ТОШКАНД ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ БАРОИ БУДУБОШИ ХОРИҶИЁН АРЗОНБАҲОИ ҶАҲОН БА ШУМОР МЕРАВАД

Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти гурӯҳи байналхалқии консалтингии Mercer Тошканд мавқеи худро ба сифати яке аз шаҳрҳои барои будубоши хориҷиён арзонбаҳо нигоҳ дошт.

Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти гурӯҳи байналхалқии консалтингии Mercer Тошканд мавқеи худро ба сифати яке аз шаҳрҳои барои будубоши хориҷиён арзонбаҳо нигоҳ дошт.
Муаллифони баҳодиҳӣ арзиши беш аз 200 мол ва хидматро дар 209 шаҳри панҷ қитъа муқоиса кардаанд. Таҳқиқгарон нархи иҷораи манзил, роҳкиро, таом, шароб, тамоку, сару либос ва пойафзор, ҷиҳози хона, истироҳату дилхуширо ба инобат гирифтаанд. Умуман дар 10-гонаи беҳтарин шаш шаҳре, ки дар Осиё ҷойгир мебошанд: ғайр аз Гонконг, Ашқобод ва Токио – инҳо Сингапур (панҷум), Шанхай (ҳафтум) ва Пекин (даҳум) ворид шудаанд. 
Шаҳрҳои аз ҳама гаронбаҳои Аврупо дар Шветсария қарор доранд: Сюрих мақоми чаҳорум, Берн ва Женева мувофиқан ҷойҳои ҳаштум ва нуҳумро ишғол кардаанд. Ба даҳгонаи шаҳрҳои гаронбаҳо Ню-Йорк (шашум) низ дохил гардид.
Тошканд дар ин рейтинг бо Бишкек мақоми 206-умро баҳам мебинад. Ҳаёт танҳо дар Виндхук (Намибия) ва Тунис арзонбаҳо аст. 

АИ «Дунё».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: