Халқи мо барои бо рӯҳияи болида ҷамъбаст кардани соли 2019 ва бо ниятҳои нек пешвоз гирифтани соли 2020 тайёрии хуб мебинад.
Дар мамлакати мо ҳамоҳанг бар ин тайёрӣ ба иди Соли нав дар авҷ аст.
Аз ҷумла, арчаи азими Солинавӣ дар майдони ҳамшафати Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и пойтахт гузошта шуд. Баландии он 36 метр аст.
Бо мақсади бештар кардани ҷозибаи арчаи калон ба он 45 ҳазор адад бозича, чароғҳои рангоранг овехта шуданд. Дарахтону деворҳои атрофи майдон низ бо чароғҳои ранга оро дода шуданд. Декоратсияҳои гуногун насб мегарданд. Дар ин ҷо барои гузарондани чорабиниҳои иди асосӣ 2-то саҳна, аттраксионҳо ҳозир карда мешаванд. 34-то шохобчаи савдо амал мекунанд. Дар чор тарафи арчаи калон арчаҳои хурд низ сохта шуданд.
Иди Соли нав дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт низ бо рӯҳияи болида гузаронда мешавад.
Дар маркази «Тошкент-Сити» арчаи баландиаш 24 метр бо ороишоти ғайримуқаррарӣ ва манзараи бетакрори худ ба ҳамватанони мо таассуроти амиқ мегузорад. Касонеро, ки дар арафаи ид ба ин ҷо ташриф меоваранд, ҳадяҳои ғайриинтизор мунтазир аст. Дар майдоне, ки тантанаҳои идона мегузаранд, 4 ҳудуди асосӣ омода карда шуданд. Дар ин ҷо ярмаркаҳои гуногун, ҷашнвораҳои шоколад, питса, панир, нӯшокиҳо, рассомон ва мусиқинавозон гузаронда мешавад. Барои баромади ситораҳои эстрада ва бачагон барномаҳои махсус тайёр карда шудаанд.
24-26 декабр дар маркази Тошканд гузарондани сайри Бобои барфӣ ва набераи бобои барфӣ пешбинӣ шудааст. Соли нав бо туҳфаҳо боз ҳам пурфайз мешавад. Бо ин мақсад ташкилкунандагони ид 27-29 декабрро ба сифати рӯзи ҳазл ва ҳадя қайд намуданианд.
Ҳамчунин, дар Боғи маданият ва истироҳати «Анҳор-Локомотив», корхонаи «Roison Elektronics»-и даҳаи Алгоритм, Қасри санъати «Халқлар дӯстлиги», саройи яхини «Ҳумо-арена», майдони назди бинои Маркази маънавият ва маърифати Вазорати мудофиа (собиқ саройи «Авиасозон»), майдони назди боғи ҳайвоноти Тошканд, майдони ҳудуди Боғи маданият ва истироҳати «Green park»-и ноҳияи Сергелӣ, сайргоҳи «Ашқобод», Боғи маданият ва истироҳати «Мирзо Улуғбек», Маркази маданият ва истироҳати ноҳияи Бектемир, майдони пеши бинои Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо давлатҳои хориҷии ноҳияи Яккасарой, истгоҳи мошинҳои роҳи ҳалқаи хурди бозори деҳқонии «Фарҳод» низ тантанаҳои идонаи Соли нав ташкил карда мешаванд.
Тантанаҳои идона аз 25 декабр то 8 январ ҳар рӯз аз соати 11.00 то 22.00 давом мекунанд.
Гулноза БОБОЕВА,
мухбири ӮзА.