ТОШКАНД БА ФОРУМИ ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚИИ СҲШ ОМОДАГӣ МЕБИНАД

11-12 май дар Тошканд форуми дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти шиори «Дипломатияи халқӣ – ҳамдигарфаҳмӣ ба хотири рушд» баргузор мешавад.

Чорабинӣ дар давраи раисии Ӯзбекистон дар СҲШ баргузор мегардад.
Дар Форум иштироки беш аз 120 ширкаткунанда, ки намояндагони парлумонҳои кишварҳои СҲШ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, инчунин марказҳои илмию амалӣ ҳастанд, ба назар гирифта шудааст.
Интизор меравад, ки раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева, муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқи Умумиҷаҳонии Чин, раиси Кумитаи чинии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба некҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Шэн Юэйуэ ва иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов иштироккунандагони форумро табрик мекунанд.
Дар рафти ду ҷамъомади умумӣ – «Нақши дипломатияи мардумӣ дар ҳамкориҳои байналмилалӣ» ва «Дипломатияи халқӣ – элементи муҳими иртиботи муосири байнидавлатӣ: таҷрибаи кишварҳои узви СҲШ» – иштирокчиён роҳҳои самаранок истифода бурдан аз воситаҳои дипломатияи халқиро ба мақсади таҳкими равобити серқирраи байни кишварҳо «Оилаи СҲШ» баррасӣ менамоянд.
Бинобар ҷамъбасти форум қабули коммюникеи тошкандии дипломатияи мардумии СҲШ ба нақша гирифта шудааст.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: