ТОШКАНД — ДАР СОЛИ 2022 ШАҲРИ БАРОИ САЙЁҲӢ АЗ ҲАМА АРЗОНТАРИНИ ҶАҲОН

Сомонаи рӯзномаи маъруфи бритониёии «The Telegraph» матлаби рӯзноманигор Эмма Фезерстоунро «Шаҳрҳои арзонтарин барои истироҳат дар соли 2022» нашр кард, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».

Сомонаи рӯзномаи маъруфи бритониёии «The Telegraph» матлаби рӯзноманигор Эмма Фезерстоунро «Шаҳрҳои арзонтарин барои истироҳат дар соли 2022» нашр кард, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё». 
Муаллиф дар мақола бо истинод ба таҳқиқоти манбаи таҳлилии бритониёии Economist Intelli-gence Unit дар бораи гаронтарин ва арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон, варианти худро дар бораи ҷойҳои истироҳатии муқобил барои гузарондани рухсатӣ бо хароҷоти ҳадди ақал дар соли 2022 пешниҳод кардааст.
Дар ҷои аввали рӯйхати муаллиф шаҳри Тошканд ҷой гирифтааст. Эмма Фезерстоун сайёҳонро ташвиқ мекунад, ки ба ин «маркази Осиёи Марказӣ, ки таърихи ду ҳазорсола дорад, дар баҳор ё тирамоҳ, вақте ки ҳаво дар Ӯзбекистон мусоидтар аст» сафар кунанд. 
Муаллифи мақола дар бораи биноҳо ва иншооти шаҳр, аз ҷумла биноҳое, ки дар шаҳри Тошканд пас аз заминларзаи харобиовари соли 1966 сохта шудаанд, тавсиф додааст.
Рӯзноманигор инчунин ба шароити барои сайёҳҳони бритониёӣ мавҷуда, аз ҷумла парвозҳои мустақим байни Лондон ва Тошканд, инчунин сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Бритониё ба муддати то 30 рӯз эътибор медиҳад, ки “саёҳонро водор мекунад, ки барои дидани ганҷҳои зиёди Ӯзбекистон сафарҳои тӯлонӣ анҷом диҳанд». 

АИ “Дунё”, 
ЛОНДОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: