ТОШКАНД

Муаззамшаҳрию дарҳои ту боз, Чӣ меъморист меъмории эъҷоз!

Муаззамшаҳрию дарҳои ту боз,
Чӣ меъморист меъмории эъҷоз!
Гумоне ин биноҳои баландат,
Ҳамин ҳоло ҳамесозанд парвоз.
Ту зебо, зиндагонӣ дар ту зебост,
Хаёлам бо ту зебо рӯйи дунёст.
Маро оби ҳаёт обу ҳавоят,
Хушию хуш нафасҳои дили мост.
Равон зебоиҳо бар сӯят, эй Шош,
Давон барноиҳо дар кӯят, эй Шош.
Чу «сити» холи хуш бар рӯйи зебот,
Бубинам моҳи нав дар рӯят, эй Шош.
Бувад оина гӯё Чорсӯят,
Куҳаншаҳрию дар он акс рӯят.
Вале ҳар лаҳза бар ту ворид, эй Шош,
Шукӯҳи шаҳри нав аз чор сӯят.
Гумоне бо «Кӯкалдош»-у «Минор»-ат,
Мусалмонии ту бинмуд иморат.
Зи худ монданд ному нақши ҷовид,
Абулқосиму Шайхонтоҳуронат.
Сухан бо Восифӣ то давр меронд,
Ғазалҳои равонат сабзу тар монд.
Ҳилоли шеър моҳи чордаҳ шуд,
Чу Бадри Чочии ту шеър мехонд.
Ту ҳастӣ шаҳри Абдуллоҳи Қодир,
Ғафури ту на шоир, буд соҳир.
«Хиёбони адибон»-и ту хуррам,
Хиёбонҳот гӯё гулшани шеър.
Бузургони ту аҳли дидаву дил,
Бузургӣ дар дили ту кард манзил.
Ба худ нозем, эй шаҳри бузургон,
Ки Турсунзода дар ту дошт таҳсил.
Азимию шукӯҳи ту – шукӯҳам,
Биноҳои чу кӯҳи ту – шукӯҳам.
Баландиҳои ту – парвозгоҳам,
Баландиҳои рӯҳи ту шукӯҳам.
Тамоми фаслҳо рӯйи ту гулгун,
Фузун ҳусни туву моем афсун.
Набишносем гоҳо...айб дар мост?
Шавӣ ҳар рӯз модоме дигаргун.
Ш.МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: