ТОРИКӢ

Боди сарсарӣ аз панҷараи сард ба таҳхона даромаду як давр зад.

Боди сарсарӣ аз панҷараи сард ба таҳхона даромаду як давр зад. Аз бӯйи бади армонҳо дилаш беҳузур шуд магар, зуд баромада рафт. Зиндонии орзуҳояш мағорбаста дар таҳхонаи заҳ нигоҳи бемаънии худро ба чакраҳои аз шифт чакидаистода дӯхт – чакраҳои мисли одами беҳис заб-зарди садояшон сард:
– Чак-чик, чак-чик...
Зиндонӣ каме якпаҳлу гардид.
Садои дағалонаи посбон шунида шуд:
– 233-юм, бигир, нонуштаат!
Садои тарақ-туруқи табақи мисин гувоҳӣ медод, ки дар таҳхона ҳоло ҳаёт давом дорад.
Аммо чаккиҳои зард гӯё ба барги ҳаёти хазоншудаистода механдиданд:
– Чак-чик, чак-чик...
Бӯйи таҳхона омехтаи хуну заҳ буд.
Чашмони ба дарун фурӯрафтаи зиндонӣ дар деворе, ки мисли мори заҳрдор пӯст партофта буд, ба кашидани сурати баҳайбати ноумедӣ оғоз намуд. Сурат ба каждум табдил ёфт ва бо думи каҷи худ ба чашмони фурӯрафта неш зад.
Дард шиддат гирифт. Косаи чашмон аз оби ашки талх пур шуд.
Хобида аз ҷояш якбора хесту қуттии тамокуро, ки дар гӯшае мехобид, ба даст гирифт ва ба даруни он нигоҳ  кард: холӣ, нонхӯраке давида баромад. Маҳбус бо нӯги панҷа боло шуду нонхӯракро ба даст гирифта пушти панҷара, ки фазои озод буд, сар дод. Аммо нонхӯрак зуд ба ақиб баргашт...
Акнун каждуми бо роҳи чашм даромада, ба дили маҳбус неш мезад. Ӯ дилашро бо панҷаҳояш дошта пичиррос зад:
– Эҳ, кошкӣ як дона сигор мебуд...
Ин сухани аз лабаш мисли заҳри  каждум таровидаро чаккиҳо фурӯ бурданд.
Дар паси панҷара офтоб қаҳ-қаҳа мезад.
Садои ҷорӯби фаррош, ки аз зиндагӣ дарак медод, ба таҳхона нафаси тоза бахшид:
– Хиш-хиш, хиш-хиш, хиш-хиш...
Маҳбуси шитобзада ба панҷара часпид:
– Хола, ҳой, хола!
Садои ҷорӯб лаҳзае қатъ гардид, садои пире —  зане, ки ба рӯяш ғам соя афкандааст, ба панҷара наздик шуд. Зан чун дарахти шикаста хам гашт:
– Чӣ мегӯйӣ?
– Илтимос, аз ягон кас як дона сигор гирифта диҳед.
– Чӣ, ту фикр мекунӣ, ки ман дигар кор надорам?
– Илтимос, як дона, – зорию тавалло кард зиндонӣ.
– Барои чӣ нишастаӣ?
– Занамро куштам.
– Вой, нобакор, магар одам занашро ҳам мекушад?
– Вақте хиёнат мекард, ӯро доштам.
– Фарзанд дорӣ?
– Ҳаромияш дар шикамаш мурд.
– Чӣ, ҳоло зани пойгаронро куштӣ? Туро овезанд ҳам кам аст.
– Як дона сигор...
– Бас кун, қотили сангдил, дигар гап назан!
– Барои чӣ? Ман ӯро бениҳоят дӯст медоштам.
– Ба куштани дӯстдоштаат чӣ хел дастат рафт?
– Ба ӯ бовар мекардам. Аммо ӯ бо дӯсти наздикам ишқварзӣ мекардааст.
– Занатро не, бояд дӯстатро мекуштӣ.
– Аз ин ҷо бароям, дӯстамро низ мекушам.
– Забонам сӯзад, аз даҳон баромада рафт. Дигар ҳеч касро накуш. Ба Худо андоз, ба Худо.
– Ку ҳамон Худо?
– Бачем, тавба кардам гӯй. Худо бинанда ва донанда аст.
– Холаҷон, илтимос, як дона сигор.
– Ҳозир-ҳозир...
Садои пой оҳиста-оҳиста дур шуд.
Дар рӯйи панҷара анкабуте ба ҳар сӯ давида тӯр мебофт.
Зиндонӣ нӯги по истода озодии  берунро мисли ташнае, ки ба косаи оби сард нигоҳ мекунад, тамошо мекард.
Фурсате нагузашта дастони пӯсту устухоншуда се дона сигорро ба ӯ дароз кард:
– Ба туфайли ту гап фаҳмидам, аз ман дигар ҳеч чиз напурс, фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам, раҳмат, хола, дигар ҳеч чиз намепурсам. 
Ҷорӯб ба сурудани суруди озодӣ идома дод:
– Хаш-хаш, хаш-хаш, хаш-хаш...
Маҳбус бетанаффус дуди сигорро фурӯ бурда, аз даҳону бинӣ чун аз даҳони мӯрӣ мебаровард. Таҳхона аз дуди кабудчатоб пур шуд. Як ришта нур дудро бурид ва дар нигоҳи қотил дуд мисли зани урён падидор гашт. Вай дурудароз ба нур чашм дӯхт. Торикиеро дид, ки нурро ба оҳистагӣ фурӯ мебурд. Ба умеди наҷот ба панҷара наздик шуд. Анкабут дар панҷара тӯри худро ғафстар бофта буд.

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи С.БЕКНАЗАРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: