ТОШКАНД – МИЗБОНИ ҶАЛАСАҲОИ ВАЗИРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲШ

Дар меҳмонхонаи “Hilton Tashkent City” вохӯрии роҳбарони маъмуриятҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд.

Он дар формати гибридӣ таҳти унвони “Марҳилаи нави ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ: сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ” ба вуқӯъ пайваст. 
Дар он роҳбарони маъмуриятҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲШ иштирок карданд. 
Ҳадафҳои асосии нишасти Тошканд таҳкими ҳамкориҳои сайёҳӣ, эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни давлатҳои аъзо, инкишоф додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, мустаҳкам намудани сулҳу амонӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи объектҳои фарҳангию таърихӣ, инчунин пешбурди иқтидори сайёҳии кишварҳои узви СҲШ арзёбӣ гардид.
– Ҳар сол шумораи бештари давлатҳо рушди соҳаи сайёҳиро як бахши муҳими иқтисоди миллӣ ва ангезаи стратегии афзоиши рақобатпазирии давлат мешуморанд. Дар як муддати кӯтоҳ теъдоди кишварҳои бидуни раводид бо Ӯзбекистон аз 9 ба 92 афзоиш ёфт. Рушди минбаъдаи робитаҳои сайёҳӣ бо кишварҳои СҲШ барои мо яке аз самтҳои афзалиятнок хоҳад буд,– изҳор намуд вазири туризм ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов.
Фазои СҲШ, ки 44 дарсади аҳолии сайёраро фаро мегирад, як бозори бузурги сайёҳиро ташкил мекунад. Аммо ҳанӯз иқтидори он пурра мавриди истифода қарор нагирифтааст. Дар соли 2019 ҳудуди 250 миллион сайёҳ аз кишварҳои СҲШ барои истироҳат ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд. Аз Ҳиндустон ин теъдод 27 миллион, аз Чин 155 миллион, аз Ӯзбекистон 1,7 миллион, аз Қазоқистон 206 ҳазор, аз Тоҷикистон 31 ҳазор, аз Русия 20 миллион нафарро ташкил мекунад. 
Дабири кулли СҲШ Чжан Минг аз тариқи онлайн дар вохӯрӣ иштирок намуд. 
– Барои ин тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин замина, мехоҳам аҳамияти робитаҳои доимӣ ва мустақими сохторҳои моро барои иҷрои тавофуқномаҳо ва вазифаҳое, ки сарони давлатҳоямон ҷиҳати пешбурди шарикии бисёрҷанба дар доираи СҲШ ба миён гузоштаанд, таъкид намоям,– гуфт Чжан Минг.
Тавре ки Азиз Абдуҳакимов тазаккур дод, дар чаҳорчӯби соҳибкории оилавӣ барои барпо намудани пазироии меҳмонон дар хонаву ҳавлиҳо, юрта ва экохона, фароғатгоҳҳои хаймавӣ давлат кредитҳо ихтисос додааст. Дар баробари ин,  барои дар канори шоҳроҳи сайёҳии 31 ноҳия ва шаҳри Ӯзбекистон бунёд намудани корвонсаройи воситаҳои нақлиётӣ, кемпинг, автосервис, нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ ва газу сӯзишвори фурӯшӣ чораву тадбирҳои мушаххас пиёда карда мешаванд.
Гузашта аз ин,  аз 1 сентябр барои 15 фоизи нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳо, роҳи оҳан ва автобусҳо, 20 фоизи нархи меҳмонхонаҳо, 50 фоизи чиптаҳои осорхонаҳо ва объектҳои маданӣ низоми “кешбек” ҷорӣ карда мешавад.
Дар ҳошияи ҷаласа ҷонибҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи осорхонаҳоро, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, тасдиқ намуданд. 
Тавофуқ ҳосил гардид, ки ҷаласаи 20-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ дар соли 2023 дар Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
 “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: