ТОШКАНД – ШАҲРИ МЕҲР

Халқи кабири мо, мардуми шарифи Ӯзбекистон рӯзҳое, ки бани башар санҷишҳои ҷиддиро аз сар мегузаронд, ҳамчунин, дар боби инсонигарӣ худро нишон дод, дар роҳи дастгирии эҳтиёҷмандон ба бардоштани ҳар гуна бори вазнин қодир будани худро исбот намуд.

Дар пойтахти мамлакатамон муҷассамаҳои гуногун қад кашидаанд. Яке аз онҳо ба назарамон чун Муҷассамаи Меҳр метобад. Дар пойи Муҷассамаи Меҳр, беихтиёр, рӯзҳои пурдаҳшати Ҷанги дуюми ҷаҳон ба хотирамон мерасанд, ки гарчи насли мо онҳоро аз сар нагузаронд, чӣ будани ҷанги хонумонсӯзро тасаввур менамояд, дар рӯзҳои муайян ба пойи ёдгорӣ гулдастаҳо гузошта мешаванд.
Шоаҳмад Шомаҳмудов ва фарзандони ӯ. Инсонигарии вай ва ҳамсараш Баҳрӣ Акрамова, ки дар як давраи душвор сари чӣ қадар ятимони мансуб ба миллатҳои гуногунро сила карданд.
Муҷассамаи Меҳр!
Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр атрофи ҳайкал серодам. Дар дидаи зиёратгарон як шуъла, дар дилҳо эҳсоси пурҳарорат...
Дар воқеъ, чаро маҳз рӯзҳои муайян солҳои машъумро, воқеаҳои марбут ба айёми мушкилро ба ёд меорем? Вақтҳои дигар-чӣ? Ҳаракатҳои мардонавор, роҳҳои ҳаётии ба кулли инсоният ибратбахши падару бобоёнамон – фақат рӯзҳои муайян не, ҳар доим бояд пеши назарамон бошанд.
Ба ин рӯзҳои доруламон осон даст наёфтем.
Худ аз худ ба ҳаёти осуда ва фаровон нарасидем. Лозим меояд фарзанди чӣ гуна халқ будани худро ҳамеша дар ёд дорем. Барои он ки вориси сазовор бошем, ҳар замон ба ҳаёти ибратбахши онҳо бо чашми ақл назар афканем. Ҳамеша назди Муҷассамаи Меҳри онҳо таъзим намоем.
... Дар сангарҳои хунфишон ҷангҳое, ки мислашон таърих надида, давом мекунанд. Дар қатори бисёр муаммоҳои ҳаёту мамот масъалаҳои аз марг ва балои муҳтоҷӣ халос намудани бачаҳои бепарастор ҳалли худро нигарон аст. Аз ноҳияҳои  ғарбӣ, ки оташи ҷанг ҳамаро ба коми худ мекашад, занону кӯдакон, мӯйсафедон, баробари ин зиёиёни шинохта ба шарқи мамлакат эвакуатсия карда мешаванд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки дӯст дар дами мушкил шинохта мешавад. Аҳолии синну соли гуногун марбут ба рус, украин, белорус барин миллатҳо, ки ҷафои ҷанг кашида, ба Ӯзбекистон кӯчонида шуданд, инсонпарварӣ ва кушодадилии мардуми моро қалбан ҳис намуданд.
Аскарҳоямон ба фронт сафарбар мешаванд. Ҳамид Олимҷон, ки ташкилоти адибони ҷумҳуриро роҳбарӣ мекард, «Сафарбаршавии йигитҳо ба набардгоҳ», «Ба дӯсте, ки аз Шарқ ба Ғарб меравад» барин шеърҳо навишт. Бинобар он ки байни эвакуатсияшавандагон арбобони адабиёт ва санъат низ буданд, вақти зиёди худро дар вокзали роҳи оҳан мегузаронд. Кӯчонидашудагонро истиқбол  мекард. Тошканди илму адабпарвар ба маркази калони адабиёти бисёрмиллат табдил ёфта буд. 
Онҳое, ки дар диёри мо паноҳ ёфтаанд, дар тимсоли Тошканд Меҳр ва Шафқат, Дӯстӣ ва Муҳаббатро ба маънои ҳақиқӣ кашф намуданд.
Эшелонҳое, ки сарулибос, қанду шакар, меваҷот бор карда шудаанд, ба Русия раҳсипор бошанд, поездҳое, ки аз он сӯ ба ҷумҳурии мо меоянд, аз ятиму бепарастороне пур буданд, ки падару модар, сарпаноҳ ва афсонаҳои беғубори кӯдакӣ гум кардаанд. Аҳолии ниммиллионнафараи Тошканд байни ним сол ба як миллион нафар расид.
Ғафур Ғулом «Ту ятим наӣ!» гӯён хитоб намуда, дар асл чӣ будани меҳру шафқат, ҳарорат, ҷасорат ва олиҷанобиро равшан ва муассир ифода намуд.
Дар байни ноболиғоне, ки оила гум кардаанд, Диля (Долорес) ном духтарчае низ буд. Вай ҳам дар ҳамин сарзамин садои пур аз меҳру муҳаббат «Ту дар хонаи худат!»-ро шунид. Мисле хонадони худ, падару модари меҳрубони худро дарёфт.
Воқеаҳои даҳшатноки давраи бачагиашро ба ёд оварда: 
– Бо чӣ гуна азоб то вокзали Тошканд расида омадем, – мегӯяд Долоресмомо. – Аз поезд фуромадем. Ятимхонаҳо пур будаанд. Моро ба гӯшаҳои гуногуни Ӯзбекистон фиристонданд. Ман як муддат дар яке аз хонаи бачаҳои вилояти Бухоро парвариш ёфтам. Баъд қисмат маро ба Намангон пайваст. Ба Қумриая ном зани ҷаннатӣ дучор омадам. Атроф торик мешуд. Дар равшании фонус рӯи занеро дидам, ки бо нигоҳи модарӣ менигарист. Модараки дар бомбаборон ҳалокшудаам пеши назарам зинда шуд. Гӯё модари ман ҳаёт... Панҷаҳои хаёле ларзони зан сарамро сила карданду вуҷудамро ҳиссиёти ҳузурбахш фаро гирифт. «Модарҷон!» гӯён худро ба оғӯши ӯ андохтам. 
Ба дарёи меҳри бонувони мо офарин. Аҳсан ба зани ин сарзамин! Шавҳараш дар фронт фидокориҳо нишон медиҳад. Дур аз фронт бошад, «нон, нон!» гӯён чӣ қадарҳо ҷон таслим мекунанд. Барои он ки фарзандони худро аз балои гуруснагӣ бираҳонад, вай шабу рӯз меҳнат мекунад. Меҳнат... Як бурда нони бо машаққати зиёд ёфтаашро бошад, бо киҳое баҳам диданӣ – ятимпарварӣ дар хуни ӯст. Бағал кушода, вай боз киҳоро фарзанд хонданӣ?
Мисле охири эшелонҳо наменамояд. Ба саволи «Боз ба чанд нафар сарпаноҳ ёфта дода метавонед?» ҷавонмарди диёри мо «Чӣ қадаре, ки оянд, мо онҳоро дар оғӯши худ ҷо карда метавонем» гӯён ҷавоб медиҳад.
Ҳанӯз дар миёнаҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон оилаи Шомаҳмудовҳо аз Тошканд намунаи олии ятимпарвариро намоиш кард. Челонгари оддӣ Шоаҳмад Шомаҳмудов ва завҷааш Баҳрӣ Акрамова сари чордаҳ ятимро сила карда, бепарасторонро дар хонаи дил ҷо доданд, бо меҳри ҷон онҳоро парвариш карданд.
Бахшида ба ҳаёти ин хонадон Раҳмат Файзӣ «Ҳазрати инсон» ном роман навишт.
Ана, Маҳкамака (Шоаҳмадака) ба хонаи бачаҳо раҳсипор аст. Аз вай мепурсанд: «Писарбача гирифтаниед ё духтарбача? Хурдсол бошад ё калонакак?»
Чӣ, вай бачаҳоро сара ё интихоб мекунад? 
Вай ба бозори мол наомадааст. Ба ҷустуҷӯи фарзанди инсон омадааст!
Не, барояш мақбулро ҷудо мекунад – бачаи нимҷон ва ҳолаш харобро фарзанд карда мегирад. 
Ба яке аз идомадиҳандагони сулола Тоҳир Шомаҳмудов рӯй меорем. Вай фарзанди (бачаи) нахустписари хонадон, яъне набераи Шоаҳмадака, ки ҳоло синнаш ба ҷое расидааст. Тоҳирака табассумомез даҳон мекушояд:
– Абераҳо бо бобою бибии калонии худ ифтихор менамоянд. Ҳарчанд аз фарзандхондҳои  бобою бибиам аксарият вафот карданд, бо фарзанду наберагони онҳо равуо дорем. Ба канда шудани меҳру оқибат роҳ намегузорем.
Холидаапа (Олга Шоаҳмадова) бо ҳисси дардомез солҳои ҷанг, бачагии дар ин хонадон гузаштаашро ба хотир меорад. Оғӯши падар, меҳри модарро  пазмоншавон «падарам, модарам» мегӯяду ба чашмаш ашк метозад. Гӯё чун падараш падар, чун модараш модар набуд дар ин дунё.
Яке аз келинҳои хонадон Ҷамила Шомаҳмудова мегӯяд:
– Вақте соли 1978 арӯс шуда фуромадам, падарамон Шоаҳмадака аз олам гузашта буданд. Дар симои модаршӯям модари ҳақиқии худро дидам. Аз келин шудан ба Баҳриапаи дарёдил, ки «бачаро бегонааш намешавад» гуфта, солҳои душвори ҷанг ба дилмаҷрӯҳҳо меҳрубонии фавқулодда зоҳир намудаанд, худро бахтиёр ҳис мекунам.
Дар даврае, ки дунё тагурӯ мегашт, Шоаҳмадакаю Баҳриапа норасидаҳои ба мадад зорро чун инсонҳои хуб ба воя расониданд. Дил мехоҳад онҳоро бузургтарин Падар ва бузургтарин Модар бихонем.
– Ман дар кишвари дигар ба дунё омадам, вале Ӯзбекистон бароям Ватани ягона, – мегӯяд Долоресхонуми дар ин сарзамин гумкардаҳояш дарёфта, ки қалбаш саршор аз ҳисси миннатдорист. – Фидокорие, ки халқи кушодадили ин диёр солҳои вазнини ҷанг нишон дод, дар давраи осоиштаи имрӯза низ ба ҳама намунаи ибрат. 
... Назди Муҷассамаи Меҳр боз «бузургтарин падару модар»-ро ба хотир меорем. 
Шоаҳмадака мегуфт: «Кош ба пойи ин тойчаҳо худам тақа бошам. гурс-гурс қадамзаниашон ҳамеша паси гӯшам садо диҳад». 
Бачаи каси дигарро ҳам инсон ҳамин қадар дӯст медорад?
Баробари навозишу дӯстдорӣ Баҳриапа бачаҳои шӯхашро танбеҳ медод, тавре бачаи худро ҷанг мекард, онҳоро ҷанг мекард.
Бачаҳо бошанд, дар сарзанишҳои модар низ меҳрро ҳис мекарданд. Меҳрро!
Онҳо, охир, медонистанд заноне низ ҳастанд, ки ҳатто ба фарзандони худ меҳр дода наметавонанд!
Э-ҳа, киҳоро мафтун нанамуд меҳру садоқати Ҳазрати зан дар ин сарзамин. Вай бо силоҳи меҳр солҳои даҳшатноки Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷасорат нишон дод.
Гурс-гурс қадамзанӣ шунида мешавад гӯё. Он гурс-гурс садои дил аст назди Маҷассамаи Меҳр, ки аз самимият, бузургворӣ ва олиҳимматии Ҳазрати Инсон ба ваҷд омада.

Муҳаммадҷон ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: