24-25 сентябр Боғи ботаникии Тошканд аз ҳарвақта серодам буд.
Дар ин муддат боғ ба майдони мусобиқаҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Дар ин ҷо нахустин бор барои “Ҷоми Осиёи Марказӣ” мусобиқа роҳандозӣ гардид. Дар ин мусобиқа заковатмандони 48 даста аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Хазинаи умумии мукофот 200 миллион сӯм эълон гардид. Мусобиқаро Хазинаи ҷамъиятии “Дастгирӣ ва рушди Мас-медиаи миллӣ” ва Созмони ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Заковат» (Ӯзбекистон) баргузор намуданд. Ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро дастаҳои заковатманди он муаррифӣ мекарданд. Масалан, бозигарони “Монополия”-и Қирғизистон қаҳрамони ин кишвар дар бозиҳои зеҳнии соли 2019 буда, ҳамон сол Ҷоми Қирғизистонро ба даст овардаанд. Қазоқистонро чемпионҳои феълӣ, инчунин чемпионҳои мавсими дуюми Лигаи Осиёи Марказӣ — дастаи «Эрудит» муаррифӣ менамуд.
Тоҷикистонро чемпиони дукарата – тими Авесто намояндагӣ кард. Дар байни командаҳои Ӯзбекистон низ ситораҳо бисёр буданд. Яке аз онҳо дастаи «Мистерия» мебошад, ки имсол дар «Заковат» ғолиб омада, дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи бозиҳои «Чӣ? Дар куҷо? Кай?» даъвогарӣ кардааст.
Рӯзи аввали мусобиқа тезутунд гузашт. Ҳар кадом даста талош менамуд, ки дараҷаи маҳорат, донишу заковат ва ҳозирҷавобии худро ба ҳакамону тамошобинон намоиш диҳад. Байни дастаҳои мунтахаб «Эрудит-Квинтет», бозиҳои чорякфинал ва ниманиҳоии «Брейн-ринг», инчунин ду даври бозии «Заковат» баргузор гардид. Дар рӯзи дуюм мусобиқаҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии «Эрудит-Квинтет», даври севум, чаҳорум ва панҷуми “Заковат” ва даври ниҳоии “Брейн-ринг” доир гардид, ки ғолибони давраи ниҳоиро маълум кард.
Дастаҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон баъди паси сар намудани як-ду давраи аввал дар пайи он муваффақ нашуданд, ки дар мусобиқаҳои давраи нимниҳоӣ ва ниҳоӣ ширкат кунанд. Ба ин тартиб, ҷои сеюм ва дуюм бо маблағи 40 ва 60 миллион сӯмиро тимҳои «Мистерия» ва “Мо” (Ӯзбекистан) ба даст оварданд. Дастаи «Меҳнатдӯстони оддӣ» (Қазоқистон) бо маблағи 100 миллион сӯм сазовори ҷоизаи аввал шуд.
Баъд барои ҷоизаи асосӣ – Ҷоми Осиёи Марказӣ дастаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо ҳам мусобиқа намуданд. То нимаи дуюми набард Ӯзбекистон пешдастиро соҳиб шуда буд, вале тими мунтахаби Қазоқистон оҳиста ташаббусро ба даст гирифт. Дар натиҷа дастаи “Меҳнатдӯстони оддӣ” қаҳрамони мутлақи мусобиқа шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.