Намоишгоҳи «ИННОПРОМ.
Осиёи Марказӣ» яке аз калонтарин намоишгоҳҳо ба шумор меравад, ки дар шаҳри Тошканд се рӯз давом кард. Он баъди ифтитоҳ дар иҷлосияҳои алоҳида низ кори худро давом дод ва барои соҳибкорону тамошобинони зиёд маводу маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошт. Ин намоишгоҳ аз намоишгоҳи давраи гузаштаи худ бо он фарқ намуд, ки дар он ширкатҳои хеле бонуфузи мамолики гуногун ширкат намуданд. Бештари ашёи намоишгоҳ аз технологияҳои замонавӣ ва маводи саноатӣ иборат буд.
Дар ҷараёни иҷлосияҳо дар меҳвари гуфтугӯҳо маҳз пешрафту тараққии замон, зарурати кашфу истеҳсоли технологияҳои нави ба тамоми талаботи ҷаҳони ҳозира ҷавобгӯ, истифода аз беҳтарин ғояҳо дар миён гузошта шуданд.
Боиси ёдоварист, ки масоҳати умумии ашёи намоишии намоишгоҳ беш аз 14 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил дод. Ҳатто ин масоҳат назар ба соли гузашта 25 фоиз афзудааст, ки аз болоравии нуфузи он шаҳодат медиҳад. Дар давоми се рӯзи намоишгоҳ зиёда аз 10 ҳазор меҳмонон маҳсулоти тақдимнамудаи ИННОПРОМ-ро диданд, ки дар он 457 ширкат аз бахшҳои саноатӣ, аз қабили мошинсозӣ, металлургия, технологияҳои иттилоотӣ, ҳалли энергетикӣ ва ғайра ширкат варзида буданд. Дар намоишгоҳ аз минтақаҳои гуногуни Русия 281 ширкат иштирок карданд.
Дар ҳошияи ин намоишгоҳи байналмилалӣ миёни ширкатҳои Ӯзбекистону Русия дастикам 51 санад ба имзо расид ва он бевосита рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ, инчунин қарордодҳо оид ба таҳвили таҷҳизоти гуногун байни ширкатҳоро таъмин хоҳад кард.
Дар яке аз иҷлосияҳои пленарии «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ» номаҳои табрикотии президентҳои Русия ва Ӯзбекистон Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев ироа гардид. Дар чорабинӣ ҳамчунин Вазири саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Қарабоев, муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода, инчунин роҳбарони ниҳодҳои рушд, иттиҳодия ва ширкатҳои бузург иштирок доштанд.
– Ҳамкории мо бояд намунавӣ бошад. Охир, имкониятҳоямон дар соҳаи кооператсияи саноатӣ хеле калонанд. Масалан, мо дар саноати хӯрокворӣ, агросаноатӣ, бофандагӣ, кимиё, дар истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ соҳиби дурнамоҳои калон мебошем. Зарур аст, ки саъю кӯшиши худро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки технологӣ, густариши кооператсия барои истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёз ва азхудкунии бозорҳои нав беш аз пеш густариш бахшем, – гуфт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев.
Ба гуфтаи муовини Сарвазир – вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров ИННОПРОМ масъалаҳои рушди саноати Осиёи Марказиро фаро мегирад. Бо тамоми давлатҳои минтақа мутаносиб вусъат додани ҳамкорӣ барои соҳибкорони Русия вазифаи хеле муҳим аст.
Антон Атрашкин, мудири барномаи ИННОПРОМ, таъкид кард, ки ширкат дар ин намоишгоҳ ба корхонаҳо натиҷаи воқеӣ ба бор меорад ва дар ин маврид шубҳае нест. Аз ин рӯ, ширкатҳо ба фармоиш додани ҷой барои маҳсулоти худ талош варзиданд ва хостори ширкати худро дар чорабиниҳои навбатӣ тасдиқ намуданд.
Ногуфта намонад, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ» барои донишҷӯёни донишгоҳҳои техникӣ ва мутахассисони ҷавони Ӯзбекистон аз тарафи роҳбарияти донишгоҳҳо ва ширкатҳои саноатии Русия маърӯза ва семинарҳо роҳандозӣ шуданд.
Яке аз ҳамин гуна мулоқоту суҳбатҳо дар «Ӯзэкспомарказ» баргузор шуд. Дар ин ҷода Жанна Халиуллина, муовини директори генералии КАМАЗ, Елена Романова директори генералии идеяҳои интеллектуалӣ, Фабио Массимо Каксиаторӣ директори рушди стратегии ILLOGIC Италия ва Артем Белокон роҳбари рушди байналмилалии Мактаби робототехникаи Санкт-Петербург баромад карданд ва барои ҷавонон дарси маҳорату малака гузаштанд.
Маълум шуд, ки КАМАЗ бузургтарин истеҳсолкунандаи мошинҳои вазнин дар Русия буда, 47 дарсади бозори мошинҳои вазнини Русияро дар ихтиёр дорад. Он на танҳо истеҳсолотро ба ӯҳда гирифтааст, балки экосистемаи таълимӣ низ эҷод кардааст, ки барои рушди насли ҷавон дар соҳаи техникӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Дар ин намоишгоҳ ширкату корхонаҳои зиёди кишварамон низ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд ва ҳамкорони худро пайдо карданд, ки дар оянда барои тавсеаи ҳамкориҳои бештар мусоидат хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки таъсиси намоишгоҳҳои навбатии ИННОПРОМ дар Тошканд боз бештар ба майдони ҳақиқии намоиш додани маҳсулоте мубаддал мегардад, ки дар солҳои охир истеҳсол шудаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».