ТОШКАНД БОЗ МИЗБОНИ БИЕННАЛЕИ БАЙНАЛХАЛҚӢ МЕШАВАД

Ин биеннале 24-28 октябри соли 2022 таҳти унвони “Консепсияҳои санъати оянда” баргузор хоҳад шуд.

— Чорабинии мазкур таҳти ҳимояи молии давлат роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони санъати тасвирӣ, мисли рассомон, ҳайкалтарошон, графика ё як намуди санъати тасвирӣ, ки дар он хосиятҳои сатҳи тасвирӣ ҳамчун воситаи асосии визуалӣ истифода мешаванд, инчунин онҳое ширкат хоҳанд кард, ки бо намудҳои гуногуни наворбардорӣ ва санъати консептуалӣ машғуланд. – гуфт дар суҳбат бо мутасаддии баргузоркунии ин биеннале Суҳроб Қурбонов.
Биеннале дар кишвари мо бо дастгирии ҳукумат аз соли 2001 инҷониб дар ҳар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Маънои “биеннале” низ дар ду сол як маротиба баргузоршавии намоишгоҳи мусаввирон, фестивали эҷодкорони соҳаи санъати тасвириро ифода мекунад. Он майдони кушоди мубодила дар соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, шиносоӣ бо нерӯи эҷодии муосири мамлакатҳои гуногун, муҳокимаву баррасии масъалаҳои муҳими санъати муосир мебошад. 
Ба гуфтаи ӯ, Биенналеи байналхалқии санъати муосир дар соли 2022, ки “Рассом ва ҷомеа. Консепсияҳои санъати оянда» унвон гирифтааст, аз тариқи намудҳои гуногуни санъати тасвирӣ ҷаҳони муосирро бо тамоми манзараҳои хубу бадаш, мавҷудияти мушкилот, амалӣ намудани ғояҳои гуногун, тарҳрезии консепсияҳо, стратегияҳо ва технологияҳои мухталифро пешкаш мекунад. 
Маълум мешавад, ки санъати тасвирӣ ҳамчун як ҷузъи фарҳанги бадеии рангоранги муосир воқеияти табиату ҷомеа, таърихи муосир, тамаддуну фарҳанг, олами ошкору ниҳонро дар худ инъикос менамояд. Гуфта мешавад, сарфи назар аз душвориҳои имрӯзаву оянда инсон ҳамеша дар роҳи ғамхории ҷомеа қарор дорад. 
– Созмондиҳандагони биеннале ҳангоми интихоби ин мавзӯъ ба ифшои паҳлӯҳои аслии равобити афроди эҷодкор ва ҷомеа таваҷҷӯҳро равона кардаанд, ки оё ҳунарманд бо ҷомеа иртибот дорад ё баръакс, бо ғарқ шудан ба рӯҳияи худ бо ҷаҳони беруна тавъам аст ва ё худро аз он ҷудо мебинад. Ҳар як соҳибҳунари муосир медонад, ки чӣ имрӯз бештар аз ҳама мардумро ба ташвиш меоранд, аз санъати муосир чиро ба мерос гирифтан мумкин аст, – гуфт дар идомаи сӯҳбат Сӯҳроб Қурбонов.
 Санъатшинос ва мушовири баргузор кардани биенналеи Тошканд Камола Оқилова изҳор дошт, ки маҳсулоти аҳли ҳунари санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ ҳамеша харидорони худро пайдо мекунад. 
–  Мо дар доираи ин биеннале роҳандозии озмунро низ дар соҳаҳои гуногуни санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ барномарезӣ кардаем. Дар айни ҳол маблағи умумии ихтисосдодашуда 588 миллион сӯмро ташкил менамояд. Ғолибон соҳиби Гран-при ва се мукофот хоҳанд шуд. Дарвоқеъ, ғолибони ин озмун метавонанд намояндагони кишварҳои гуногун бошанд ва дар ин самт ягон монеа вуҷуд нахоҳад дошт, –  зикр намуд Камола Оқилова.
Ба таъкиди мавсуф имкон мавҷуд аст, ки ҳомиёни саховатманд низ бо таъсиси мукофотҳо ширкат кунанд.
Дар айни ҳол маблағи Гран-при  25 миллион сӯм, ҷойи якум  20 миллион сӯм, ҷойи дуюм  15 миллион сӯм ва ҷои сеюм – 10 миллион сӯм пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи дастандаркорони ташкили биенналеи Тошканд дар айни ҳол 40 мамлакат барои иштирок дар он ибрози омодагӣ кардааст. Аз ҷумҳурии ҳамҷавори Тоҷикистон ду нафар дархост равон кардаанд.
Интизор меравад, ки дар корҳои омодагирӣ ва ташкили ин чорабинии васеъмиқёси байналхалқӣ вазорату идораҳои гуногуни мамлакатамон саҳми худро мегузоранд. Дар чаҳорчӯби биеннале баргузор кардани конфронси илмӣ-амалӣ низ барномарезӣ шудааст. Дар он ширкати олимон аз кишварҳои иштирокчии ин биеннале таъмин хоҳад шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: