ТОЛИБИ МАЪРИФАТДӮСТ

Бачагиву наврасии ӯ ҳам амсоли ҳамсолонаш саҳлу осон нагузаштааст.

Навакак ҷанги, хонумонсӯз ба охир расида, ҳанӯз ҳам оқибатҳои дардноки он дар ҷисму тан ва дилу вуҷуди одамон осоре монда буд. Ҳар лаҳза ва дар ҳама ҷабҳа вуҷуд доштани асорати ҷанг бараъло эҳсос мегардид. Толиби наврас бо вуҷуди ин ҳама душворӣ ва мушкилоти мавҷуда дар дил танҳо як орзу мепарварид. Мехост, дар мактаб хубу аъло хонда, дар оянда омӯзгор шавад. Дар он солҳо деҳаи Ӯхм танҳо як мактаби ҳафтсола дошт ва баъди хатми синфи ҳафтум бачаҳо фарсахҳо  роҳро паймуда ба деҳаи ҳамсояи Синтоб мерафтанд. Дар ин қатор Толиб Қазоқов ҳам буд. Ӯ аз соли 1955 то соли 1959 дар мактаби даҳсолаи ба номи Пушкини деҳаи ҳамсоя хонд. Ва баъди хатми он ҳамон сол ба Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд ҳуҷҷат супорида, бахташ хандиду ба номи донишҷӯӣ мушарраф гардид. 
– Қоидае роиҷ буд, ки баъди хатми мактаби олӣ бо роҳхати махсус ба мактаби ягон ҳудуд рафта ду-се сол дарс медодед, – ба ёд оварда мегӯяд Толиб Қазоқов. – Манро низ барои кор ба мактаби 9-уми ноҳияи Панҷакент фиристоданд.
Гарчанде дар деҳа ҳамагӣ як мактаб вуҷуд дошт, ба он ҳам омӯзгор намерасид. Ҷавонон нав пайи таҳсил кардан ба мактабҳои олӣ мерафтанд, илму маърифат меомӯхтанд. Толиби маърифатдӯст ҳамроҳи рафиқонаш, ба мисли шодравон Эҳсонбой Бозоров, Ширинбой Шакаров, Нусратулло Ҳикматов, Ҳотам Бозоровҳо (равонашон шод бод!) қариб дар як давр ба мактабҳои олии шаҳрҳои бостонии Хуҷанду Самарқанд рафта хонданд ва баъди як муддати муайяни хатми он ба деҳа баргашта, ба фарзандони ҳамдеҳагони худ дарс доданд, донишҳои азхудкардаашонро ба кор бурданд.
Толиб Қазоқов дар ибтидо ҳамчун омӯзгори фанҳои забону адабиёт ва таърих фаъолият карда, сипас вазифаҳои мудири қисми таълимӣ, директории се  мактаби деҳаро, ки пасу пеш чӣ бо роҳи ҳашар ва чӣ бо кӯмаки ҳукумати вақт ифтитоҳ ёфта буданд, бар ӯҳда дошт.
– Ба беш аз ҳазор нафар хатмкунандагон шаҳодатнома навиштаам, – бо хушҳолӣ ва қаноатмандӣ мегӯяд Толиб Қазоқов. – Аксари онҳо дар ҳаёту ҷомеа пайроҳаи худро ёфтаанд.
Толиб Қазоқов дарси забону адабиётро хеле хуб мегузашт. Мо аз ҳар як дарси устод мутаассир гаштаем. Ҳамон як мавзӯи мухотабро чӣ сон бо мисолҳои зинда фаҳмониданаш то ҳол аз ёд намеравад. Яъне, дар як ҷумла калима (мухотаб) метавонад ҷой иваз кунад, аммо дар ҳар се ҳолат ҳам дар охири ҷумла аломати хитоб гузошта мешавад:
«Лайло, китобатро хон!»
«Китобатро хон, Лайло!..»
Дар маҳфилу чорабиниҳои гуногуне, ки алалхусус дар бист-сӣ соли охир дар мактаби нахустини деҳа – рақами 14-ум баргузор гардидааст, Толиб Қазоқов садри он маҳфилҳо буд.
Ибтидои солҳои 2000-ум, вақте ки ҳафтодсолагии таъсиси нахустин мактаби деҳаро таҷлил намуданд, ӯ дуру дароз сухан кард, таърихи деҳаву мактабро бадеҳатан гуфт. Ҳозирин ба мустаҳкамии қувваи ҳофизаи вай аҳсант гуфтанд. Ҳоло ҳам ба пирӣ нигоҳ накарда доир ба ин ё он мавзӯъ мукаммал ҳарф мезанад. Суханонаш балеғ, пухта ва бамантиқанд. Дар маҳфилҳо ҳар касе, ки ба  суханпардозиҳои ӯ гӯш ниҳодааст, хуб медонад, ки  бо забони софу ноби адабии тоҷикӣ ҳарф мезанад. Нутқи бурро дорад. Аз классикони  адабиёт байтҳои обдор, аз бисоти халқ зарбулмасалу мақолҳо зимни гуфтор меоварад, ки суханашро пуртаъсир мегардонанд.
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, омӯзгори тоифаи олӣ Толиб Қазоқов ба синни 82 қадам мениҳад. Пайроҳаи ӯро даҳҳо, садҳо нафар шогирдон идома додаанд. Кош нафаре аз миёни онҳо чун устод Толиб Қазоқов марди маърифатдӯсту миллатпараст ба майдон ояд.
Агар як писараш Ғайрат якчанд сол чун раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Ӯхм  фаъолият карда бошад, боз як писараш Ғолиб касби падар омӯхтааст ва айни замон дар мактаби зодгоҳаш ҷонишини директор оид ба корҳои маънавию маърифатӣ мебошад. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: