ТОЛОРИ МАЪРИФАТИ СҲШ КУШОДА ШУД

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ 26 ноябр Толори маърифати Созмони ҳамкории Шанхай кушода шуд.

Дар чорабинии ба ин муносибат баргузоргардида намояндагони Маркази дипломатияи халқии СҲШ, Кумитаи чинии СҲШ оид ба некҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, офиси Мутобиқгари лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон, журналистон, ҷомеаи васеъ иштирок карданд.
Маркази дипломатияи халқии СҲШ бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ташкил шуда, истифода бурданро аз механизмҳои дипломатияи халқӣ дар минбаъд мустаҳкам намудани равобити Ӯзбекистон бо мамлакатҳои аъзои СҲШ пешбинӣ менамояд. Мувофиқи «харитаи роҳ»-и фаъолияти марказ Толори маърифати СҲШ, ки якҷоя бо Китобхонаи миллӣ ташкил карда шудааст, барои ҷомеаи васеъ, мутахассисон ва хонандагон пешбинӣ шудааст.
Дар маросими кушоиши толор аҳамияти дипломатияи халқӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти шаҳрвандӣ ва аудиторияҳои мамлакатҳои хориҷӣ таъкид гардид.
Дар Толори маърифати СҲШ беш аз 300 китоби мавзӯъҳояшон мухталиф бо забонҳои ӯзбекӣ, чинӣ, русӣ ва дигарҳо гузошта шудааст.
Дар доираи чорабинӣ дар бораи ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва Маркази дипломатияи халқии СҲШ муоҳида ба имзо расид.

С. РАҲИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: