ТОЛСТОЙ ВА ДОСТОЕВСКИЙ

Тасаввурнопазир аст, ки агар гӯянд: Достоевский ва Толстой якдигарро намешинохтанд.

 Онҳо дар як қарн зиндагиву эҷод кардаанд. Тавассути осорашон дар назди хонандаҳои худ масоили муҳимро мегузоштанд, гирди як доираи адабӣ гаштугузор доштанд, осорашон дар як маҷалла чоп мешуд, ҳар ду бо Тургенев сабқат доштанд, қаламиҳои якдигарро мехонданд. Вале муҷиби ҳайрат ин аст, ки боре бо якдигар вонахӯрдаанд. Чӣ хубӣ дошт, агар ду нависандаи бузурги Русия дар сари зиндагӣ бо ҳам тамос мегирифтанд, доир ба навиштаҳои худ ва дигарон табодули афкор менамуданд. 
Нахостаанд ё натавонистаанд? Онҳо имкон доштанд, ки ду бор бо ҳам вохӯранд. Баҳори соли 1878 Толстой дар баромади файласуфи шинохта – Владимир Соловёв, ки дар Петербург баргузор шуда буд, ҳузур дошт. Дар ин маҳфил Страхов ва Достоевский низ иштирок мекарданд. Яъне, он рӯз Лев Николаевич ва Фёдор Михайлович дар як аудитория будаанд. Вале Страхов ду адибро дар канори ҳам нагузошт.
Дар ёддоштҳои Анна Григоревна Достоевский ин ҳолатро чунин шарҳ додааст: «Толстой худ хоҳиш кардааст, ки Страхов ӯро ба ҳеч кас муаррифӣ накунад. Зеро ӯ дар Петербург худро куллан бегона ҳис мекард. 
Вақте баҳори соли 1880 дар Маскав пайкараи Пушкин гузошта шуду Достоевский баромади пурмуҳтавое кард, граф дар Ясная Поляна буд. Дар ин овон, тавре ки мо медонем, дар рӯҳияи Толстой дигаргуние рух дода, гапу калочае паҳн шуда буд, ки гӯё ӯ девона шудааст. Достоевский дар номае, ки ба ҳамсараш ирсол дошта буд, навиштааст: «Катков низ тасдиқ менамояд, ки ақли Лев Толстой кам шудааст. Юрев маро ташвиқ кард, ки ба аёдати ӯ ба Ясная Поляна равам. Барои ин ду шабонарӯз лозим аст. Ҳарчанд ман хеле кунҷков ҳастам, нияти рафтан надорам».
Фёдор Михайловичи ошуфта бар асари овозаҳо, ки гӯё ақли Лев Николаевич кам шудааст, тасмим гирифт, ки графро дар ҳолати ногувор нагузорад. Яъне шонси дуюми вохурӣ низ аз даст рафт. Баъди як сол Достоевский бандагиро ба ҷо овард. 
Толстой, вақте хабари марги ӯро шунид, ба Николай Страхов нома ирсол дошт, ки аз ҷумла дар он омадааст:
«Ман ин одамро хеч надидаам, вақте хабари маргашро шунидам, дарк кардам, ки ӯ барои ман инсони наздик ва даркорӣ будааст. Дар гӯшаи хаёлам наомадааст, ки худро бо ӯ муқоиса кунам. Корҳое, ки ӯ кард, корҳое буданд, ки ҳар чӣ бештар анҷом диҳад, ба он андоза каманд. Ман ӯро дӯсти худ мепиндоштам, фикр мекардам, ки мо рӯзе вомехӯрем, вале дидор муяссар нагардид. Вақте ғизои нимирӯзӣ мехӯрдам, яке чашмам ба рӯзнома афтод, ки дар он хабари маргаш чоп шудааст. Ҳис кардам, ки аз муттакое маҳрум гардидам. Ман худро гум кардам, дертар фаҳмидам, ки ӯро дӯст медоштаам. Бисёр гиря кардам, ҳанӯз ашк аз чашмонам ҷорист».

Тарҷумаи А. КОМРОН 
аз китоби «Қайдҳои Маскав».

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: