ бояд татбиқ гардад. Ба Вазорати рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ва ҶС «Ӯзшаробсаноат» андешидани чорабиниҳои таҳия ва татбиқи низоми электронӣ то 1 июни соли 2019 супурда шуд, ки назорати ҳаракати маҳсулоти алкоголро бо усули занҷири «истеҳсолгар – фурӯшандаи умда – фурӯшандаи чакана – истеъмолгар» таъмин менамояд.
Зимни муҳокимаи пешниҳодоти роҳбарони соҳа дар бораи зина ба зина бартарафсозии монополия дар соҳаи фурӯши маҳсулоти алкогол ва хусусигардонӣ ногузирии омӯзиши амиқи масъалаи мазкур бо назардошти бартарафсозии зуҳури қаллобиҳои мухталиф аз он ҷумла «хатҳои дуюм» ва нақшаҳои нави пинҳон намудани даромад, баҳогузорӣ ба таъсири фурӯши пешниҳодоти мазкур ба воридот ба буҷа аз аксиз ва андоз барои нархи изофа ва боз он чиз, ки маҳсулоти истеҳсолгардида ва фурӯхташуда ҳисобу китоб карда мешавад. Хулосаи марбутро доир ба ин масъала Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии андоз бояд бидиҳад.
 Дар ҷамъомад инчунин масъалаи бартараф сохтани ворид гардидани маҳсулоти алкоголи қочоқ ва спирти этил ба ҳудуди мамлакатамон баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки Кумитаи давлатии гумрук якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бояд ба баргузор намудани чорабиниҳои зудамал оид ба бартарафсозии ин масъала эътибори алоҳида нигаронад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: